Пурсишеву посухе: Сарез ҷавонтарин ва хавфноктарин кӯли ҷаҳон аст…
Ёқуб Сабзанов як чеҳраи тобноки санъати кишвар буд
Агар гӯям, ки таронаи "Зебанда туро либоси атлас" аз дӯстдоштатарин таронаҳои замони ҷавонии ман буд ва ҳоло ҳам, ки синнам аз 70 болост онро тараннум мекунам, иштибоҳ нест. Аммо он сарояндагон ва муаллифаш яҳудиён буданд, ҳоло дар Душанбе нестанд ва гумон ҳам намекунам, ки онҳо дар қайди ҳаёт бошанд. Ва дирӯз шунидам, ки бастакораш Ёқуб Сабзанов аз олам гузаштааст. Ростӣ шунидани ин хабар як бори дигар хотироти ҷавонии маро тоза кард. Бисёр мехостам дар бораи шахсияти Сабзанов донам.
Моҳниссо Шарифова, сокини шаҳри Душанбе
Ташаккур ба модари азиз Моҳниссо, ки ба нишони эҳтиром бо нома ба "Рӯзгор" муроҷиат кардаанд. Ростӣ, хабари даргузашти Яхиэл Сабзанов, ки дар гузашта мо ӯро чун Ёқуб Сабзанов мешинохтем ва дар кишвар ӯ маҳз бо ҳамин ном маъруфияти хос дошт, моро ҳам ғамгин сохт. Яхиел ҳарчанд яҳудии Бухоро буд, вале муддати 65 сол дар Тоҷикистон зист ва худро як узви ҳамин милат медонист ва дар рушду нумӯи мусиқии тоҷик хеле хизматҳои шоиста кардааст.
Албатта, дар ин гӯшаи "Пурсишеву посухе" наметавон дар бори ин марди ҳунар зиёд ҳарф зад, таҳлилу баррасии ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯро ба вақти дигар вомегузорем. Аммо ин ҷо мекӯшем хеле мухтасар дар бораи ӯ маълумот диҳем.
Сабзанов як оҳангсози маъруф буд, ки 84 сол пеш дар Душанбе дида ба олам кушод. Гузаштагонаш аз яҳудиёни Бухоро буданд ва мансубияташ ба миллати яҳуд сабаб шуд, ки соли 1992, қатори дигар ҳаммиллатонаш аз Душанбе ба Ню-Йорк рахти сафар баст ва боқии умрашро дар Амрико сипарӣ намуд. Ва рӯзи 11 сентябр дар қабристоне дар ин шаҳри амрикоӣ ба хок супурда шудааст.
Сабзанов муаллифти таронаҳои хеле маҳбубу марғуби "Аз қадат гардам", "Шаҳри ман", "Тӯёна", "Ишқ", "Ба дилбар" ва таронаи ёдкардаи шумо, модари арҷманд аст, ки дар гузашта сарояндагони яҳудитабори Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев, Рене Ғолибова ва Рафаэл Толмасов сароиданд ва ҳоло дар Хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистон маҳфуз мебошанд.
Ёқуб Сабзанов муддати 37 сол дар Тоҷикистон кори фарҳангӣ кардааст. Вай дар ин муддат гоҳ дар Театри давлатии Академӣ-драмавии Лоҳутӣ, гоҳи дигар дар кумитаи радио ва телевизион, дар филармонияи давлатӣ фаъолият доштааст. Ва муддате устоди донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзода низ будааст. Вале бахши оҳангсозии фаъолияти ӯ дурахшонтар аз устодиаш дар донишкада арзёбӣ мешавад. ӯро дар Тоҷикистон маҳз ҳамин таронаҳояш машҳур карданд.
Яхиэл Сабзанов на танҳо тарона навиштааст, балки дар хазинаи мусиқӣ ва санъати тоҷик операи "Бозгашт", ки дар асоси достони Аминҷон Шукӯҳӣ соли 1967 эҷод шудааст, "Имтиҳон" аз рӯи песаи ҳамноми Файзуллоҳ Ансорӣ, ораторияи "Нурҳои Норак", ки онро соли 1970 дар айни ҷӯшу хурӯши бунёди ин нерӯгоҳи азим навиштааст, ҳамчунин достонҳои симфонии "Турнаҳо", Мақом" ва "Ёди Рӯдакӣ" маҳфузанд, ки низ мансуб ба ӯянд.
Таронаҳои ӯ ба ҳадде маҳбубият доранд, ки имрӯз ҳам агар аз радио садо диҳанд, мақбули ҳамагон мегарданд. Яъне, эҷоди ӯ мансуби давру замон набуда, наслҳо мешунаванду лаззати маънавӣ мебаранд. Аз ҷумла, ремикси таронаи "Зебанда туро либоси атлас"-ро соли 2007 сарояндаи маъруфи тоҷик Сироҷиддини Фозил суруд, ки зуд ба дили даҳҳо ҳазор мухлисони созу наво роҳ ёфт.
Хулоса, Яхиэл Сабзанов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аз миёни яҳудиёни Бухоро буд, ки дар Тоҷикистон кору эҷод кард ва баъди ҳиҷрат ба Амрико низ қатори дигар ҳунармандон аз мубаллиғони фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвари қудратманди олам маҳсуб мешуд.
Сарез ҷавонтарин ва хавфноктарин кӯли ҷаҳон аст
Оё дуруст аст, ки кӯли Сарез аз заминҷунбӣ пайдо шудааст?
Аслонхуҷа, Восеъ
Бале, Сарез таърихи навин дорад ва метавон гуфт, ки аслан он як мӯъҷизаи худовандист ва баёнгари қудрату тавоноии Он зоти пок аст. Аз сӯи дигар Сарез ҷавонтарин кӯл дар олам аст. Он дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон воқеъ шудааст ва наздик ба 55,8 километр дарозӣ дорад. Чуқурии кӯл ҳудудан 500 метр аст, ҳаҷми оби дохили онро беш аз 16 км? ҳадс мезананд. Кӯҳҳои атрофаш он то 2416 м баланд мебошанд.
Кӯли мазкур 5 (18) феврали соли 1911 баъди як заминларзаи шадид, ки наздик ба 9 бал рақам зада мешавад, ба вуҷуд омадааст. Он замон дарёи Мурғоб дар натиҷаи фуруд омадани деҳаи Усой ва банд шудани маҷрои он сарбанди табиии худро ба вуҷуд овард, ки баландии он 567 метр буд. Чуқурии пуршуда худи ҳамон сол деҳаи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд ва чун дар ҷои он деҳа кӯл бунёд ёфт, номи Сарезро гирифт.
Ин кӯл то соли 1914 бидуни тағйир боқӣ монд ва аз он ба баъд аввалин чашмаҳо ба вуҷуд омаданд.Тадриҷан дарёчаи Шадау-Дарё низ зери Усой монд ва дар натиыа кӯли дигари хурдакак бо номи Шадау пайдо шуд.
Аз ҳамон вақт ба инҷониб кӯли Сарез бештар аз пештар на танҳо барои сокинони гурду навоҳаш, балки барои кулли ҷумҳурӣ хатарофарин мешавад. Борҳо мавҷудияти ин гуна баҳри навпайдо муҷиби овозаҳо ва таҳдидҳои амниятӣ шудааст. Дар минтақаи хавфноки кул дар қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон наздик ба 6 миллион нафар одамон зиндагонӣ мекунанд. Ба дигар маънӣ кӯчиш дар кӯл ё бар асари заминларза ва ё офати дигари табиӣҷони ин миқдор инсонҳо дар хатар аст.
Соли 2000 ҳукумати 4 кишвари зидахл-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмаки модди коҳиши хавфи ин кӯл муроҷиат намуданд. Худи ҳамон сол Бонки умумиҷаҳонӣ як лоиҳаи пешгирӣ аз хатари фазояндаро роҳандозӣ кард, ки ин гуна унвон дошт: "Кӯли Сарез: лоиҳа оид ба коҳиши хатар".
Кӯл ҳамоно ҷои обрез надорад ва оби он ба миқдори начандон бузург аз чашмаҳои атрофаш берун мешорад.
Le Roi даричае барои вуруд ба тафреҳгоҳи бидуни нӯшокиҳои спиртӣ
Шунидам, ки дар Миср меҳмонхонае бунёд шуда, ки истеъмоли шароб манъ аст. Оё барои кишваре, ки як манбаъи даромади аслии он сайёҳист, ин гуна иқдомҳо то кадом ҳад муассиранд?
Абдулло Назир, Қурғонтеппа
Бале дуруст аст. Ин хабар аз аввали соли ҷорӣ расонаӣ шудааст ва гуфта мешавад, ки аввалин меҳмонхонаи бидуни маводи алкулӣ, яъне шаробу арақ соли 2013 дар шаҳри Хургади Миср дарҳои худро ба рӯи мизоҷонаш боз кард. Ин рӯйдоди таърихӣ аввали моҳи май иттифоқ уфтод ва ин рӯзро дар таърихи сайёҳии Миср як рӯи махсус меноманд.
Ҳамчуноне мебинед, ин иқдом дар замони ҳукумати "Бародарони мусалмон" сурат гирифтааст ва ҳадафи аслии он оғози бунёди истироҳатгоҳу тафреҳгоҳҳо барои сайёҳони мусалмон буд, то макони озоди сарфи ғизо бидуни маводи спиртӣ дошта бошанд.
Бунёдгаронаш номи онро ҳутали Le Roi -и Ёсир Камол номиданд. Ва бояд гуфт, ки дар аввалин рӯзҳои ифтитоҳаш ба муқовимати либералҳо дучор омад. Онҳо бар ин назар буданд, ки "Бародарони мусалмон" тадриҷан озодиҳои демократӣ ва интихоби фаъоли муносиби зистро аз байн мебаранд ва Мисрро ба оҳистагӣ ба сӯи як ҷомеаи динӣ ҳзаракат медиҳанд.
Аз ҷониби дигар онҳо мегуфтанд, ки ин гуна иқдомот дарҳои ҳуталро ба рӯи сайёҳони ғарбӣ мебандад ва боиси коҳиши сафи онҳо дар кишвар мегардад. Аммо соҳиби Le Roi мегуфт, ки мехоҳад дар Миср навъи нави сайёҳиро ба роҳ монад.
Ҳутали Ёсир Камол махсусияти дигар ҳам дошт: як ошёна ва ҳавзи оббозӣ комилан ба ихтиёри занон вогузошта шуда буд ва мардон аслан ҳақу ҳуқуқи ворид гардидан ба онро надоштанд.
Албатта, ин то табаддулоти ҳарбиён буд. Ҳоло маълум нест, ки соҳиби ҳутал тавонист худ ва ғояи худро дар ҳукумати истибдодӣ ва низомии Миср ҳифз кунад ё на. http://tourism.kupitedom.com/?p=398
Овоза ҳам ҳақиқате нуҳуфта дорад
Мегӯянд дар Русия ҳар касе ақаллан боре маводи мухаддир истеъмол кардааст, наметавонад ҳуҷҷати ронандагӣ гирад. Дуруст аст?
Назриддин, муҳоҷири собиқ, ронанда
Тахмин меравад, ки аслан ин гуна қонун дар ҳич давлати дунё вуҷуд надорад. Аммо саволи хонанда моро водор ба ҷустуҷӯ кард, ки шояд дар Русия чунин тартибе ҷорӣ шуда бошад ва агар не, пас ангезаи ба миён омадани савол чӣ будааст. Маълум шуд, ки ин гуна як пешниҳод аз ҷониби ҳизби "Русияи ягона" шудааст, ки аз тариқи намояндагонаш дар парламони кишвар мехоҳад пазируфта ва амалӣ карда шавад.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ ҳар касе, ки дар ҳаёташ ақалан як маротиба мухаддирот истеъмол кардааст, шаҳодатномаи ронандагӣ, иҷозатнома доштани силоҳи оташфишон дошта наметавонад. Вай ҳатто наметавонад корманди пулис ё ҳавонавард ва халабон бошад. Аммо эҳтимолияти қабули қонун бо андаке тағйирот вуҷуд дорад, зеро аллакай он аз ҷониби Кумитаи амнияти Думои давлатӣ мавриди пазириш қарор гирифтааст. Ҳатто пешниҳод ҳам шудааст, ки лоиҳаи Қонуни ёдшуда дар аввалин қироат қабул карда шавад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ истеъмоли якдаъфаинаи мухаддирот ҳам боиси он хоҳад шуд, ки корманд аз кор озод карда шавад ва муоҳадаи кории вай бо корфармо бекор карда шавад.
Аммо баҳс сари чигунагии ин қонун ҳоло дар ҷараён аст. Аксари коршиносон зидди онанад, ки қонун баъди истиъмоли якдаъфаина афродро аз ҳуқуқи доштани шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум созад. Ба андешаи профессори донишгоҳи тиббии Қазон, Владимир Менделеев 30% донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна ва бисёре аз сиёсатмадорон ақаллан боре маводи мухаддир истеъмол кардаанд. Магар мешавад ин теъдодро аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кард? Аз сӯи дигар бадбахтиҳои фаровонро истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба сари сокинони Русия меорад ва профессор Менделеев мегӯяд бояд қонуни истеъмоли маводи спиртӣ шадид шавад.
Хулоса, пешниҳоди "Русияи ягона" ҳоло баҳсбарангез аст ва то қабул шудани он наметавон гуфт, ки чунин қонуне вуҷуд дорад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 ноябри соли 2013
-
22.06.2025 14:51
149
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
271
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
285
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
507
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
611
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
496
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
90
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
155
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
130
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
988
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1699
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3390
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
148
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
134
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
146
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
517
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
770
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
891
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
467
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
505
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
476
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
781
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1028
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1893
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
635
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
613
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1806
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2127
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2124
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2336
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
540
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
479
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
959
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3086
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3523
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3521
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
555
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
666
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
692
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд