10:49:21 24-уми Майи 2025 сол

ФИФА рӯйхати доваронро барои соли 2014 эълон кард

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, Кумитаи доварони ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 4 сардовар, 6 ёвари довар ва 2 довар оид ба футзалро дохил кардааст.

Рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон дар соли 2014:

Доварони ФИФА:

dovaron-5466556Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2006.

Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2006.

Насрулло Кабиров (Норак) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2003.

Парвиз Муртазоев (Душанбе) - бори аввал.

Ёварони доварони ФИФА:

Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2006.

Дилшод Назипов (Ҳисор) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2006.

Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2010.

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2013.

Ҳасан Каримов (Норак), бори аввал.

Акмал Бӯриев (Турсунзода), бори аввал.

Доварони ФИФА оид ба футзал:

Комил Қурбонов (Турсунзода) - дар рӯйхати ФИФА аз соли 2006.

Рустам Нуров (Душанбе) - бори аввал.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ