13:41:37 01-уми Июни 2025 сол

Ақибмондагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи фанновариҳои ҷадид

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи истифода аз фанновариҳои ҷадид, на танҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, балки аз бархе аз ҷумҳуриҳои қаламрави Шуравии собиқ низ ақибмондаанд.  

fannovariho-745877445Ба гузориши сойти EurasiaNet, гузориши ахири бунёди "Шохиси истифода аз фанновариҳои ҷадид" нишон медиҳад, ки Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин радабандӣ дар радифи 128, 137 ва 112 ҷаҳонӣқарор гирифтаанд ва номи Туркманистон дар ин феҳрист наомада аст.  

Ин радабандӣ, 143 кишвари ҷаҳонро шомил мешавад ва дастовардҳои илмӣ ва фанноварии ҳар кишвар, бар асоси 81 шохис, назири рушди улум, омодасозии кадрҳои мутахассис, сармоягузорӣ барои тарҳҳои фанновариҳои ҷадид ва эҷоди зерсохтҳои асосӣ таъин мешавад

Дар ин миён, Қазоқистон дар радаи 79 ҷаҳонӣқарор гирифта ва Русия ва Молдова низ ба гурӯҳи 50 кишвар шомил шудаанд. Се кишвари каронаи Дарёи Балтика аз ҷумлаи ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ дар ин раданбандӣ, дар мақоми 24, 34 ва 39 ҷаҳонӣқарор гирифтаанд.  

Мақоми нахусти истифода аз фанновариҳои ҷадид дар ҷаҳонро кишвари Шетсария ба худ ихтисос дода аст.  

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854