14:41:48 23-уми Августи 2025 сол
Боздошти раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе 09.12.2014 10:37 844
Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Шарифзода барои гирифтани 7 ҳазор доллар ришва парванда боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Марги мармузи писари Қурбон Чолов 08.12.2014 13:49 1304
Писари бузурги Қурбон Чолов, фармондеҳи маъруфи ҷанги шаҳрванди бо сабабҳои то ҳол номаълум имшаб, 8-уми декабр аз дунё даргузаштааст. Панҷшер Чолов, фарзанди Қурбон Чолов, ки 31 сол дошт, ба тиҷорат машғул буд, шаби гузашта аз дунё даргузаштааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ қабл аз вақт аст" 08.12.2014 13:39 780
Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар мусоҳиба бо нашрияи Сандей Таймз гуфтааст ...
Шабнами Сураё: Консерти Ню-Йорк дертар баргузор мешавад 06.12.2014 07:38 873
Овозхони маъруф Шабнами Сураё хабареро, ки гӯё баргузории консерти ӯ дар Ню Йорк ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, рад кард ва гуфт, ки таъхири намоиши ҳунарии ӯ танҳо бо делали машғул буданаш ба барномаҳои солинавӣ ба таъхир афтод.
Шайхи Ал-Азҳар: "Гурӯҳҳои тундрав исломро бадном мекунанд" 06.12.2014 07:37 778
Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб мегӯянд, нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико на танҳо бояд бо гурӯҳи Давлати исломӣ, балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд.
Роҳи Нозияи Кароматуллоҳ ба Афғонистон боз шуд 30.11.2014 00:44 1053
Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба дархости ҳукумати Афғонистон дар мавриди фароҳам сохтани сафари овозхони шинохта Нозияи Кароматуллоҳ ба Кобул ризоият додааст.
Мақсуд Иброҳимов пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст 30.11.2014 00:41 1256
Бино ба сабте, ки «Гуруҳи 24» дар шабакаҳои интернетӣ пахш кардааст, Мақсуд Иброҳимов, яке аз сарварони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст.
Додгоҳи Миср Ҳуснӣ Муборакро бегуноҳ эълон кард 30.11.2014 00:40 989
Додгоҳи Миср рӯзи шанбе Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини он кишварро аз иттиҳомҳои мушорикат дар куштори эътирозгарон дар соли 2011 ва фасод бегуноҳ эълон кард.
Маросими ифтитоҳи хонаи ятимон дар ҷамоати “Ширин-Чашма» 27.11.2014 00:55 1362
Муовини Роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ва Раиси ноҳияи ТоҷикободАлизода Хоҷамир дар маросими ифтитоҳи хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» -и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ширкат варзиданд.
Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин 27.11.2014 00:52 1019
Нашри аввалиНамоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин (инвалидҳо)рӯзи сешанбе,25 ноябр, дар Маркази фарҳангии Бохтардар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.
Ашӯр Сафар ба ҷои Надежда Крупская 27.11.2014 00:50 1092
Дар мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба муносибати ба номи шодравон Ашӯр Сафар, Шоири Халқии Тоҷикистон, гузошта шудани яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Меҳробод маҳфили ёдбуди ин адиби ширинкалом баргузор гардид.
Қамари Аҳрор барои “Калтак ва кулчақанд” ҷоиза гирифт 27.11.2014 00:48 929
Ҳукумати вилояти Суғд ба рӯзноманигор Қамари Аҳрор, ки чанде қабл аз сӯи додгоҳҷарима шуда буд, ҷоизаи пулӣ дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Қамари Аҳрор дар озмуне таҳти унвони “Инсон, замин ва ҷомиа” ...
Ҳабси абад барои таҷовуз ба номуси духтари 5-сола 27.11.2014 00:46 1049
Додгоҳи вилояти Хатлон маҳбуси фирориеро, ки дар рабудану таҷовузи як кӯдаки ноболиғ гумонбар дониста мешуд, ба ҳукми абад маҳкум кард. Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 26 ноябр маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторовро тибқи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
ВКД дар бораи "зиёфат"-и хунин дар Кӯлоб 25.11.2014 07:43 966
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар "зиёфат"-и хунине, ки ду донишҷӯи донишгоҳи Кӯлобро кушта ба ҷо гузошт, 5 нафар ширкат доштанд. Нафари қотил, бино ба гузориши ВКД, посбони як ширкат будааст.
Куштори ду донишҷӯ дар Кӯлоб 22.11.2014 12:32 1209
Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта ба қатл расидаанд ва як ҳамсабақи онҳо ҳамчун гумонбар дар ин куштор, боздошт шудааст.