15:42:07 03-уми Июни 2025 сол

МАКТАБИ ДЕҲАИ ЛОҶИРКИ НОҲИЯИ ТАВИЛДАРА ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ САФОРАТИ ИМА

Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои «Рӯҳи Амрико» кӯмаки иловагиеро ба мактаби деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд.

/images/stories/2011/11/24_maktabi-lojirk_1.jpgАзҷумла дар боми мактаб панелҳои барқи офтобӣ насб карда 150 адад пӯшоки зимистонаро ба талабагони мактаб ҳадя намуданд. Инчунин ба бунгоҳи тиббие, ки дар назди мактаб ҷойгир аст, доруворӣ ва лавозимоти зарурӣ доданд. Байни талабагони мактаби Пасификаи Санта Моника, штати Калифорнияи ИМА ва талабагони мактаби деҳаи Лоҷирк як сӯҳбати он-лайн созмон дода шуд.

Ҳоло мактаби деҳаи Лоҷирк дорои қувваи барқи офтобӣ  ва худи деҳа соҳиби бунгоҳи тиббӣ мебошад. Панелҳои офтобӣ, пӯшоки зимистона ва дорувориро ба маблағи 13000 доллар «Рӯҳи Амрико»,  нақлиёт ва ёрии моддиву техникии ин лоиҳаро Сафорати ИМА таъмин карданд. 

/images/stories/2011/11/24_maktabi-lojirk_2.jpgМактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиён дида буд ва кӯдакони деҳа баъди анҷоми ҷанг даҳ сол пеш дар манзилҳои истиқоматиашон дарс мегирифтанд. Ифтитоҳи расмии мактаб рӯзи 26-уми октябри соли ҷорӣ бо ширкати намояндагони Сафорати ИМА баргузор гардид ва ҳоло муаллимон ва талабагон ба синфҳои худ баргаштанд. «Рӯҳи Амрико» ташкилоти ғайридавлатии донорӣ мебошад, ки ба қисмҳои низомии ИМА, ки бо расонидани кӯмакҳои башардӯстона дар Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои эҳтиёҷманд машғул ҳастанд, дар расондани ин кӯмакҳо мусоидат мекунад.

Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои бисёри ёрирасон мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико дар амал татбиқ мекунад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар сарф намудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854