11:33:12 22-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Шоҳрух" ғолиби мусобиқаи футболи хурд

Шӯрои марказии ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон байни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, мусобиқаи футболи хурд ташкил кард, ки дар он 8 даста миёни ҳам рақобат карданд. Дастаи "Шоҳрух", ки муаррифгари ширкати "Тоҷикэлектрострой" (Тадэс) буд, бидуни бохт ғолиби мусобиқаи мазкур шуд. Дастаи "Шоҳрух" дар бозии ниҳоӣ бо дастаи "Сафариён", ки аз номи ширкати "Металҳои ранга" ё худ "Металлург" қувваозмоӣ мекард, рақобат намуда бо ҳисоби 9 бар 6 пирӯз шуд.

shohrukh-45894512

Ҷойи сеюми мусобиқаи мазкурро футболбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ соҳиб шуданд. Шоҳрух Аҳмадов, капитани дастаи ғолиб, ки таҳти роҳбарии ӯ дар ин мусобиқа ширкат кардаанд, зимни суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт: "Мо ҳамасола дар ин мусобиқа аз номи ширкати "Тоҷикэлектрострой" (Тадэс) иштирок менамудем ва ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол мекардем, имсол аз аввал ҳаракат кардем, ки мақоми аввалро соҳиб шавем ва ҳамин хел ҳам шуд. Мо дар гурӯҳи "Б" бар ду ҳарифи худ пирӯз шуда бо яке бозиро мусовӣ анҷом додем ва дар даври нимниҳоӣ дастаи "Варзиш спорт"-ро бо ҳисоби 7 бар 1 шикаст додем". Шоҳрух Аҳмадов мегӯяд мо аз Нуралӣ Ниёзов, раиси ширкати "Тоҷикэлектрострой" -и Тоҷикистон минатдорем, ки ҳамасола моро дастгирӣ мекунад, ки дар ин мусобиқа ширкат намоем.

Шовалӣ Қаландаров, ки аз моҳи феврали соли 1996 ин ҷониб раиси Шӯрои марказии ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аст мегуяд, мақсади мо аз баргузории мусобиқаи футболи хурд ин буд, ки миёни ҷавонон дӯстиву рафоқат пайдо шавад, якдигаро донанду шиносанд ва ҳурмату эҳтиром кунанд. "Вобаста ба имкониятҳои ҷойдошта мусобиқаро дар сатҳи лозима баргузор кардем.

Гарчанде, ки ин мусобиқа начандон калон буд, аммо мо ба қадри имкон онро баргузор кардем, ки ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ аз ин иқдом хушнуд шуданд. Мо ҳам хело хурсандам, ки аксар тамошобинон аз бозии бачаҳо лаззат бурданд. Аммо сад афсӯс ки ин мусобиқа дар як сол як маротиба баргузор мешаванду аксарияти Кумитаҳои соҳавӣ ширкат намекунанд. Агар мусобиқаро баргузор накунем забонашон дароз шуда аз гиребони мо мегиранд, ки аз уҳдаи барпо кардани як мусобиқа намебароед."-афзуд Шовалӣ Қаландаров.

Дар мусобиқаи мазкур футболбози шинохтаи тоҷик-Салоҳиддин Исаков низ ширкат дошт, ки ӯ дар чанд дастаи Лигаи аввали Тоҷикистон алалхусус чанд соли охир дар дастаи "Куктош"-и Рӯдакӣ бозӣ кардааст. Салоҳиддин Исаков дар ин мусобиқа дар дастаи "Шоҳрух" бозӣ мекард. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон бисёр вақтҳо футболбозони дастаи "Шоҳрух"-ро футболбози шинохтаи тоҷик- Рустам Хоҷаев тамрин медиҳад. Салоҳиддин нисбат ба ояндаи футболи тоҷик хушбин аст, номбурда мегӯяд, "имрӯзҳо ҷавонони тоҷик ба варзиш, алалхусус ба футбол, хело зиёд майл доранд, ки ман умед дорам ояндаи футболи тоҷик дурахшон аст."

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi