Роҳи Нозияи Кароматуллоҳ ба Афғонистон боз шуд
30.11.2014 00:44
1042
Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба дархости ҳукумати Афғонистон дар мавриди фароҳам сохтани сафари овозхони шинохта Нозияи Кароматуллоҳ ба Кобул ризоият додааст.
Мақсуд Иброҳимов пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст
30.11.2014 00:41
1243
Бино ба сабте, ки «Гуруҳи 24» дар шабакаҳои интернетӣ пахш кардааст, Мақсуд Иброҳимов, яке аз сарварони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст.
Додгоҳи Миср Ҳуснӣ Муборакро бегуноҳ эълон кард
30.11.2014 00:40
975
Додгоҳи Миср рӯзи шанбе Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини он кишварро аз иттиҳомҳои мушорикат дар куштори эътирозгарон дар соли 2011 ва фасод бегуноҳ эълон кард.
Маросими ифтитоҳи хонаи ятимон дар ҷамоати “Ширин-Чашма»
27.11.2014 00:55
1351
Муовини Роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ва Раиси ноҳияи ТоҷикободАлизода Хоҷамир дар маросими ифтитоҳи хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» -и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ширкат варзиданд.
Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин
27.11.2014 00:52
1005
Нашри аввалиНамоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин (инвалидҳо)рӯзи сешанбе,25 ноябр, дар Маркази фарҳангии Бохтардар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.
Ашӯр Сафар ба ҷои Надежда Крупская
27.11.2014 00:50
1080
Дар мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба муносибати ба номи шодравон Ашӯр Сафар, Шоири Халқии Тоҷикистон, гузошта шудани яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Меҳробод маҳфили ёдбуди ин адиби ширинкалом баргузор гардид.
Қамари Аҳрор барои “Калтак ва кулчақанд” ҷоиза гирифт
27.11.2014 00:48
918
Ҳукумати вилояти Суғд ба рӯзноманигор Қамари Аҳрор, ки чанде қабл аз сӯи додгоҳҷарима шуда буд, ҷоизаи пулӣ дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Қамари Аҳрор дар озмуне таҳти унвони “Инсон, замин ва ҷомиа” ...
Ҳабси абад барои таҷовуз ба номуси духтари 5-сола
27.11.2014 00:46
995
Додгоҳи вилояти Хатлон маҳбуси фирориеро, ки дар рабудану таҷовузи як кӯдаки ноболиғ гумонбар дониста мешуд, ба ҳукми абад маҳкум кард. Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 26 ноябр маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторовро тибқи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
ВКД дар бораи "зиёфат"-и хунин дар Кӯлоб
25.11.2014 07:43
953
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар "зиёфат"-и хунине, ки ду донишҷӯи донишгоҳи Кӯлобро кушта ба ҷо гузошт, 5 нафар ширкат доштанд. Нафари қотил, бино ба гузориши ВКД, посбони як ширкат будааст.
Куштори ду донишҷӯ дар Кӯлоб
22.11.2014 12:32
1192
Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта ба қатл расидаанд ва як ҳамсабақи онҳо ҳамчун гумонбар дар ин куштор, боздошт шудааст.
Додгоҳ аз "Нигоҳ" хост, дар бораи бонки Пиров нанависад
18.11.2014 22:56
1023
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳафтаномаи “Нигоҳ” тақозо кардааст, ки аз нашри матлабе дар бораи “Тоҷиксодротбонк” худдорӣ кунад. Нашрия ин тақозои додгоҳро ғайриқонунӣхонд. Нашрияи мустақили "Нигоҳ" тақозои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ...
Раҳматулло Гадоев: Боздошту суд дар як рӯз
18.11.2014 22:50
1047
Раҳматулло Гадоев, бародари 36-солаи Шарофиддин Гадоев, як соҳибкори мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 рӯз бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ зиндонӣ шудааст.
Ҳамлаи маргталабона ба Шукрия Борикзай
16.11.2014 20:19
779
Шукрия Борикзай, яке аз вакилони маъруфи зан дар порлумони Афғонистон рӯзи 16 ноябр аз як ҳамлаи маргталабона ҷон ба саломат бурд, вале 3 ҳамроҳи ӯ кушта шуданд.
Дар Хуҷанд даҳҳо дӯкон ва намоишгоҳ сӯхт
16.11.2014 20:18
1004
Дар сӯхтори шаби 15 ба 16 ноябр дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо дӯкони матоъ ва либосфурӯшӣ ва намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони тоҷик ба коми оташ рафтааст. Шумораи дақиқи дӯконҳои ба коми оташрафта маълум нест ...
Боздошти беш аз 20 нафар дар Суғд бо гумони омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ
16.11.2014 20:05
765
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти беш аз 20 нафар дар вилояти Суғд бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ва диверсионӣ дар иншооти стратегии шимоли Тоҷикистон хабар додааст.