22:40:33 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

300 САР ҚУТОС ПОМИРИ ШАРҚИРО ТАРК НАМУДАНД

Нохияи дурдасти Мурғоб ба соҳаи чорводорӣ махсус гардонда шуда, сол аз сол дар ин минтиқаи дурдаст саршумори ҳайвони нодир меафзояд. Алҳол дар кулли хоҷагиҳо 18- ҳазор сар қутос мавҷуд аст.

/images/stories/2011/11/30_jaki-kutos_301111.jpgБаҳри равнақ додани соҳаи қутоспарварӣ дар дигар ноҳияҳо бахусус Кӯлобу Хуҷанд,Тавилдара, Ҷиргатол, Мастчоҳ ва Айнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз мавзеи Мурғоб ба ин ноҳияҳо навъи ҳайвони қутос бояд парвариш карда шавад. Аз ин рӯ бо супориши Вазорати кишоварзӣ 300 сар қутос ба ноҳияи Тавилдара бурда мешавад. Хоҷагии зотпарварии ноҳияи Мурғоб ӯҳдадор гардид 300 сар қутосро ба хоҷагии номбурда ҷудо намояд. Баҳри амалӣ намудани ин барнома Ҳукумати Ҷумҳурӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Сарвари хоҷагии қутоспарварии ноҳияи Мурғоб Канакбоев гуфт, ки  онҳо харидоронро бо шароити нигоҳубини хуби ин ҳайвоноти  манфиатовар ошно намуданд. Намояндаи ҳукумат Сиҷовиддин Исроилов ва сарвари яке аз хоҷагиҳои Тавилдара Мирзоев гуфт, ки то кунун дар манотиқи онҳо парвариши қутосҳо вуҷуд надошт.

Бо бурдани  кутосҳо ният доранд, ки фаъолияти ин соҳаи сердаромадро дар хоҷагиашон дар сатҳи лозими ба роҳ монанд. Бахусус ноҳияи Тавилдара, ки боду ҳавои он ба Помири Шарқӣ шабоҳат дорад ва он бешак барои қутоспарварӣ шароит фароҳам аст.

Дар ҳолате, ки барои нигаҳдошти як сар қутос дар фасли зимистон 300-400 кг алафи хушк масраф мегардад, вале барои хароҷоти нигаҳдошти як сар шохдори маҳалӣ бошад дар фасли зимистон якуним ҳазор килограмм алаф зарур аст,- иброз медорад коршинос Назриев.

Барои он, ки қутосҳо дар макони нав ба шароити иқлимашон тезтар мутобиқ гарданд, чорвопарварон асосан қутосҳои ҷавонро интихоб намуданд. Ҳамин тариқ 300 сар чорвои қутос тарки ватани аслӣ намуда, суи ватани нав ҳаракат намуданд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор» Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi