11:41:18 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 омода мешавад

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми декабри соли равон дар Душанбе шурӯъ шуда феълан идома дорад. Дастаи ҷавонони то 21-солаи кишвар оид ба футбол ба бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 омодагӣ мегирад. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 28 бозигар - 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

mahmadjon-habibulloev 45455Хабарнигори "Рӯзгор" лаҳзае аз тамрини футболбозонро тамошо кард ва бо ҷаноби Ҳабибуллоев суҳбати кутоҳе дошт. "Дар ҳоли ҳозир аксарияти футболбозон аз лиҳози ҷисмонӣ ва тактикӣ чандон хуб омода нестанд. Сабабаш дар он аст, ки бозигарон баъди бозиҳои мавсими соли 2013 чанд муддате дар таътил буданд. Барои омода шуданашон каме вақт лозим аст. Аз ҳамин хотир мо давраи омодагиҳоро каме пештар оғоз кардем,- гуфт дар суҳбат Ҳабибуллоев.

Дар идома ӯ афзуд: "Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 28 нафар футболбози солҳои таваллудашон 1993-ро аз чанд дастаи Лигаи олии кишвар даъват намудем. Аммо на ҳамаи ин бозигарон дар бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 ширкат хоҳанд кард. Барои ширкат дар ин бозиҳо ҳамагӣ 20 футболбозро интихоб мекунем, ки нисбатан беҳтар бозӣ мекунанд ва қабл аз ҳама фаҳмиши хуби футболро доранд. Мо ба нақша гирифтаем, ки дар рафти омодагиҳо бо якчанд дастаи футболи кишвар бозиҳои санҷишӣ анҷом бидиҳем. Барои бозиҳои санҷишӣ бозигаронро ба ду ҳайат тақсим кардаем. Ҳайати якум бо дастаи мураббиёни кишвар, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе дар курси баландбардории ихтисос хонда истодаанд, бозии санҷишӣ карданд ва ҳайати дуюм бо дастаи "Локомотив"-и Душанбе бозӣ карданд. Дар назар дорем, ки бо дастаи легионерҳои Тоҷикистон низ бозии санҷишӣ гузаронем".

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014, аз 24-уми январ то 2-юми феврали соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад. Барои ба даст овардани ин Ҷом 11 тими ҷавонони кишварҳои пасошӯравӣ-Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон, Литва, Туркманистон, Русия, Молдово Латвия, Белоруссия ва Қазоқистон ширкат мекунанд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии "Петербургский" баргузор мегарданд.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014, дар қуръапартоӣ ба се гуруҳ тақсим шуданд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Эстония, Қирғизистон ва Украина ба гуруҳи "А" шомил шуданд. Мусобиқоти мазкур рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ бо тими Қирғизистон қувваозмоӣ мекунанд ва дар бозии охиринашон дар сабқати гурӯҳӣ рӯзи 27-уми январ бо дастаи ҷавонони Украина рақобат хоҳанд кард.

muntakhabi-javonon 454545Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013 таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ширкат карда буд, дар бозиҳои гуруҳӣ бар тимҳои ҷавонони Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуд ва аз тими ҷавонони Беларус бо ҳисоби 2:5 шикаст хурд. Ҳамин тариқ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ду пирӯзи ва як бохт бо 6 имтиёз ба даври навбатӣ роҳхат гирифт. Дар даври 1/4 финал бо яккачини ҷавонони Литва рақобат намуда бозиро мусовӣ-1:1 анҷом дод, аммо дар натиҷаи зарбазаниҳои 11-метра бо ҳисоби 2:4 шикаст хурд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пас аз ин бохташ дар бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум аз тими ҷавонони Молдова бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии охир барои ҷойҳои 7-8 бо тими мунтахаби Узбакистон қувваозмоӣ намуда ин бозиро бо ҳисоби 0:2 бохт ва ҳамин тариқ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Иттиҳод мақоми 8-умро касб кард. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 тимҳои Русия ва Украина миёни ҳам рақобат карда буданд, ки дар ин бози мунтахаби ҷавонони Русия бо ҳисоби ғолиб омада соҳиби Ҷоми Иттиҳод-2013 шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Иттиҳод бори 21-ум аст, ки барпо мегардад. Гуфта мешавад, ки мунтахаби ҷавонони Узбакистон аз иштирок дар Ҷоми Иттиҳод-2014 имсол даст кашидааст.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 омода мешавадGuest 10.01.2014 09:08
Бехтарин Худо хохад ин дафъа чомро меоранд футболбозонро таргиб бояд кард. Журналистони мхтарам шумо хар кадар футболбозонро муаррифи кунед хамон кадар фтболи точик пеш меравад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi