19:54:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ду ҳодисаи қатл дар Тоҷикистон

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро барои қатли сокини дигари ин ноҳия боздошт кардаанд.

Тибқи хабари торнамои ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 4 август пахш шуда, Отабек Қаҳҳорови 31-сола дар ҳолати мастӣ бо истифода аз шиша Муродулло Қаршибоеви 41-соларо шадидан лату кӯб карда ва ин мард аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст.

Таҳқиқоти муқаддамотии пулис мушаххас кардааст, ки рӯзи 2 августи соли ҷорӣ Муродулло Қаршибоев барои меҳмонӣ ба манзили оқои Қаҳҳоров меояд.

Онҳо якҷо машрубот нӯшида ва миёнашон даъво сар мезанад, ки дар натиҷа оқои Қаҳҳоров бо шиша Муродуллоро лату кӯб мекунад. Кормандони пулис барои мушаххас кардани ангезаи даъвои ҷонибҳо таҳқиқоти парвандаи ҷиноии ин қазияро идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар хабари дигари пулис омадааст, ки рӯзи дуввуми август дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар асари даъво миёни се нафар як сокини ин шаҳр кушта шудааст.

Бар асоси хабари пулис, Рахул Рустамбеков, сокини ин шаҳр бо истифода аз ҷоқу ба қисмати гардани Фирдавс Амиршоев ва ба қисмати қафаси синаи Гуласар Амиршоев зарба задаст.

Дар натиҷаи ин ҷароҳат Фирдавс Амиршоев ҷони худро аз даст дода ва дуввумин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 104 қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноиро боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд. Қонун барои содир кардани ин ҷурм аз 12 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi