15:21:41 03-уми Июни 2025 сол

БАСТАШАВИИ БОЗ ЯК МАДРАСАИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Қӯрғонтеппа фаъолияти як мадрасаи динӣ, ки дар он ҳудуди 90 нафар таълим мегирифтанд, қатъ шуд. Ҷумъаназар Сайидалиев, додситони Қӯрғонетппа, дар ҷараёни сӯҳбаташ бо аҳли зиёи шаҳр гуфт, ин мадраса бино бар надоштани санади расмии фаъолият баста шудааст. Додситонии маркази вилояти Хатлон мегӯяд афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба улуми исломиро ба афзоиши шумори масоҷиди ҷомеъву панҷвақта дар кишвар марбут донист, ки ба иддаои ӯ “фоли нек” нест.

/images/stories/2011/11/24_madrasakurgan-24112011.jpgҶаноби Сайидалиев ба талошҳои бархе аз гурӯҳҳо барои исломисозии ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки мояи нигаронии давлату мақомот шудааст. “Исломисозии ҷомеа дар шароити кунунии Тоҷикистон ба сиёсишавии ислом оварда мерасонад, ки ин фоли хуб набуда, метавонад вазъяити сиёсиву иҷтимоии кишварро ноором кунад”,-гуфт додситони шаҳри Қӯрғонтеппа.

Аммо Ҷумъаназар Сайидалиев дар ин сӯҳбати худ аз кадом гурӯҳи хосе, ки барои исломишавии ҷомеаи Тоҷикистон талош мекунад, ном набурд. Ҳоло масҷиде, ки мадрасаи басташуда дар заминаи он фаъоляит фаъолият мекард, ҳамроҳ бо чаҳор масҷиди дигар бинобар адами шароити мусоид барои намозгузорӣ ва вазъи бади эпидемиологӣ ба пардохти ҷарима маҳкум шудааст. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадум бунёд ёфта, аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳисоб мерафт.

Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, ҳам гуфт, ба имом-хатибони ин масоҷид ҳушдор додаанд, ки дар сурати ба зудӣ ислоҳ нашудани камбудҳои ошкоргардида фаъолияти онҳо қатъ хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфт, “ҳамин рӯзи ҷумъа мешавад, (мебахшед маро) роҳҳо баста мешаванд. Аммо як дарахт шинон гӯӣ, дарахт намешинонанд. Ба як ҳамсояат кӯмак кун гӯӣ, кӯмак намекунан...”

Бо ин ҳол, ба қавли додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа феълан 12 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи расман сабтиномшудаи маҳҳалӣ ва се ибодатгоҳи пайравони адёни дигар озодона фаъолият доранд ва ҳеҷ ниҳоди расмӣ барои фаъолияти онҳо маҳдудият эҷод накардааст.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854