Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд
Роҳбари "Гурӯҳи 24" ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон УмаралӣҚувватов бо зарби тир дар шаҳри Истамбули Туркия ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти Туркия тасдиқ карданд, ки УмаралӣҚувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" ва аз мунаққидони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбули Туркия бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст.
Бино бар хабари яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия Қувватов дар ноҳияи "Мулло Гуронӣ"-и минтақаи Фотеҳи Истамбул дар соати даҳуними шаб ҳадафи тир қарор ёфтааст. Воқеа замоне рӯй додааст, ки Қувватов пас аз хӯроки шом бо як меҳмонаш, ки Сулаймон ном доштааст ба кӯча баромадааст. Шахсе, ки ба сари Қувватов тир задааст, бо суръат аз маҳалли воқеа фирор кардааст. Сулаймон, шарики Қувватов низ аз ҷои ҳамла нопадиид гаштааст ва полис, ки далел дорад, онҳо ҳамроҳқадам мезаданд, дар ҷустуҷӯи ин шахс аст.
Дар гузориши ин шабакаи телевизионии Туркия маҳалли сӯиқасд ва ҷасадеро дида мешавад. Бино бар хабари он, ҳамсари УмаралӣҚувватов Қумринисо ва фарзандонаш низ ба ҷои ҳодиса расида, ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ба ваҳшат афтодаанд. Сипас, ҷасад ва аҳли оилаи Қувватов дар мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Яке аз шарикони Қувватов -- Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки афроди номаълум ба сари УмаралӣҚувватов тир андохтаанд ва у дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Яке аз телевизионҳои Туркия низ ҷасадеро намоиш дод ва дар маҳалли ҳодиса ҳамсари УмаралӣҚувватов ҳам буд ки мегирист ва ҷасади Қувватов бо мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷои ҳодиса бурда шуд.
УмаралӣҚувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.
Дертар Қувватов дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта бо се ҳамроҳаш дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истамбул боздошт шуда буд. Дар пайи он мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, асноди ӯро барои истирдодаш ба Туркия фиристодаанд.
Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли 2014, мақомотро водор кард, чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ донист.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣҳангоми нишасти хабарияш гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон илова карда буд, 8 узви ин созмони мамнӯъ дар Русия низ боздошт шудаанд ва Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Маскав, ки яке аз ёрони УмаралӣҚувватов гуфта мешавад, низ ба Тоҷикистон оварда шуд. Додгоҳ ду рӯз пеш ӯро бо чанд иттиҳом ба 17 соли ҳабс маҳкум намуд.
Ба гуфтаи Шарофиддин Гадоев, пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳ дар Туркия аввал қасд кардаанд, ки ба Қувватов заҳр диҳанд, аммо натиҷа надодааст, ду ҳамроҳаш заҳролуд шудаанд вале худи у не. Вай мегӯяд, ки ҷасади Қувватов дар бемористон ва таҳти назари маъмурони амниятии Туркия аст.
Куштори Қувватов дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар Русия яке аз раҳбарони мухолифи давлат Борис Немтсов дар як сӯиқасд дар кӯчае дар наздики Кремл кушта шуд ва бисёриҳо ҳукумати Русияро дар сар задани ин куштор, дастикам бо сохтани фазои таҳаммулнопазирӣ дар нисбати мухолифон муттаҳам мекунанд.
«Озодӣ»