16:19:49 03-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНИИ ТОҶИРОН АЗ ҚАТЪИ ҲАРАКАТ ДАР ГУЗАРГОҲИ КУЛМА

Қатъи ҳаракат дар роҳи байни Чин ва Тоҷикистон аз гузаргоҳи Кулма, маҷрои мол ва нақлиётро аз Чин ба Тоҷикистон дубора ба масири Қирғизистон баргардонидааст. Ин ҳол соҳибкоронро на танҳо бо коғазбозӣ ва расмиятҳои изофӣ, балки ришвату тамаъҷӯиҳои бештар ва харҷи зиёдтар рӯбарӯ кардааст.

/images/stories/2011/11/27_sarhad-271111.jpgТоҷир Музаффар Муборкшоев, ки нав аз сафари Чин баргаштааст, мегӯяд, соҳибкорони тоҷик ҳангоми интиқоли бори тронзитӣ аз тариқи Қирғизистон сармояи зиёде аз даст медиҳанд, ки ба кисаи афроди алоҳида меравад. Вай мегӯяд, "барои хар як комюни борбар аз соҳиби мол то 3 ҳазор доллар талаб мекунанд ва намедонӣ, ки барои чӣ."

Соҳибкори дигар мегӯяд, ҷои ба кисаи порахӯру дузду "рекет" рафтани пул дар ҳудуди Қирғизистон беҳтар аст, ки ин маблағ ба буҷаи давлати Тоҷикистон ворид шавад ва барои ободии ватан сарф шавад.

Абдуқаҳҳор Ҳикматов, намояндаи ширкати тиҷоратии "Истаравшан" мегӯяд, "Аз тариқи давлати дигар ворид кардан мол мушкил аст. Агар тавассути роҳҳои Тоҷикистони худамон оранд, танҳо як "растаможка" мекунанду халос. Он вақт кор саҳл мешавад..."

Ин шикоятҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҷодахои Бадахшон дар фасли  сармо баста мешаванд, ҳарчанд масъулони гумрук мегӯянд, омодаанд, тамоми чаҳор фасли сол гузаргоҳи Кулмаро боз нигаҳ доранд. Онҳо мегӯянд, аз оғози сол то ба ҳол ба воситаи ин роҳ ба арзиши зиёда аз 36 миллион доллар молу коло ба кишвар ворид шудааст.

Сардори муассисаи роҳҳои вилоят Муҳаммадҷон Ширинҷонов мегӯяд,  ҳарчанд барои нигаҳдории ҳар як километри роҳҳои дорои аҳамияти байнулмилалии вилоят моҳе ҳамагӣ 120 сомонӣ тахсис ёфтааст, ба камбуди буҷа ва техникаи фарсуда нигоҳ накарда, онхо маҷбуранд, роҳро барои нақлиёт хамеша боз нигоҳ доранд.

Вале ин роҳҳо вазну шиддати ҳаракат дар ин масирҳоро надоранд: "100 адад чунин автомашинаҳое, ки аз меъёр зиёд, бештар аз 50 тонна бор доштанд ва нисбатан дароз буданд, дар рӯзҳои барфу борон ба хотири таъмини бехатарӣ бо дархости мо дар Мурғоб боздошта шуданд.”

Ба гуфтаи Муборакшоев, бо резиши нахустин барф ронандагони чинӣ ба далоили амниятӣ аз интиқоли бор ба Тоҷикистон худдорӣ меварзанд. Вай афзуд, аммо боз гузоштани роҳ барои боркашҳои миёнаҳаҷм имконпазир аст.

Дар ҳамин ҳол, сардори шӯъбаи иктисоди ҳукумати вилояти Бадахшон Латиф Шозодаев мегӯяд, ин кор то ҳадди ақал 1-2 соли дигар ва то оғози фаъолияти доимии роҳи миёни Тоҷикистону Чин ба воситаи Кулма имконпазир нест.

Зоҳиран, мақомот интизори тасмими тарафи Чин дар бозсозии роҳанд, ки қарор аст, соли оянда оғоз шавад. Пас, барои тоҷирон масире ба ҷуз Қирғизистон ва чорае ба ғайр аз таҳаммули пардохтҳои ҳангуфт боқӣ намемонад. Ҳадди ақал то чанд соли дигар.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854