08:44:31 22-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИМОМ ХУМАЙНӢ ВА ПУЛИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Шояд камтар касе аз тоҷикон аз ин ҳақиқат огоҳ бошанд, ки рӯи пули миллии Тоҷикистон акси яке аз аҷдоди Имом Хумайнӣ- поягузори инқилоби исломӣ дар Эрон гузошта шудааст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз шахсиятҳои ифтихорманди Эронзамин ва яке аз орифони вораста, аз аҷдоди Имом Хумайнӣ, асосгузори инқилоби исломӣ дар Эрон ба шумор меравад. Оятуллоҳ Писандида, бародари Имом Хумайнӣ, дар хотироти худ мавсум ба "Гуфтаҳо ва навиштаҳо" менависад:

/images/stories/2011/11/27_puli-milli-271111.jpg"Дар соли 766 ҳиҷрии қамарӣ корвони кучаке ҷиҳати таблиғи ислом озими Кашмир шуд. Ин корвони кучак, ки Сайид Ҳайдар Мӯсавии Ардабилии Курдӣ (домод ва хоҳарзодаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) сарвари он буд, аз тарафи орифи бузург ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷиҳати ирсоли паёми нуру ирфон ба он сарзамин гусел шуда буд. Сайид Ҳайдар ва Сайид Ҳасани Симнонӣ ва Тоҷуддини Симнонӣ мавриди эҳтироми Султон Шаҳобуддини Шоҳмирӣ қарор гирифтанд ва бо хаёли роҳат ба таблиғ пардохтанд.

Пас аз панҷ сол, Сайид Ҳайдар аз Кашмир нахуст ба Маккаи Муаззама шитофт ва пас аз адои фаризаи ҳаҷ ба Эрон бозгашт ва Мир Сайид Алӣ -падарзан ва устоди хешро ҷиҳати ҳаракат ба Кашмир барангехт ва Мир Сайид Алӣ ҳамроҳ бо ҳафтсад тан аз содот (сайидҳо)-и ҳунарманд, дар соли 774 ҳ.қ. ва ба қавле 776 ҳ.қ озими Кашмир шуд.

Баъди ин даста-даста ҳиндуён ва будоиён ба хидмати Мир Сайид Алӣ ва мубаллиғони вай аз ҷумла Сайид Ҳайдар ва Сайид Ҳасан ва Сайид Тоҷуддин ва ғайра шитофтанд ва ба ойини ислом гаравиданд, то ҷое ки роҳбарони кешҳои ботил, худ назди Мир Сайид Алӣ омаданд ва изҳори ислом намуданд ва маобиди хешро ба масҷид бадал сохтанд.

Мир Сайид Алӣ мубаллиғоне ба Таббат (Тибет) ва Кошғар фиристод ва ҳудуди як сад ҳазор нафар дар муддати иқомати Мир Сайид Алӣ, ки дар байни солҳои 776 ва 785 ҳ.қ буд, мусалмон шуданд.

Гарчи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба соли 786 ҳ.қ реҳлат намуд, (аммо) ин сайр ҳамчунон идома ёфт ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва Сайид Ҳайдари фавқуззикр (номбурда) ва Сайид Муҳаммад ибни Сайид Алӣ ва бародарони симнонӣ (Сайид Ҳасани Симнонӣ ва Тоҷуддини Симнонӣ) ба кори худ идома доданд.

Сайид Ҳайдари Мусавӣ ҷадди аълои Оятуллоҳ Сайид Руҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ, хоҳарзода ва домоди Сайид Алии Ҳамадонӣ буд ва Мир Сайид Алӣ ба 17 восита аз тариқи Ҳусайн ибни Алӣ ба Амири мӯъминон (Имом Алӣ (а)) мерасид ва аз тарафи модар бо 16 восита сайиди ҳусайнӣ буд. Бинобар ин, Сайид Ҳайдар Сайиди Мӯсавӣ (яъне аз наводагони Имом Мӯсои Козим (а)) аз тарафи падар ва Сайиди Ҳусайнӣ аз тарафи модар буд..."

Сипас, Оятуллоҳ Писандида (бародари Имом Хумайнӣ) дар ин хотироти хеш, номи тамомии аҷдоди Имом Хумайнӣ пас аз Сайид Ҳайдари Мӯсавиро - бар асоси таборнома (шаҷарнома)-и ин табори пок бармешумурад ва мегӯяд, ки ҳамаи онҳо аз уламо ва урафои замони худ ба шумор меомаданд ва дар Кашмиру Афғонистону Хатлон мезистаанд.

Аз ҷумла: Сайид Муҳаммад, Сайид Муҳаммадсобир, Сайид Абдулғанӣ, Сайид Абдуллоҳ, Сайид Ҳусайн, Сайид Ҳасан, Сайид Наврӯз, Сайид Боқир, Сайид Абдулҳодӣ, Сайид Яҳё, Сайид Ҳасан (шореҳи Қонуни Ибни Сино), Сайид Амируддин, Сайид Ҳодӣ, Аллома Сайид Ризо, Сайид Алӣ (соҳиби китоби Кулҳул ҷавоҳир), Сайид Асгар, Сайид Муҳаммадтайиб, Сайид Мустафо, Сайид Муҳаммад Анис (соҳиби китоби Рашаҳоти Кавсар), Сайид Сафдар, Сайид Аҳмад, Сайид Абдулҳаким маъруф ба Ҳакими Шоҳӣ, Сайид Аҳмад маъруф ба Диналишоҳи Кашмирӣ (падарбузурги Имом Хумайнӣ, ки аз Кашмир ба Ироқ ва аз он ҷо ба Хумайни Эрон кӯч кардааст) ва Сайид Оқо Мустафо (падари Имом Хумайнӣ).

Нигоҳе ба зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Пурсид азизе, ки Алӣ аҳли куҷоӣ?

Гуфтам, ба вилояти Алӣ, аз Ҳамадонам.

Не з-он Ҳамадонам, ки надонанд Алӣ кист,

Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донам.

(Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ абармарде аз сулолаи поки ҳазрати Расули Акрам (с), ки чунон ки ишора шуд бо 17 восита ба Алӣ ибни Абӯтолиб (к) мерасад, модараш ба номи Фотима хоҳари Алоуддавлаи Симнонист.

Сайиди Ҳамадонӣ аз урафои бузурги ислом ва аз мафохири арзандаи Эронзамин аст, ки бисёре аз камолот ва сафои ботинро дар ҳадди аъло доро ва дар айни ҳол ба зевари илм, адаб, шеър ва дониши фаровон ороста будааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ (мутобиқ бо 12 октябри соли 1314 милодӣ) дар як хонаводаи ашрофӣ ва мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи ҳокимони вақт, ба дунё омад, вале аз овони кӯдакӣ ба завоҳири зиндагии падар таваҷҷӯҳе надоштааст.

Дар ҳамон даврони кӯдакӣ мавриди алоқаи тағои худ Алоуддавлаи Симнонӣ қарор мегирад ва Алоуддавла ӯро ба дасти яке аз бузургон ба номи Абулбаракот Тақиюддин месупорад, то ба ӯ роҳи таҳзиби нафс ва тазкияи руҳро биомӯзад. Сайид дар як муддати кам назди устодаш мақоми волоеро тай мекунад, сипас бо иҷозаи ӯ назди орифи бузурги Ҳамадон, Шайх Маҳмуди Маздақонӣ солиёне ба риёзат мепардозад.

Сайид мусофиратҳое дошт ва дар онҳо ранҷҳо мекашад ва сахтиҳои зиёде мебинад, вале ганҷҳое маънавӣ ҳам ба даст оварда ва ба ҳузури чаҳорсад нафар аз бузургони илму дониш ва уламо ва урафои солеҳ расида ва касби файз менамояд.

Мир Сайид Алии ориф, танҳо як солики дарунгаро набуда, ки фақат таваҷҷӯҳ ба ботин ва ишқ ба ҷамолу камоли мутлақ дошта бошад, балки аз таваҷҷӯҳ ба зердастон ва бандагони Худо дар ғафлат набудааст. Ҳамеша саъй мекарда, ки ғарқшудаеро наҷот бахшад ва зулмеро бизудояд. Ба ёронаш тавсия мекарда, ки: "Бузургтарин ҷиҳод сухани ҳақ дар баробари раҳбарони золим аст". Ӯ худ дар ин майдон муҷоҳиде кӯшо ва хастагинопазир буда ва бархӯрдҳои тунде бо Амир Темурланг доштааст, ки сабаби тарсу ваҳшати вай мешуда ва шогирдони мактаби ҷиҳодашро ба сарнавишти сахте дучор сохтааст.

Оре, орифи Ҳамадон як олими якҷониба набуда, ки танҳо роҳи риёзат ва ислоҳи ботинро ба мардум нишон диҳад, балки дар зимни таблиғоти динӣ ва исломии худ, дар Ҳиндустон таваҷҷӯҳи дақиқ ва ҳисобшуда ба умури моддӣ ва дунявии мардум доштааст. Дар тарвиҷи санъат ва ҳунарҳои дастӣ монанди қолинбофӣ, сангтарошӣ ва дигар корҳои дастӣ ба шеваи эронӣ дар Ҳинд бисёр кӯшида ва ба пахши фарҳанг ва забони порсӣ, Эрони Кучаке дар он кишвар ба вуҷуд овардааст. Дар ин бора Аллома Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:

Хиттаро он Шоҳи дарёстин,

Дод илму санъату таҳзиби дин

Офарид он мард Эрони Сағир

Бо ҳунарҳои ғарибу дилпазир

Дар бораи мусофирати Сайид ба Кашмир ва иқомат дар он ҷо ва гаравидани ҳиндуён ва будоиён тавассути ӯ ба ойини ислом, аз забони Оятуллоҳ Писандида шунидем. Ин сайиди бузургвор тавониста дарахти исломро дар замини куфр ва дар дили ҳиндуҳо ва будоиён бикорад. Дар шаҳри Сринагари Кашмир дар канори дарё иқомаи намози ҷамоат мекарда ва дар ҳамон макон мардумро бо пандҳои дилнишини худ иршод ва тарбият кардааст. Баъдҳо он макон ба сурати масҷиде даромада ва ба "Хонақоҳи Муалло" ё "Масҷиди Шоҳи Ҳамадон" шӯҳрат дорад ва дар ҳамон ҷо тавониста китобхона, мадраса ва хонақоҳе ҳам бисозад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 786 ҳиҷрии қамарӣ аз Кашмир ба нияти сафари Ҳиҷоз, бо шуморе аз шогирдонаш хориҷ мешавад. Чун ба Похлӣ (Кунар) мерасад, бино бар тақозои раиси Похлӣ муддате дар он ҷо мемонад. Вақте моҳи зулҳиҷҷа ворид мешавад, бемор мегардад ва дар шашуми моҳи зулҳиҷҷа шаби чаҳоршанбеи соли 786-и ҳиҷрии қамарӣ (1386-и милодӣ) аз дунё меравад. Ҷанозааш ба Хатлон ҳамл мешавад ва дар ҳамин маҳалле, ки феълан дар Кӯлоби имрӯз воқеъ шудааст, дафн мегардад ва қабраш аз ҳамон таърих то ба имрӯз мазори ҳазорон дилдодагон ва шефтагон қарор гирифтааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi