Пурсишеву посухе: "Глобуси тиллоӣ" чӣ ҷоизаест?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Қонунҳои зиддимухаддиротӣ низ такмил меёбанд
Маводи мухаддир, истеъмол ва тиҷорату интиқоли он як мавзӯъи баҳсбарангез дар ҷомеа мебошад. Ва медонем, ки қонунҳои ҷиноии зиддимухаддиротӣ низ пайваста такмил мешаванд. Охирин тағйирот ба қонунҳои ҷиноии вобаста ба маводи нашъаовар кай қабул гардиданд ва оё инро метавон комилан такмилшуда номид?
Муслиҳиддин Ёров, шаҳри Хуҷанд
Ба саволи хонанда ҳуқуқшинос, ҷонишини сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмаднаим Маризоев посух дод.
Бояд гуфт, ки охирин тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон дар иртибот ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар соли 2004 иттифоқ афтодааст. Дар моддаи 200 кодекс омадааст, ки агар шахс воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр, коркард намояд, соҳиб шавад, нигоҳ дорад, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан интиқол диҳад ё фиристонад, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар ба миқдори кам диҳад, яъне дар ҳаҷми аз 0,5 грамм то 10 грамм героин, бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Агар ҳамин ҷиноят ба миқдори начандон калон, яъне дар ҳаҷми аз 10 грамм то 100 грамм героин содир шуда бошад, он гоҳ кирдор бо қисми дуюми ҳамин модда банду баст карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он татбиқ карда мешавад.
Агар кирдорҳои номбаршуда такроран, дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷониби гӯруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, дар ҳолати ретсидивӣ хавфнок ва ба миқдори калон, яъне дар ҳаҷми аз 100 грамм то 1000 грамм героин содир шуда бошад, он гоҳ кирдор бо қисми сеюми ҳамин модда банду баст карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он татбиқ карда мешавад.
Агар кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, дар ҷойҳое, ки ҷазоҳои маҳрум аз озодиро сипарӣ мекунанд, бо истифодаи мақоми хизматӣ, аз тарафи гӯруҳи муташаккил ба миқдори махсусан калон, яъне дар ҳаҷми зиёда аз 1000 грамм героин содир шуда бошад, он гоҳ кирдор бо қисми чоруми ҳамин модда банду баст карда шуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол татбиқ карда мешавад. Албатта, он чӣ ки гуфта шуд, мухтасари ҷазоҳои пешбинишуда дар Кодекси Ҷиноятии ҶТ мебошад ва шарҳи ба тафсили он дар як сӯҳбати кутоҳ ғунҷоиш надорад. Дар сӯҳбатҳои баъдӣ метавон ин мавзӯъро идома дод.
Филмҳои беовоз ва овоздор
Мегӯянд филмҳо аввал беовоз буданду баъд овоздор шуданд. Инро чӣ гуна фаҳмем?
Сабина, хонандаи синфи 7
Бале, кино дар оғоз бидуни овоз буд. Танҳо аксҳову тасвирҳо дар ҳоли ҳаракат буданд. Тадриҷан мусиқӣ ба он ҳамроҳ карда шуд, яъне тасвирҳо дар пасманзараи мусиқии ба мавзӯъ наздик гузошта мешуданд. Суханони персонажҳо хаттӣ дар экран пайдо мешуд, ки ба истилоҳи илмӣ онро "титр" меноманд.
Филмҳои овоздор солҳои 30-уми асри ХХ пайдо шуданд ва ба ин кашфиёти нав мусоидат намуд. Дар паҳлуи тасвирҳо хатчаи оптикӣҷо гирифт, ки садо мебаровард.
Аввалин филми овоздор дар таърихи кинои ҷаҳон "Сарояндаи ҷаз" ном дошт, ки аз ҷониби Алан Кроосланд соли 1927 наворбардорӣ шуда буд. Филмро метавон инқилоби санъати кино дар аввали асри бист номид ва он дар ширкати амрикоии "Уорнер" рӯи кор омад.
Қиёси филмҳои аввали овоздор бо филмҳои имрӯз амалан номумкин аст. Техникаи ҳозирзамон ба ҳадде инкишоф ёфтааст, ки садҳо метр қаъри уқёнусҳоро низ ба навор мегирад.
Асрори Сайёраи куҳан
Оё ман метавонам дар бораи куҳансолтарин Сайёраи олам маълумот гирам? Он чӣ гуна кашф шудааст?
Салима Ризозода, Ҳисор
Куҳансол тарин Сайёраи Роҳи Каҳкашон бо ёрии телескопии кайҳонии "Хаббла" кашф шудааст. Тибқи кашфиётҳои илмӣ он 13 миллиард сол баъди Таркиши бузург, ки оғози Коинот номида мешавад, ба вуҷуд омадааст. Масофаи он то Замин баробар ба 5600 соли нур мебошад. Андозаи ин ҷисми бузурги осмонӣ хеле таъсиргузор аст: вай 2,5 баробар бузургтар аз Муштарӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки Муштарӣ ба андоза бузургтарин Сайёраи системаи офтобӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми Муштарӣ ду баробар бештар аз ҳамаи сайёраҳои ҳамсояи он аст, ки дар гирди Офтоб чарх мезананд. Дар Муштарӣ метавонад 1000 сайёраи андозаи Замин ҷо гирад.
"Глобуси тиллоӣ" чӣҷоизаест?
Дустам Шермуҳаммад, ки як фарди огоҳ аз асрори синамост, дар бораи "Глобуси тиллоӣ" гап зад, вале баъди рафтанаш (ҳоло ӯ дар Маскав аст) ба худ омадам ва напурсидам, ки ин чӣ маъно дорад. Ҳоло, ки дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" саҳифаи "Пурсишеву посухе"-ро хондам, хостам ин суолро ба шумо ироа кунам.
Маҳмадсаид, донишҷӯ
"Глобуси тиллоӣ", ки бо инглисӣ Golden Globe Award меноманд, як ҷоизаи амрикоист, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳолливудии матбуоти хориҷӣ аз соли 1944 барои кинофилмҳо ва барномаҳои телевизионӣ эъто мегардад. Он ҳар сол моҳи январ тибқи овоздиҳии тақрибан 90 журналисти байналмилалӣ, ки дар Ҳоливуд зиндагонӣ мекунанд, супурда мешавад. Ва онро дуюмин ҷоизаи маъруф баъди ҷоизаҳои киноматографӣ меноманд.
"Глобуси тиллоӣ" аввали соли 1944, вақте аксари ситораҳои кино дар студияи Fox ҷамъ омаданд ва он вақт журналистони хориҷӣ, ки ба теъдоди ниҳоят зиёд ҳузур доштанд, ҳунарманди беҳтарини соли 1943-ро муайян карданд. Муддати тӯлонӣ "Глобуси тиллоӣ" чун муҳаррики "Оскар" амал мекард. Агар ба гузаштаи бунёди "Оскар" таваҷҷӯҳ шавад ва таърихи онро биёмӯзанд, дида мешавад, ки аз се ду филми сазовори ин ҷоизашуда аз ин пеш шоистаи "Глобуси тиллоӣ" шудаанд.
Соли 1950 категорияи "Беҳтарин филми ғайриинглисӣ" пайдо шуд ва филми итолявии "Рабояндагони дучархаҳо" аввалин барандаи ин ҷоиза гардид. Аз соли 1956 ба инҷониб "Глобуси тиллоӣ" барои беҳтарин барномаҳои телевизионӣ низ супурда мешавад.
Аввалин маротиба гузориши телевизионии эътои ҷоизаи "Глобуси тиллоӣ" соли 1958 пахш гардид вале то соли 1963 ин гузоришот танҳо барои сокинони Лос-Анджелес пахш мешуд. Аввалин маросими расмии тақдими ҷоизаи "Глобуси тиллоӣ" соли 1954 дар студияи "20th Century Fox" доир гардид ва баъдан он ба ҷоизаи ҳамасола табдил шуд.
Соли 1963 мукофоти "Бонуи Глобуси тиллоӣ" таъсис дода шуд ва худи ҳамон сол вай насиби Ева Сикс ва Донна Дуглас гардид.
Ранги ҳамён оё дар баракати киса муҳим аст?
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" дар бораи ҳамёни нави ҷопонӣ хондам, ки соҳибашро аз харҷи беҳудаи пул огоҳ мекардааст. Дар куҷои дигар дар бораи хосияти ранги ҳамёнҳо хонда будам, лекин аллакай фаромӯш кардам, ки рангҳо дар баракати пул чӣ хосият дошта метавонанд. Бисёр мехостам дар ин бора агар донед, маълумот диҳед.
Заъфарони Шомирзо, Душанбе
Албатта, боварнакарданист, ки ҳатто ранги ҳамён ҳам дар баракат нақш мебозад. Вале баъзе таҳқиқотҳои чандон иртибот надошта ба илм вуҷуд доранд, ки то ҷое ба ин ишора мекунанд.
Масалан мегӯянд ранги ҳамён метавонад вазъи молиявии инсонро беҳбуд бахшад ва ҳатто пулро ҷалб кунад. Агар ба таълимоти фэн-шуй бовар кунем, пас метавон гуфт, ки ранги аз ҳама муқбил барои ҷамъоварии пул ин ранги фулуз (метал) ва Замин аст. Ба дигар маънӣ рангҳои наздик ба сиёҳ, зарҳалӣ ё тилоӣ, қаҳваӣ ва нуқрафом.
Ҳатто мегӯянд ранги қаҳваӣ, ки ранги сарват ва замин аст, барои баракати киса дорои аҳамияти калон мебошад. Дар ин гуна ҳамёнҳо пулҳо дергоҳ боқӣ мемонанд. Ҳатто агар инсон масрафи зиёд дошта бошад, барои рӯзи мабодо дар гӯшае аз он миқдоре пул пайдо мекунад, ки истифода барад. Дар навбати худ рангҳои обии ҳамёнҳо, аз ҷумла рангҳои анъанавии кабуд, осмонӣ сабзро чандон шоиста намедонанд.
Ба ғайр аз ранг маводе, ки аз он ҳамён тайёр карда шудааст, нақш мебозад. Масалан гуфта мешавад, ки агар он аз маводҳои табиӣ, чун махмал, ҷир, пӯст омода шуда бошад, ба беҳбуди ҳолати моддии инсон кӯмак мекунад. Ҳамёнҳои аз маводи маснӯъӣ омодакардашуда чандон муносиб нестанд ва онҳо то ҷое садди роҳи баракати пул мешаванд. Ин аст ки мутахассисон мегӯянд, аз истифодаи онҳо даст бояд кашид.
Ранги сурх пулро ба худ зуд ҷалб мекунад, вале зудтар аз ин моил ба масрафи он мебошад. Аз ин рӯ ин гуна ҳамёнро бештар дар дасти касоне дидан мумкин аст, ки ҳам пули хуб кор мекунанд ва ҳам масрафи зиёд доранд.
Вале ин ҳама дар пояи пажуҳишҳои мӯътамади илмӣ нестанд. Танҳо гуфтаи баъзе таълимотҳоянд, ки гурӯҳе аз пажуҳишгарон ҳам ба он мувофиқанд. Тавсияи мо ин аст, ки кӯшиш кунед дар ҷамъовари пул талош дошта бошед, то вазъи зиндогониатон хуб бошад, аз сӯи дигар дар масраф эҳтиёткор бошед ва аз харидории ашёи дуюмдараҷа ва пастсифат худдорӣ намоед. Дар ин ҳолат гумон намекунем, ки ранги ҳамён нақш бозад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3046
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?