Мавзуна Чориева бо пирӯзӣ бар муштзани ӯзбак соҳиби медоли тилло шуд
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик дар сабқати бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, соҳиби медали тило гардидааст.
Чӣ тавре Мирзо Шамсиев, устоди Мавзуна Чориева гуфт, ин медали тиллои шогирдаш баъд аз пирӯзӣ ба Муҳайё Исамбоева ва Ёдгорой Мирзоева, варзишгарони узбакистонӣ, ба даст омадааст. Номбурда иброз дошт, дар ин мусобиқа, ки аз 2 то 6 августи соли ҷорӣ дар маркази Суғд идома кард, 87 варзишгар аз кишварҳои дунё иштирок доштаанд.
Номи Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзияш дар олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдори Душанбе манзили сехонаӣ, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориева бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.