11:22:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кушта шудани 7 ҷангии тоҷик дар Ҷурми Бадахшон

Мақомоти Бадахшони Афғонистон кушта шудани беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоятро таъйид карданд.

afghonho-562321245.jpgБар асари даргириии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо ҷангиёни тоҷик ҳам ҳастанд.

Сахидод, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон ба мо гуфт, дар миёни кушташудагони даргириҳои рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар вулусволии Ҷурм, ҳашт тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣҳам буданд, ки аксарашон аз Тоҷикистон ҳастанд.

Вай афзуд: "Теъдоди бисту ҳафт нафар душман кушта шуданд, аз ҷумла ҳашт танашон хориҷӣ аст. Дар байни ин кушташудаҳо чаҳор тан аз фармондеҳонашон шомил мебошанд. Гузориши дақиқе гирифтаем, як теъдоди кушташудагон атбои Тоҷикистон ҳастанд."

Аз сӯи дигар, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Гулмуҳаммади Бедор ба бахши форсии Бӣӣӣ гуфтааст, ки Умар Ал-Ислом, фармондеҳи ба гуфтаи ӯ "Толибони Тоҷикӣ", дар миёни кушташудагон аст.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ҷангиёни тоҷик аз роҳҳои Ишкошим ва Шуғнон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ба Афғонистон ворид мешаванд.

Ба гуфтаи сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон, дар даргириҳо аз тарафи муқобил, тақрибан ду сад тан меҷанганд. Вай гуфтааст, дар ин даргириҳо шаш сарбози афғон низ кушта шуда ва 12 тани дигар захмӣ захм бардоштаанд.

Манобеи дигари афғонӣ шумораи кушташудагони артиши миллии Афғонистонро 20 ва бархеи дигар онро то 30 тан гуфтаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шуморе аз сарбозони артиши миллии Афғонистон аз минтақаи даргириҳо нопадид шудаанд.

Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки даргириҳо замоне оғоз шуд, ки Толибон рӯзи ҷумъа ба постгоҳҳои амниятӣ дар минтақаи Дараи Хастак дар вулусволии Ҷурм ҳамла карданд. Толибон гуфтаанд, ки ба нерӯҳои амниятии афғон дар Ҷурм талафот ворид кардаанд.

Пеш аз ин масъулони маҳаллӣ дар Бадахшон ба мо гуфта буданд, ки ҷангиёни хориҷӣ хонаводаҳояшонро низ ба бархе аз нукоти Бадахшон интиқол додаанд. Бино ба иттилои пулиси Бадахшони Афғонистон, дар вулусволии Ҷурм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣҳам фаъолият доранд, ки аз Чатроли Покистон ворид шудаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi