16:01:39 03-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ ҚОРӢ САДРИДДИН: "ЧАРО МАРО АФВ НАКАРДАНД?"

Садриддин Тошев, як зиндонии тоҷик мулаққаб ба "қорӣ Садриддин", даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ин узви пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки мебоист бар асоси Қонуни афв ба озодӣ барояд, дар эътироз ба амалӣ нашудани он даст ба ин иқдом задааст. Вакили мудофеи Садриддин Тошев мегӯяд, дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди озодии зерҳимояаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш додаанд, аммо ӯ ҳанӯз дар зиндон ба сар мебарад.

/images/stories/2011/11/28_sadriddin_281111.jpgСадриддин Тошев зимни ирсоли як нома ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Додситонии кул, вазири адлия, раиси Маҷлиси намояндагон, Кумиссариёи СММ дар умури ҳуқуқи башар, Созмони Афви байнулмилалӣ ва расонаҳои дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон муроҷиат намуда, хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст.

Ӯ, ки дар зиндони шумораи 1-и Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо ҳукми додгоҳ дар нисбати амале, ки кардаанд ноодилона мешуморанд ва мехоҳанд, ки ба парвандаҳояшон таҷдиди назар карда шавад.

Оқои Тошев аз ҷумла гуфта буд, "Намояндаҳои собиқ опозитсиюне, ки дар инҷо ҳастанд, аслан ба афв шомил намешаванд. Ман бо ин ҷазои беш аз 20 соле, ки гирифтаам, комилан розӣ намебошам."

Аммо эътирози Садриддин Тошев дар мавриди татбиқ нашудани Қонуни афв нисбати ӯ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа аз поён ёфтани иҷрои қонуни афв хабар доданд. Ба қавли мақомот дар чаҳорчӯбаи ин тадбир бештар аз 4 ҳазору 300 нафар зиндонӣ афв шуда ва ба назди пайвандони худ баргаштаанд.

Дар миёни онҳо 196 нафар занон ва 153 нафар ноболиғон низ ҳастанд. Мӯҳлати зиндони беш аз 5 ҳазор нафари дигар камтар шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854