300 САР ҚУТОС ПОМИРИ ШАРҚИРО ТАРК НАМУДАНД
30.11.2011 21:28
1876
Нохияи дурдасти Мурғоб ба соҳаи чорводорӣ махсус гардонда шуда, сол аз сол дар ин минтиқаи дурдаст саршумори ҳайвони нодир меафзояд. Алҳол дар кулли хоҷагиҳо 18- ҳазор сар қутос мавҷуд аст. Баҳри равнақ додани соҳаи қутоспарварӣ дар дигар ноҳияҳо ...
БАЪД АЗ НИМИРӮЗӢ ТОҶИКИСТОН ҲУКУМАТ НАДОРАД?
30.11.2011 21:21
1713
Корафтодаҳо, вакилон ва ҳатто худи раисиҷумҳур гуфтаанд, баъд аз зӯҳр вазирону раисони идораҳо "ғайб мезананд". Ба қавли корафтодаҳо, пас аз нимирӯзӣ масъулони аввал ва дувуми бархе аз вазорату идораҳои давлатиро намешавад пайдо кард. Ба ҷои онҳо ё котибаҳо ва ё ёваронашон посух медиҳанд. Кор ба ҷое кашидааст, ки гӯшии телефони ....
ШӮРООБОД: БУЗИ КӮҲИРО БО БУЗИ ХОНАГӢ ТАЗВИҶ КАРДАНД…
29.11.2011 23:53
2008
Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мутахассисони таҳҷоӣ дар натиҷаи дурагакунии бузи маҳаллӣ, яъне хонагӣ бо бузи ваҳшии бисёр ҳам нодир-пармашох, навъи нави бузеро бв вуҷуд овардаанд, ки хусусиятҳои ҳарду ҳайвонро доро мебошад.
ЧАРО ОСМОН БАРОИ "ТОҶИК ЭЙР" ТАНГТАР МЕШАВАД?
29.11.2011 23:37
1313
Ширкате, ки дар замони Шӯравӣ 100 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистонро анҷом медод, ҳоло гирифтори бӯҳрон аст. Вақте як ширкати навтаъсис дар кӯтоҳтарин фурсат комёб гаштаву 70 дарсади бозорро ба даст мегирад, бисёриҳо хостори омӯхтани асрори муваффақияти он мешаванд.
ТОҶИКОН БА РУСИЯ СПИД НАМЕОРАНД!
29.11.2011 09:11
1289
Баъди содир шудани ҳукми додгоҳ ба Владимир Садовнич, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии ҳарими ҳавоӣ ва қочоқ муттаҳам шудаву 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дар Маскав перомуни ҷорӣ кардани таҳримҳо зидди Тоҷикистон сару садоҳо баланд ...
САРИ БУРИДАИ ЯК ТОҶИК. ИН БОР ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
28.11.2011 14:59
1366
Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия сари боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз тан ҷудо кардаанд. Ба қавли наздикони мақтул, Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи як гурӯҳи номаълум дар яке аз ҷангалҳои ...
ЭЪТИРОЗИ ҚОРӢ САДРИДДИН: "ЧАРО МАРО АФВ НАКАРДАНД?"
28.11.2011 14:56
1209
Садриддин Тошев, як зиндонии тоҷик мулаққаб ба "қорӣ Садриддин", даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ин узви пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки мебоист бар асоси Қонуни афв ба озодӣ барояд, дар эътироз ба амалӣ нашудани он даст ба ин иқдом задааст.
ИМОМ ХУМАЙНӢ ВА ПУЛИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
27.11.2011 13:10
1650
Шояд камтар касе аз тоҷикон аз ин ҳақиқат огоҳ бошанд, ки рӯи пули миллии Тоҷикистон акси яке аз аҷдоди Имом Хумайнӣ- поягузори инқилоби исломӣ дар Эрон гузошта шудааст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз шахсиятҳои ифтихорманди Эронзамин ва яке аз ...
НИГАРОНИИ ТОҶИРОН АЗ ҚАТЪИ ҲАРАКАТ ДАР ГУЗАРГОҲИ КУЛМА
27.11.2011 13:05
1186
Қатъи ҳаракат дар роҳи байни Чин ва Тоҷикистон аз гузаргоҳи Кулма, маҷрои мол ва нақлиётро аз Чин ба Тоҷикистон дубора ба масири Қирғизистон баргардонидааст. Ин ҳол соҳибкоронро на танҳо бо коғазбозӣ ва расмиятҳои изофӣ, балки ришвату ...
ҲЕЗУМИ ГАРОННАРХ, ЗИМИСТОНИ САРД ВА УМЕДҲОИ ХОЛАИ МАРЗИЯ
26.11.2011 10:04
1359
Холаи Марзия, як зани солхӯрдаи сокини Кӯлоб, рӯзи сеюм аст, ки барои пур кардани балони гази моеъаш ба назди нуқтаи фурӯши газ меравад, аммо навбаташ нарасида, бегоҳ мешаваду гашта ба хона меояд. Ӯ бояд саҳари барвақт барои наберагонаш чой ...
РУСИЯ-ТОҶИКИСТОН: МУНОҚИШАҲО САДИ РОҲИ ҲАМКОРИҲО НАХОҲАНД ШУД
26.11.2011 10:00
1371
Ахиран Вазорати маорифи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳр тасмим гирифтанд курсҳои тайёрии се донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон ба номи Ломоносови Маскави Федератсияи Руссия, Донишгоҳи тиббӣ ва Аграрии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб таъсис...
БАСТАШАВИИ БОЗ ЯК МАДРАСАИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
24.11.2011 13:51
1419
Дар Қӯрғонтеппа фаъолияти як мадрасаи динӣ, ки дар он ҳудуди 90 нафар таълим мегирифтанд, қатъ шуд. Ҷумъаназар Сайидалиев, додситони Қӯрғонетппа, дар ҷараёни сӯҳбаташ бо аҳли зиёи шаҳр гуфт, ин мадраса бино бар надоштани санади расмии ...
СУЛҲИ ПИНҲОНИИ ГЕНЕРАЛ ТАҒОЙМУРОДОВ ВА "АЗИЯ-ПЛЮС"
24.11.2011 13:47
1199
Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони "Азия-Плюс" бо мусолимат анҷом ёфт. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд.
МАКТАБИ ДЕҲАИ ЛОҶИРКИ НОҲИЯИ ТАВИЛДАРА ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ САФОРАТИ ИМА
24.11.2011 09:05
1355
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои «Рӯҳи Амрико» кӯмаки иловагиеро ба мактаби деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд.
ТАҶАММӮИ 270 ВАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР УЗБАКИСТОН
23.11.2011 11:28
1139
Сарфи назар аз банд будани роҳи оҳан миёни Тирмиз ва Қурғонтеппа, қатораҳои борбари Тоҷикистон дар қитъаи Ғалаба -Амузанг ҷамъ меоянд. Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумори чунин вагонҳо ...
















