16:52:46 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲЕЗУМИ ГАРОННАРХ, ЗИМИСТОНИ САРД ВА УМЕДҲОИ ХОЛАИ МАРЗИЯ

Холаи Марзия, як зани солхӯрдаи сокини Кӯлоб, рӯзи сеюм аст, ки барои пур кардани балони гази моеъаш ба назди нуқтаи фурӯши газ меравад, аммо навбаташ нарасида, бегоҳ мешаваду гашта ба хона меояд.

/images/stories/2011/11/26_cenerated_thumbnail_2011.jpgӮ бояд саҳари барвақт барои наберагонаш чой ҷӯшонад, то баъдан онҳо сари вақт ба мактаб раванд. Бо нерӯи барқ ҷӯшонидани чой мушкилоти зиёд дорад. Саҳар ҳамагӣ 3 соат барқ бо шиддати паст медиҳанд, ки чойро базӯр дар якуним соат меҷӯшонад. Бо фарорасии фасли сармо, сокинони шаҳри Кӯлоб аз набудани маводи сӯхт барои пухтупаз ва гарм кардани хонаҳо азият мекашанд. Навбатҳои беохир барои пур кардани балонҳо дар ягона нуқтаи фурӯши гази моеъи шаҳр хоси Кӯлоб аст.

Рустам Бобоев, сардори шӯъбаи савдо ва иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, набудани гази моеъро дар таркиши яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи мазкур мебинад, ки ба думбол сӯхтор ва хисороти молӣ дошт. Маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои мардум то ба 6 соат низ ба мушкили мардум мушкили дигар зам кардааст.  

 Шаҳзода Қаюмова, мудири бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи ҳукумати шаҳр дар мавриди камбуди нерӯйи барқ мегӯяд: «Тибқи хабарномаи ахири телефонӣ ба ҳукумат расида, аз ҳукумати вилояти Хатлон шурӯъ аз  9-уми ноябри имсол тақсимоти меъёрии истифодабарии нерӯи барқ дар моҳи ноябри соли 2011 ба шаҳри Кӯлоб дар як шабонарӯз 620- ҳазор кВт тасдиқ шудааст.»

Бо дахолати раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев илова бар ин  8-ҳазор кВт соати дигар дода шуда истодааст. Таъминоти реҷаи муайяншудаи интиқоли барқ ба аҳолӣ, дар саҳар аз соати 5 то соати 20 муайян шудааст.

Ва аммо мушоҳидаҳо собит месозанд, ки аз ҷониби масъулини муассисаи Шабакаҳои барқи шаҳр ин реҷа низ ба таври зарурӣ риоя намешавад. Балки интиқоли барқ камтар сурат мегирад.

Гуфта мешавад дар шаҳр муассисаи ҶСШК «Гази Кӯлоб» низ ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо гази табиӣ ба ном амал мекунад. Дар асл шурӯъ аз соли 2005 кони гази Хоҷа-Сартез бар асари истифодаи нодуруст батамом аз кор баромадааст. Ҳамакнун «Гази Кӯлоб» аз кони гази Балҷувон дар як шабонарӯз ҳамагӣ аз 2 то 3 000 кубометр газ бо фишори хело паст мегирад, ки талаботи камтар аз 1 фисади сокинони хонаҳои баландошёнаро қонеъ мегардонаду бас.

Дар бозор бошад нархи 1 бандча ҳезум, ки тақрибан барои ҷӯшонидани ним литр об басанда аст, баробар ба дуюним сомонӣ аст.

Тилло Ҷалилов, раиси матлуботи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки дар шаҳр се нуқтаи фурӯши ангиштсанг доранд, аммо рафти таҳқиқот собит сохт, ки нуқтаҳои фурӯши ангишт усулан вуҷуд надоранд. Ҳамакнун умеди сокинон ба таппаки бобоӣ, яъне саргини гов аст, ки нархи як донаи он ҳам баробар ба 1 сомонӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта на бештар аз 70 дирам буд.

Дар ин замина пешгӯиҳои ҳавошиносон ҳам уммедворкунанда нестанд. Тибқи иттилои онҳо Тоҷикистонро имсол зимистони сарду дурудароз дар пеш аст.

Холаи Марзия бошад, умед ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бастааст, то онро зудтар сохта ба итмом расонанду мушкилоти ӯ ҳам дар фасли сармо ҳаллу фасл шавад.

Аҳдия, Кӯлоб, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi