Дидори мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо раиси ҷумҳурии Эрон
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Пас аз тавофуқи ниҳоии Теҳрон ва гурӯҳи 5+1 дар музокироти ҳастаӣ, Эрон дар ҳади мавриди ниёзи худ ба ғанисозии уран идома хоҳад дод ва тарафи муқобил низ бояд таҳримҳоро бардорад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ имрӯз дар дидори Юкия Амано – мудри кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон таъкид кард: Теҳрон дар музокироти худ бо гурӯҳи 5+1 ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣҷиддӣ аст ва чизе беш аз ҳақи худ, аз ҷумла ғанисозии уранро барои аҳдофи сулҳомез, намехоҳад.
Раиси ҷумҳурии Эрон бо таъкид бар инки ожонс бояд нақши муассире дар ҳали мавзӯи ҳастаии Эрон бар ӯҳда гирад, ибрози умедворӣ кард: Давлати Эрон бар асоси тасмими миллат ва низ назари маҷлиси шурои исломии Эрон дар масири истифода аз энержии сулҳомези ҳастаӣ дар ҳавзаи барқ, пизишкӣ, кишоварзӣ ва саноатӣҳаракат хоҳад кард.
Руҳонӣҳамчунин аз Амано хост аз раванди пешрафти қадам ба қадами музокирот ва ҳамкории ожонс бо Эрон гузоришҳои навбатӣ мунташир кунад.
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин таъкид кард: Тавон мушакии Эрон ба ҳеч унвон ва дар ҳеч радае қобили музокира нест.
Мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти мавзӯи ҳастаии Эрон дар ин ниҳоди байналмилалӣ гуфт: Раванди пешрафти музокироти Эрон бо ожонс, ба вижа дар як соли гузашта комилани мусбат ва рӯ ба пеш будааст.
Юкия Амано афзуд: Ожонс аз омодагии Эрон барои шаффофияти бештаре дар мавзӯи ҳастаӣқадрдонӣ мекунад ва талош дорад то аз ин фурсат барои дастёбӣ ба як улгуи ҳамкории арзишманд, истифода кунад.