05:05:30 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даҳ варзишгари беҳтарини сол муайян шуд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) дар натиҷаи як назархоҳии хабарнигорони соҳаи варзиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро эълон кард.

dilshod-nazarov-54444741Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ мегӯяд, барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ 75 хабарнигор, ки дар воситаҳои ахбори омма кор мекунанд, иштирок карданд ва дар пурсишнома ҳамагӣ 29 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, ном бурдаанд. Аммо Нарзулло Латифов мегӯяд: "Мутаассифона ягон варзишгари Тоҷикистон соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст".

Бар асоси ин назарсанҷӣ гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол эътироф шудааст. Дилшод Назаров имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи "IAAF World Challenge" дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Вай дар чунин мусобиқа дар Бразилия низ медали тилло ба даст оварда буд.

Инчунин Ӯ дар мусобиқоти байналмилалии "SeikoGoldenPrix" дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт. Дилшод Назаров дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр дар байни панҷ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷой гирифт. Бояд гуфт, ки ин беҳтарин натиҷаи имсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист. Ҳамчунин Дилшод соли равон дар Ҳиндустон боз ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ӯ ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии медали тиллоро соҳиб шудааст.

Дилшод Назаров ҳамагӣ 31сол дошта, моҳи марти соли равон дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.

Баъд аз Дилшод Назаров ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол-2013 Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик дохил шуд. Комроншоҳ моҳи декабр соли равон дар Чемпионати Ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба ҷуз гуштии кураш вай имсол боз дар ду намуди гуштин - самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Комроншоҳи 20-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кило дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Вай дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кило барандаи медали нуқра гардид. Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон пирӯз шуд буд.

Ғайр аз ин Комроншоҳи Устопириён ҳамчунин дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст овард. Ин паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон, ки дар дар Киев баргузор гардида буд, бо медали тилло ба ватан баргашта буд.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол 2013 варзишгарони зерин шомил шудаанд:

Алишер Аҳмадов - қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кило ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;

Саидҷалол Саидов - қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 81 кило дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;

Искандари Рустам - барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гуштии озод дар вазни то 96 кило дар Ҳиндустон;

Наврӯз Ҷафоев - барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кило дар Урдун;

Абдуазим Бойназаров - барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гуштии камарбандӣ дар вазни то 68 кило;

Зӯҳро Холова - барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кило;

Меҳрангез Алиева - барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;

Акмал Қодиров - барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд.

Ибодуллоҳи Тоҳир, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi