01:25:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боздошти як муборизи зидди фасод бо ҷурми фасод

Як сокини ноҳияи Бохтар бо муаррифӣ кардани худ ҳамчун раҳбари як созмони мубориза бо коррупсия, ҳазорон доллари мардумро ба ҷайб задааст. Ӯҳоло дар боздошт қарор дорад.

sudi-nohiyai-bokhtar_454545.jpgМаҳмадалӣ Давлатшоев - як сокини ноҳияи Бохтар худро ҳамчун раиси “Ташкилоти байналмилалии зидди коррупсия дар вилояти Хатлон” муаррифӣ намуда, 32 ҳазор доллари сокинони ин ноҳияро бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин, ба ҷайби худ задааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 март ба мо гуфт, ки Маҳмадалӣ Давлатшоев дар авохири ҳафтаи гузашта боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадалӣ Давлатшоев аз номи ин ташкилоти мубориза бо коррупсия бо мардум сӯҳбат мекардааст, дарҳоле ин созмон дар ҷое сабти ном нашуда ва чунин як ниҳоде аслан вуҷуд надоштааст. Аксари афроде, ки ба доми ин шахс афтодаанд, сокинони ноҳияи Бохтар будаанд.

Раиси ин “ташкилот” бо муарифии худ, ваъдаи ҷудо намуда додани қитъаи заминро намуда, дар ибтидо аз корафтодагон барои иҷрои ваъдааш, пул дарёфт мекардааст. Ба ин тартиб, аз моҳи октябри соли 2013 то замони боздошташ аз 7 сокини ноҳияи Бохтар бар ивази ваъдаи қитъаи замин, аз 1000 доллар то 3500 доллар гирифта, ба онҳо на замин ва на пулашонро баргардонидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз ифшои номи ҷабрдидаҳо то анҷоми пурраи тафтишот худдорӣ кард ва танҳо бо овардани сари ҳарфи ному насабашон иктифо намуд. Дар маҷмӯъ, маблағҳои бо роҳи фиреб бадастовардаи Маҳмадалӣ Давлатшоев 32 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев бо ҷурми "қаллобӣ" парванда боз намуда ва тафтишот идома дорад.

Боздошти ин шахс дар ҳолест, ки даҳҳо тан аз сокинони Хатлон аз мавориди ришваситонӣ ва фасод дар тақсими замин аз сӯи масъулон дар ин минтақа сӯҳбат мекунанд. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷой доштани хариду фурӯши замин, бахус аз ҷониби кормандони кумитаи заминсозӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоятро тасдиқ намуда мегӯяд, ки ин мавзӯъ онҳоро нигарон кардааст.

Бар асоси оморӣ расмӣ, дар Хатлон дар соли гузашта 91 ҳолати қонуншиканӣ дар самти хариду фурӯши замин ошкор шудааст, ки раисону котибони ҷамоатҳо, сардорони шуъбаҳои ҳукумат ва дигар масъулин даст доштаанд. Мақомот алайҳи 50 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз намуда, онҳоро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣҷарима кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi