11:59:46 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Мулоқот бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон

Имрӯз дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.

korea_tegu_454555445.jpgДар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҳардуҷониб ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад.

Тайи рӯзҳои ин сафар мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе баргузор шуда, дар фароварди он як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

Мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо раиси Парлумони ин кишвар Чун Ой Хуа ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дар назар аст.

Дар форуми 7-уми ҷаҳонии об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ меёбад. Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд.

Ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар Корея таҳсилкунанда дар назар аст.

http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi