Рақибони эҳтимолии "Равшан" дар Ҷоми АФК маълум шуданд
Маросими қуръакашии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 дар Куала-Лампур баргузор шуд, ки дар асоси он қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон - тими "Равшан"-и Кӯлоб дар сурати ба даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 баромаданаш, бо дастаҳои "Сувайк" ё "Сахам"-и Уммон, "Зат Рас"-и Урдун ва ё "Сафо"-и Лубнон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, бозиҳои даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 25 феврали соли 2014 оғоз мегарданд. Пеш аз ин рӯзи 2-юми фкврал даври ибтидоӣ баргузор мешавад, ки дар ин давр тими "Равшан" дар майдони худ бо тими "Ал-Ярмук Ал-Равда"-и Яман қувваозмоӣ мекунад. Ба таваҷҷуҳи шумо натиҷаи қуръапартоии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 пешкаш мекунем:
Минтақаи "Ғарб"
Гуруҳи "А": "Сувайк" ё "Сахам" (Умон), "Зат Рас" (Урдун), "Сафо" (Лубнон), ғолиби бозиҳои плей-офф "РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН) - "Ал-Ярмук Ал-Равда" (Яман).
Гуруҳи "В": "Кувейт" ва ё "Ал-Арабӣ" (Кувейт), "Фанҷа" (Умон), "Ал-Ҷайш" (Сурия), "Наҷмех" (Лубнон).
Гуруҳи "С": "Ал-Хидд" ё "Манама" (Баҳрайн), "Ал-Қудсия" ё "Ал-Наср" (Кувейт), "Ал-Шорта" ё "Эйр Форс" (Ироқ), "Ал-Ваҳда" (Сурия).
Гуруҳи "D": "Шабоб Ал-Урдун" ё "Ал-Ваҳдат" (Урдун), "Риффа" (Баҳрайн), ғолиби бозии плей-офф "Шабоб Ал-Таҳрӣ" (Яман) - "Алай" (Қирғизистон), "Эрбил" (Ироқ).
Минтақаи "Шарқ"
Гуруҳи "Е": "Персипура Ҷаяпура" (Индонезия), "Хоум Юнайтед" (Сингапур), "Ню Радиант" (Малдив), "Черчил Бразерс" (Ҳинд).
Гуруҳи "F": "ТТ Хайно ё "СХБ Дананг" (Ветнам), "Арема Индонезия" (Индонезия), "Селангор (Малайзия), "Мазия СР" (Малдив).
Гуруҳи "G": "Янгон Юнайтед" (Мянма), "Виссаи Нинбин" (Ветнам), "Саут Чайна" (Гонконг), "Келантан" (Малайзия).
Гуруҳи "H": "Тампинес Роверс" ё "Балестиер Халса" (Сингапур), "Най Пий Тав" (Мянма), "Пуне" ё "Ист Бенгал" (Ҳинд), "Китчи" (Гонконг).
Тақвими бозиҳои гуруҳи "А":
Даври аввал
25 феврал (сешанбе)
"Сувайк"/"Сахам" (Уммон) - "РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН)/"Ал-Ярмук Ал-Равда" (Яман) "Сафо" (Лубнон) - "Зат Рас" (Урдун)
Даври дуюм
11 март (сешанбе)
"РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН) "Ал-Ярмук Ал-Равда" (Яман) - "Сафо" (Лубнон) "Зат Рас" (Урдун) - "Сувайк"/"Сахам" (Уммон)
Даври сеюм
18 март (сешанбе)
"РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН)/"Ал-Ярмук Ал-Равда" (Яман) - "Зат Рас" (Урдун) "Сувайк"/"Сахам" (Уммон) - "Сафо" (Лубнон)
Даври чорум
2 апрел (чоршанбе)
"Зат Рас" (Урдун) - "РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН)/"Ал-Ярмук Ал-Равда (Яман) "Сафо" (Лубнон) - "Сувайк"/"Сахам" (Уммон)
Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013