09:16:48 23-уми Августи 2025 сол
Боздошти "сардабир"-и тоҷики сомонаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Маскав 25.02.2015 22:31 962
Дар шаҳри Маскав як зодаиТоҷикистон бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шудааст. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, пулиси шаҳри Маскав мардеро дастгир кардаанд ...
Омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Эрон 25.02.2015 11:16 922
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд.
Ҳалокати 3 нафар дар зери тарма 24.02.2015 07:36 922
Бар асари об шудани барф дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, боиси марги 3 нафар шудааст. Бино ба хабарҳо, дар рӯзҳои поёни ҳафта дар роҳҳои Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, бар асари он 3 нафар ҷон бохтаанд.
Арзу шикояти худро ба Рамазон Раҳимзода бигӯед 23.02.2015 11:48 896
Баъд аз дастури Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният, вазири умури дохилии кишвар барои шунидани арзу доди сокинон ба минтақаҳо меравад.
Як қадам то лағви лимит. Ба мардум 18 соат барқ дода мешавад 23.02.2015 11:46 1045
Шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии Тоҷикистон бо дастикам 18 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин мешаванд. То як ҳафтаи қабл аҳолии манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифтанд.
Сартабиб бо 800 доллар ришва ба чанг уфтод 23.02.2015 11:40 934
Як масъули беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо 800 доллар ришва дар утоқи кориаш боздошт шуд, ки қасд доштааст барои як сокини ноҳияи Румӣҷиҳати дарёфти нафақаи маъюбӣ, санад тартиб бидиҳад.
Шӯрои уламо: "Аз номи Ислом дар интихобот сӯистифода накунед" 20.02.2015 21:45 1045
Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳизбу номзадҳо хост, дар интихоботи парлумонии якуми март ба ҳеч ваҷҳ аз номи дини мубини Ислом сӯистифода накунанд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, ҳашт рӯз пеш аз интихоботи ...
Бритониё Путинро таҳдиди воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик хонд 20.02.2015 21:36 879
Вазири дифои Бритониё гуфтааст, Русия хатари воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик ба шумор меравад ва НАТО барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба ин кишварҳо, омода мешавад.
Муовини барканоршудаи Абдуфаттоҳи Ғоиб ба парлумон меравад? 19.02.2015 19:57 981
Тоҳир Ҷобирзода, муовини аввали раиси оҷонсии зидди фасоди молӣ, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардид, ба рақобати худ дар интихоботи парлумонии 1 март идома хоҳад дод.
40 ҳазор - ҷаримаи ронандаи Kia Sportage 19.02.2015 19:53 968
Нуралӣ Назаров, сокини шаҳри Душанбе, барои 186 бор нақзи қоидаи роҳ дар як соли охир айбдор мешавад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҷаримаҳои ӯба 40 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
"Давлати исломӣ" 21 коргари мисриро дар Либия сар бурид 16.02.2015 12:40 949
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либия бо нашри навори видеоӣ аз сар буридани 21 масеҳии мисрӣ хабар додааст.Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либия шоми рӯзи якшанбе бо нашри як навори видеоӣ, аз сар буридани 21 мисрии масеҳӣ хабар дод.
23 сол - аз оғози муносибати дипломатии Тоҷикистону Амрико 14.02.2015 22:19 930
Аз замони оғози муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Амрико 23 сол гузашт. Иёлоти Муттаҳида соли 1991 Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 14 феврали 1992 муносибати дипломатӣ ба роҳ монда шуд.
Эрон: Поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст 13.02.2015 20:11 987
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.
Аз 100 то 15 ҳазор доллар. “Ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои Тоҷикистон 13.02.2015 20:07 867
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.
FBI ба таҳқиқи куштори 3 мусалмон дар Амрико пардохт 13.02.2015 20:06 894
Се мусалмоне, ки дар вилояти Каролина, дар шимоли Амрико аз тири як марди 46-сола кушта шуданд, рӯзи панҷшанбе тайи як маросим, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд, ба хок супурда шуданд.