13:49:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

Шӯҳрат Қудратовро дар маҳбас танбеҳ додаанд

Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия мегӯяд, вакили дифои боздоштшуда Шӯҳрат Қудратовро барои вайрон кардани тартиботи боздоштгоҳ, ба ҳуҷраи танбеҳӣ (карсер) интиқол доданд.

shuhrat-qudratov-4522366Як манбаъ аз Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 11 август ба мо гуфт, ки Шӯҳрат Қудратов барои вайрон кардани тартиботи боздоштгоҳи муваққатӣ ва ё СИЗО ҳафтаи гузашта ба ҳуҷраи танбеҳӣ ё карсер интиқол дода шуд. Ин манбаъ гуфт, вақте парвандаи нафари муттаҳам ба ҷиноят дар ҳоли баррасӣқарор дорад, дар СИЗО нигаҳдорӣ мешавад ва дар сурати риоят накардани қоидаҳо ва вайрон намудани тартиботи боздоштгоҳ, метавонанд, ӯро аз се то 15 рӯз дар ҳуҷраи танбеҳӣ нигаҳ доранд.

Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия рӯзи 11-уми август ба мо гуфт, Шӯҳрат Қудратов дар боздоштгоҳи мувақатӣ бо ду корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба ҷиноят муттаҳам мешаванд, ҷанҷол карда ва барои 5 рӯз дар ҳуҷраи танбеҳӣ нигаҳ дошта шудааст.

Парвина Ализода мегӯяд, сабаби сар задани хархашаи онҳо рӯшан нест, вале онҳо танҳо баҳси лафзӣ намуда якдигарро ҳақорату дашномҳои қабеҳ дода вазъи СИЗО-ро ноором кардаанд. Хонум Ализода афзуд, пас аз 5 рӯз рӯзи 9-уми август  Шӯҳрат Қудратов ҳамроҳи як корманди собиқи  интизомӣ аз ҳуҷраи танбеҳӣ раҳо карда шуданд ва ҳоло Қудратов дар ҳуҷраи маъмулӣ аст.

Вай афзуд, бархе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки Шӯҳрат Қудратов аз СИЗО ба ШИЗО, яъне ҳуҷраи торик ва яккасии шароиташ сахт интиқол дода шудааст, ки ин дуруст нест, зеро танҳо онҳое ба ШИЗО фиристода мешаванд, ки ҳукм гирифтаанд.

Айни замон Раҳматулло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов гуфт, 7 пешниҳоди онҳо ба гурӯҳи тафтишотии парвандаи Шӯҳрат Қудратов бинобар "баҳонаҷӯиҳои" муфаттишони Оҷонсии зидди фасод, ба таъхир афтодааст. Раҳматулло Зоиров афзуд, онҳо хостаанд, ки таблограммаҳои гуфтугӯҳои телефонӣ ва наворҳои видеоӣ ва ҳамчунин чанд протоколҳои марбут ба фаъолиятҳои Шӯҳрат Қудратов, ба онҳо дода шавад.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вакили дифои шинохта дар гузашта дар парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣҳимоят кардааст. Ӯҳамчунин узви раёсати Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон аст ва пайваста амалкардҳои ҳукуматро танқид мекард. Аз ин рӯ тарафдоронаш мегӯянд, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз ҳамин роҳ мехоҳанд, ба истилоҳ ба даҳони ӯ мӯҳри хомӯшӣ бизананд.

Шӯҳрат Қудратов бар асоси моддаҳои 36, 32 ва 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон, муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi