13:47:58 01-уми Июни 2025 сол

Мухолифати дубораи Узбакистон бо идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун"

Муовини аввали нахуствазири Узбакистон бо эъломи мухолифати муҷаддади кишвараш бо сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳониро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба далоил ва мадорики ин кишвар дар бораи  паёмҳои зистмуҳитии ин тарҳи энержии кишвари ҳамсоя муттаҳам кард.

azimov-45214455Ба гузориши сойти Фарғона, Рустам Азимов ин матлабро дар нишасти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии гузориши аввалияи Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди натоиҷи таҳқиқи мушахасоти фаннӣ ва паёмҳои зистмуҳитии нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" дар Тоҷикистон эълом  карда аст.  

Вай муддаӣ шуда, ки ҳайати каршиносии Бонки ҷаҳонӣ бо ин мавзӯ, ғайримунсифона ва ба дӯр аз далоили илмии ироа шуда, аз сӯи давлати Узбакистон бино бар бурӯзи буҳрони камбуди об дар Осиёи Марказӣ дар пайи сохти ин нерӯгоҳ бархурд карда аст. 

Азимов аз бетаваҷҷӯҳии Бонки ҷаҳонӣ ба хатароти зистмуҳитии нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун", ҳамчунин ғайриҳирфаӣ будани далоили ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар бораи маҳали сохти ин нерӯгоҳ, эҳтимоли коҳиши оби мавриди ниёзи кишварҳои поён об ба иллати обгирии сади нерӯгоҳи барқӣ-обии " Роғун", ки 16 соли тӯли хоҳад кашид, ба шиддат интиқод карда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба дархости Узбакистон пас аз чаҳор сол таҳқиқ дар бораи мушахасоти фаннӣ ва паёмҳои зисти муҳитии нерӯгоҳи ниматамоми барқӣ-обии "Роғун" дар Тоҷикистон эълом кард, ки такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ, бо мадди назар қарор додани бархе пешниҳодот "имконпазир" аст. "

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854