Пурсишеву посухе: Валаматзода устоди рақс ё Аминзода?
Маъмулан ба саҳнагузорандагони рақсҳо занонанд ва то ҷое хабар дорем, дар гузаштаи начандон дур фаъолияти ҳунарии Гавҳар Мирҷумъава ва Зебо Аминзода дар ин самт хеле назаррас буд. Аммо дар ин радиф аз Ғаффор Валаматзода низ ном мебаранд. Ва «Рӯзгор» дар як навиштаи худ дар мавриди аввалин кинои тоҷик аз ӯ ба унвони нахустин басаҳнагузорандаи рақси миллии тоҷикӣ ёд кардааст. Мехостам дар бораи ӯ маълумот дошта бошам. Кист ӯ ва ҳоло саргарми чӣ кор аст.
Муҳсин Табаров, Тоҷикобод
Ба ин саволи хонанда номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва муаллифи китоби шарҳиҳолӣ ва библографии «Ғаффор Валаматзода» Шариф Тошев посух дод.
Ғаффор Валаматзода дар ҳақиқат яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунар дар кишвар аст, ки мутаассифона, ҳоло дар қайди ҳаёт нест. 12 декабри соли 1993, дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанги шаҳрвандӣ ва замони бебандубории мамлакат рахт аз олам барбастааст.
Ғаффор Валаматзода - Артисти Халқии СССР, дорандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ 9 майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқии зодгоҳаш соли 1934 дар театри мусиқии Узбекистон ба ҳайси як ҳунарманди балет фаъолият менамояд. Солҳои 1934-1939 артисти балет ва балетмейстери Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ буд ва баъди он муддати шаш сол солисти балет ва балетмейстери Театри опера ва балети Тоҷикистон буд.
Моҳи марти соли 1940 Ансамбли тарона ва рақси тоҷикӣ ташкил меёбад, ки дар ҳайати он 75 нафар мутрибону ҳофизон ва раққосон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ гирд оварда шуданд. Ҳайати ансамбл наздик ба 100 асари классикӣ, халқӣ ва вокалиро ҷамъ намуда, такмил доданд ва дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав пешниҳод намуданд, ки дар ин кор ҳиссаи Валаматзода беназир аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ғаффор Валаматзода чун устоди рақс дар таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул», «Розия», «Тоҳир ва Зӯҳро» саҳми арзанда гузоштааст. Дар як посухномаи кутоҳ наметавон ҳама хидматҳои арзандаи ин ҳунарманди соҳибистеъдодро ба қалам дод. Вале метавон гуфт, ки тӯли умри худ Ғаффор Валаматзода дар рушди санъати опера ва балети тоҷик заҳматҳои фаровон кашидааст, дар бунёди дастаи ҳунарии рақсии «Лола» саҳми арзанда гузоштааст.
Валаматзода устоди рақс буд ва саҳнаҳои рақсии аксари филмҳои ҳунарии мусиқие, ки дар замони дар қайди ҳаёт будани ӯ рӯи навор омадаанд ва бештари намоишномаҳои театрҳои мамлакат аз ҷониби ӯ ба саҳна гузошта шудаанд. Аз ҷумла дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой, «Кӯли қувон», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи куҳӣ» саҳми калон дошт.
Ғаффор Валаматзода солҳои 1956-1964 директори театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, солҳои 1963-1968 директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1968-1979 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри Ансамбли рақсии «Лола» буд ва соли 1979 бори дигар ба Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ҳайси директори он баргашт ва муддати се сол дар ҳамин вазифа монд. Валаматзода дар рушду нумӯи санъати хореграфии тоҷик саҳми босазо дорад.
Барои хизматҳои шоёнаш соли 1941 сазовори унвони фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон», соли 1945 «Артисти халқии Тоҷикистон», соли 1976 «Артисти халқии СССР» сарфароз шудааст. Вай ҳамчунин дорандаи ҷоизаҳои давлатии СССР, Тоҷикистон, 2 ордени Ленин, 3 ордени “Байрақи сурхи меҳнат» ва чандин медалҳо мебошад.
Аввалин филми ҷаҳонро ёд доред?
Дар шумораи гузаштаи «Рӯзгор» дар посух ба саволи хонанда, шумо дар бораи аввалин филмҳои тоҷикӣ навишта будед. Ман мехостам донам, ки аввалин филм кай ва дар куҷо наворбардорӣ шудаву дар куҷо номоиш дода шудааст.
Моҳсафар, донишҷӯ
Таърихи кино марбут ба асри XIX аст. Ҳатто аксҳо чун воситаи ба ҳаракат даровардани тасвирҳо аввали ин қарн пайдо шудаанд. Аввалин касоне, ки филм офариданд, фаронсавиҳо бародарон Луи ва Огюст Люмерҳо буданд. Дастгоҳи эҷодкардаи онҳо барои ба ҳаракат даровардани тасвирҳо хеле муносиб буд ва дар нишон додани филмҳои аввалин низ маҳз дастгоҳҳои онҳо муваффақият касб кард.
Намоиши аввалин филмҳо низ дар Порис сурат гирифтанд. Ин кор бори нахуст моҳи марти соли 1895 иттифоқ уфтод. Вале рӯзи тавлиди филм 28 декабри соли 1895 ба ҳисоб меравад. Ин рӯзе буд, ки дар таҳхонаи “Гран Кафе” аввалин киносеанси тиҷоратӣ баргузор шуд. Дар он бародарон Люмерҳо ҳудудан даҳ филми кӯтоҳметражи худро, ки ҳар кадом на бештар аз 1 дақиқа тӯл мекашиданд, намоиш доданд. Филми нахуст “Баромадани коргарон аз фабрика” ном дошт. Вале машҳуртарин ва пуровозатарини ин филмҳо, ки ба бинандагон таъсироти амиқ гузошт, “Расидаи қатор” ном дошт. Қатор гӯё рост аз экран ба самти намоишгоҳ, ба рӯи одамон ҳаракат мекард, ки ин басо реалистӣ, пуртаъсир ва ҳаяҷонбарангез буд.
Баъдтар директори яке аз театрҳои Порис Жорж Мелес ба филмбардорӣҷалб шуд. Вай дар кино имкони бештари зери таъсир гирифтани бинандагонро дарёфт. Мелес дар таърихи киноматографияи дунё аввалин касе маҳсуб мешавад, ки бо сенария филмбардорӣ кардааст ва яке аз нахустин филмҳои ӯ “Сафар ба Моҳ” ном дошт, ки соли 1902 намоиш дода шуд.
Дар даҳаи аввали қарни ХХ давомнокии филмҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш оварданд. Соли 1908 дар Фаронса аллакай фаҳмиши «филм д’ар» - «филми бадеӣ” ба миён омад. То соли 1910 70% филмҳои ҷаҳонӣ дар Фаронса ба навор гирифтаву намоиш дода мешуданд. Вале баъдтар дар ИМА, Британияи Кабир, Олмон низ филмбардорӣ шурӯъ шудаву рӯ ба рушд меовард.
Дар даҳаи аввали асри 20 филмҳо аввал то 15 дақиқа буданд. Соли 1915 амрикоӣ Гриффит филми “Тавлиди миллат”-ро ба навор гирифт, ки 3 соат идома дошт. Филм нажодпарастона буд ва дар баробари он, ки мавҷи ноамниҳоро ба миён овард, боз яке аз сердаромадтарин ва сербинандатарин филмҳои давр буд, ки тибқи иттилои он замон наздик ба 100 миллион тан онро тамошо карданд.
Албатта, таърихи филмсозии ҷаҳон хеле мароқангез аст ва чун хонанда дар бораи филми нахустини олам суол карда буд, бо ҳамин иктифо мекунем.
Чаро Карло Литсанӣ худкушӣ кард?
Ҳафтае қабл да бораи худкушии коргардони машҳури итолявӣ Литсанӣ хабар паҳн шуда буд. Метавонед дар бораи ӯ ва сабаби худкушиаш маълумот диҳед?
Меҳрубон Азимҷонов, Истаравшан
Дуруст гуфтед, ки Карло Литсанӣ, яке аз коргардонҳои чирадасти Италия ва муаллифи филмномаҳои зиёду хотирмон худро аз тирезаи хонаи шахсиаш дар шаҳри Рим ба берун ҳаво дод ва ба ҳалокат расид. Карло Литсанӣ моҳи апрели соли 1922 дар шаҳри Рим ба дунё омадааст. Фаъолияташро дар соҳаи кино аз танқид оғоз кардааст ва баъдан барои коргардонҳое машҳуре чун Роберто Росселинӣ, Джузеппа де Сантис ва Алберто Латтуада филмномаҳо навиштааст. Аммо баъдан дар Милан ба коргардонӣ шуруъ кардааст. Аввалин филми ҳуҷҷатии ӯ “Дар Ҷануб ким чизе тағйир ёфтааст”, соли 1950 рӯи кор омадааст.
Аммо як сол баъд вай аллакай дар озмунҳо ширкат кардааст ва филми аввалини бадеии вай, ки барояш то ҷое шуҳрат ҳам овардааст, “Эҳтиёт! Ғоратгарон!” ном дорад. Вале баъдан филми вай бо номи “Повест дар бораи ошиқони фақир” машҳур шудааст. Вале шӯҳрати беҳад барояш аз филмҳои дар жанри криминал бардоштаааш: «Мурофиа дар Верона”, “Ғоратгарон дар Милан», “Ҷои девона”, “Муссолинӣ, кори охирин” омадааст.
Дар солҳои бозсозӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи “Горбачёви мӯҳтарам” филме ба навор гирифт, ки боиси сару садоҳои зиёд дар олами синамо гардид.
Охирин филми ӯ бо номи “Ҳутали Меина” соли 2007 рӯи кор омад ва баъдан коргардони шинохта бештар рӯи асарҳои ҳуҷҷатӣ кор мекард ва ин гуна филмҳо барои телевизион мебардошт. Соли 2013 якҷо бо Ҷаннӣ Ботсаккӣ фими «Неореализм. Мо на танҳо “Дучархарабоён” будем”-ро ба навор гирифт.
Солҳои 1979 то 1982 директори кинофестивали байналмилалии Венетсия будааст. Вай бо олитарин мукофотҳои давлатии Италия қадр шудааст.
Аммо Литсанӣ аввалин коргардони машҳури ин кишвар нест, ки умри худро дар синну соли пирӣ бо худкушӣ ба поён мебаранд. Соли 2010 дар остонаи 96-умин соли умр дигар аз коргардонҳои машҳури Италия, Марио Моничеллӣ низ даст ба худкушӣ зада буд.
Санавбари дарозумрро медонед дар куҷост?
Оё донистан мумкин аст, ки куҳанумртарин дарахти олам дар куҷост? Дарахти қоматбаланди олам кадом аст ва дар куҷо кашф шудааст?
Нафиса, Шаҳринав
Бале, ахиран дар ин бора хабари ҳангомабарангезе пахш гардид, ки метавон гуфт ҳамагонро дар ҳайрат андохт. Олимони Донишгоҳи Умеа ба ин натиҷа расиданд, ки куҳанумртарин дарахти олам дар куҳи Фулуи Шветсия мебошад. Дарахти санавбар, ки ахиран кашф гардид, бино ба тайиди олимон қариб 10 ҳазор сол умр дорад. Ин бо ёрии дастгоҳи ташхиси радиокарбонӣ кашф шудааст. Гуфта мешавад, ки дар кӯҳи Фулу чор дарахти хеле қадимии олам қад кашидаанд, ки куҳнатарини онҳо шояд аз 9500 сол бештар дорад. Ва ҷолиб он аст, ки ин дарахтонро ногаҳониву тасодуфан кашф кардаанд ва то ҳамин солҳои наздик инсоният ин гуна иттило дар мавриди дарахтони қадимии олам надошт
Аммо бино ба пажуҳиши дигар баландтарин дарахти олам дар штати Калифорнияи ИМА қомат афрохтааст. Гуфта мешавад, ки дар кӯҳҳои Серра-Невада, дарахтони секвой баланд шудаанд, ки метавон онҳоро чун баландтарин дарахти олам номид. Онҳоро ҳатто сарқабилаи табиат ҳам меноманд.
Ин дарахтони азимҷусса хеле дарозумранд ва бино ба таҳқиқоти олимон аз 2200 то 4000 сол умр мебинанд. Дарахти аввалро бо номи Мендосино ёд мекунанд, ки 117 метр баландӣ дорад. Баъди ӯ дарахте меояд, ки бо номи генерал Шерман номгузорӣ шудааст ва 83 метр баландӣ дорад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23октябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
226
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1846
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3479
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?