23:03:30 01-уми Июни 2025 сол

Баргузории мизи мудаввари минтақавӣ таҳти унвони «Нигоҳи пурмеҳр сӯйи зан» дар шаҳри Конибодом

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ҷинояткорӣ байни занону духтарон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил санаи 25-уми июли соли равон дар шаҳри Конибодом мизи мудаввари минтақавӣ оид ба мавзӯи «Нигоҳи пурмеҳр сӯи зан» доир намуд.

muloqot-zanon-125487

Дар мизи мудаввари мазкур зиёда аз 60 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибхоназанҳо ва занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Дар он масъалаҳои зудбоварии занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷиҳати тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо баррасӣ гардид.

Дар рафти мизи мудаввар занону духтарон нигоҳи худро нисбати қонунҳои қабулшуда иброз намуда, аз тарафи кормандони шӯъбаи кор бо занон ва оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равоншиноси шӯъба барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаашон маслиҳат гирифтанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854