06:46:26 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Варзишгарони муҳорибаҳои омехта муҳтоҷи дастгирианд!

Чанд соли охир аст, ки дар Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон навъи варзиши муҳорибаҳои омехта маъруфу машҳур шудааст. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 2000 варзишгар дар кишвар аз рӯи ин намуди варзиш тамрин мекунанд. Сайидалӣ Уразалиев, Президенти федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори "Рӯзгор" оиди бурду бохтҳои ин навъи варзиш дар кишвар азҷумла чунин иброз дошт:

varzishgar 3561145"Навъи варзиши муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон расман аз 13-уми ноябри соли 2008 ба қайд гирифта шудааст. Варзишгарони мо дар ин риштаи варзиш чор сол дар ягон мусобиқаи байналмилалӣ ширкат накарда танҳо омодагӣ медиданд. Худоро шукр имрӯзҳо дар тамоми мусобиқаҳои осиёиву байналмиллалӣ ширкат мекунанд ва дар миёни даҳҳо кишвари ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Аз ҳамин хотир дар ин навъи варзиш ҳам ба мисли дигар намудҳои варзиш варзишгарони мо метавонанд ба қуллаҳои баланд бирасанд ва унвонҳои зиёдро соҳиб шаванд.

Солҳои пеш шояд аксар варзишгарони мо намедонистанд, ки ин навъи варзиш ҳам қоидаву усулҳои хоси худро дорад ва камтар ба ин навъи варзиш машғул мешуданд. Аммо имрӯзҳо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки дар ин намуди варзиш ном баровардаанд. Аз ҷумла Маҳмадуллоҳи Искандар дар вазни 73 кило, Ахмед Мирзоев дар вазни 67 кило, Шукрулло Носиров, дар вазни 62 кило, Азиз Ҳайдаров дар вазни 73 кило ва боз чандин ҷавонони дигаре низ ҳастанд, ки дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ мекунанд, дар мусобиқаҳо чашми тарс надоранд ва мардонавор ба майдон баромада ҳунару маҳорати хуб нишон дода, натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд ва ояндаи хуб ҳам доранд. Ҳамин аст, ки давоми соли ҷорӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 60 медал ба даст овардаанд, ки 90 дар сади он медалҳои тилло мебошад"-, мегӯяд Сайдалӣ Уразалиев.

"Дар ҳамин ҳол агар таваҷҷуҳи мақомоти марбута ба ин навъи варзиш бештар шавад, мо Худо хоҳад комёбиҳои бештареро ноил мешавем. Масалан вақте, ки мо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ба кишварҳои бегона сафар мекунем вазирони ниҳодҳои варзишии ин кишварҳо ҳатто ба фурудгоҳ омода варзишгарони моро пешвоз мегиранд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки варзишгари тоҷик дар як кишвари бегона тамоми нерӯи худро сарф намуда, парчами Тоҷикистонро баланд мебардорад ва вақте ба ватан бармегардад, касе меҳнати ӯро қадр намекунад",- мегӯяд Уразалиев ва идома медиҳад:

"Дар мусобиқаи кушод миёни варзишгарони аз 18 то 21-сола, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон баргузор гардида буд, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду медали тилло ва ду нишони нуқраро соҳиб шуданд. Вақте аз ин мусобиқа баргаштем масъулини Кумитаи Ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ҳатто як занги телефониро ҳам дареғ доштанду ҳадиақал варзишгаронро тариқи телефон ҳам табрик накарданд.

Ба ғайр аз ин мо аз моҳи май ин ҷониб ҳар моҳ дар хориҷи кишвар дар мусобиқаҳои гуногун ширкат мекардем, аммо масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ақаллан як бор ба варзишгарони мо раҳмат нагуфтаанд. Мутаасифона, имрӯз тамоми вазнини ба дӯши федератсияҳо аст, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ танҳо ҳисобот талаб мекунанду бас. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад, ки ба варзишгарон шароит фароҳам оварда варзишгаронро дастгирӣ кунед, ки онҳо муаррифгари миллатанд. Қариб дар ҳамаи намудҳои варзиш ҷавонони баору номус ҳастанд, аммо онҳоро рӯҳбаланд ва дастгирӣ кардан лозим аст".

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi