Кушта шудани кӯдакe дар тасодуфи роҳ
Пулиси нозири роҳ аз кушта шудани ду сокини Тоҷикистон дар ду тасодуф дар роҳҳо дар рӯзҳои таътил дар ин кишвар хабар додааст. Дар торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омадааст, ки дар ин ҳодисаҳо як кӯдаки 1-сола ҷони худро аз даст дода ва кӯдаки дигари яксола шадидан захмӣ шудааст.
Муҳаммадазиз Мурaминов, сокини як солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар тангкӯчае дар минтақаи мавсум ба Ёваи ин ноҳия дар зери чархи мошине, ки Наимҷон Болтубоев ронандаи он будааст, кушта мешавад. Пулис сабаби ин тасодуфро “таъмин накардани бехатарии ҳаракат дар роҳ” аз сӯйи ронанда арзёбӣ кардааст.
Дар ҳодисаи дигари тасодуф дар ҳумаи шаҳри Душанбе рух дода ва дар натиҷаи он як зан кушта шуда ва кӯдаки як солаи ӯ шадидан ҷароҳат бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин воқеъа дар маҳаллаи Обшорон дар рустои мавсум ба Теппаи Самарқадӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе рух додааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон ҳудуди 630 сонеҳа ва тасодуфҳо рух дода ва бар асари онҳо ҳудуди 200 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд. Пулис мегӯяд, ки шумори зиёде аз ин афродро кӯдакон ва навҷавонон ташкил медиҳанд.
Би-Би-Си