18:04:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ид муборак, модарону хоҳарону бонувони азиз!

Модарону хоҳарон, бонувони азиз! Иди «Рӯзи Модар» барои ҳамаи мову Шумо, азизони дил, муборак бод! Пайғамбарону дӯстони Худо, дигар бузургони олам, ҳамагӣ талош кардаанд, ки васфи Шуморо бикунанд. Агарчи беҳтарин суханонро, олитарин ташбеҳотро дар васфи Шумо гуфтаанд, вале боз ҳам эътироф кардаанд, ки ин ҳам ҳанӯз кам аст.

8-mart_2015.jpgГарде аз хоки пойи модаронро биҳишт гуфтаанд, вале бо ин ҳам қонеъ нестанд. Парвардигори олам вақте, ки аввалин ҷуфти инсонро халқ кард, номашонро Одаму Ҳавво гузошт. Ҳавво агарчи бо ҳ-и «ҳуттӣ» навишта мешаваду «вов» ташдид мегирад ва маънояш зани гандумгун аст, вале талаффузи ҳавое, ки бо ҳ-«ҳавваз» китобат мешавад, дар мардуми оддӣ хеле наздик ба талаффузи Ҳавво- аввалин ЗАН, аввалин МОДАР аст.

Ҳавои «ҳавваз» семаънодорад: оксиген, муҳаббатвасуруд. Бубинед, дунё бе ин се мафҳум аслан вуҷуд дошта наметавонад. Оё мешавад бе оксиген зиндагӣ кард? Оё бе муҳаббат ҳаёт идома дошта метавонад? Оё бе суруд ҷаҳон шӯру шарён дорад? Айнан ҳамон тавре, ки бе Ҳавво наметавонист зиндагӣ дар рӯйи замин идома пайдо бикунад! Инсонҳову қавмҳову миллатҳо наметавонистанд бидуни Ҳавво ба вуҷуд биёянд. Барои ҳамин ҳам фикр мекунам, бо ишора ба ҳамин аввалин зан, аввалин модар - Ҳавво, ниёгонамон оксигену муҳаббату сурудро низ «ҳаво» гуфтаанд.

Модарону хоҳарон, бонувони азиз! Шумоед, ки зиндагӣ идома дорад, шумоед, ки ҳаёт хуррам аст! Табассум бар лабу шодӣ дар қалбҳои шумо ин мӯҷиби дур будани мардон аз ғаму кам аст. Бигузор шумо ҳамеша шоду фарзандону шавҳарон, падарону бародарони шумо ҳамеша аз ғаму ғусса озод бошанд! Ид муборак бошад, модарону хоҳарону бонувони азиз!

Ҳайати эҷодии «Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi