Консерти муштараки наврӯзӣ
21-марти соли 2015 дар пойтахти кишвар, дар толори консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ройзании Фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон консерти муштараки ҳунармандони мусиқии Эрону Тоҷикистон ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Консертро бо сухани муқаддимавӣ сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣҳусни матлаъ бахшид. Дар консерт хонандаи маъруфи таронаҳои маҳалии луристонӣҷаноби оқои Оштиёнӣ ва овозхони таронаҳои мардумии тоҷикӣ, сарояндаи шинохта Давлат Назрӣ ширкат намуда, аҳли толорро бо сурудҳои дилнишини худ мафтун намуданд. Созмондиҳандагони консерт инчунин дастархони «Ҳафт син» густурда тамошобинонро бо шириниҳои хуштамъ зиёфат доданд.
«Рӯзгор»