04:46:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШӮРООБОД: БУЗИ КӮҲИРО БО БУЗИ ХОНАГӢ ТАЗВИҶ КАРДАНД…

Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мутахассисони таҳҷоӣ дар натиҷаи дурагакунии бузи маҳаллӣ, яъне хонагӣ  бо бузи ваҳшии бисёр ҳам нодир-пармашох, навъи нави бузеро бв вуҷуд овардаанд, ки хусусиятҳои ҳарду ҳайвонро доро мебошад. Яъне мисли бузи ваҳшӣ бузург асту мисли бузи хонагӣ ором. Аз зарурати чунин ихтироъ муовини раиси ноҳия Шоев қисса кард.

/images/stories/2011/11/29_buzi-kuhi_291111.jpgТайи панҷ соли ахир олимон ва чорвопарварони маҳаллӣ саргарми ин кор буданд. Ба гуфтаи оғои Шоев дурагакунӣ ба хотири маҳфуз нигоҳ доштани насли бузи кӯҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ӯ афзуд: «Дар ин панҷ сол саршумори ин  навъи буз ба 20 сар расид. Мо интизор набудем, ки ба чунин натиҷаи хуб мерасем. Бузи ба вуҷуд овардашуда, ки то ҳол ном надорад, ҳам ба бузи хонагӣ монанд аст ва ҳам хусусиятҳои бузи кӯҳиро дорост. Хубии кор дар ҳамин аст, ки вазнаш аз волидайнаш бештар аст. Гӯшташ ҳам болаззат аст. Боз як бартарии кор дар ҳамин аст, ки парваришаш дар шароити кӯҳистони Шӯрообод хело саҳл аст».

Ва аммо чун нек назар афканӣ дар он мавзее, ки ин навъи  бузро ба вуҷуд овардаанд, тӯли чанд соли ахир аз олимон касе фаолият накардааст. Ба иттилои шоҳидон ин буз «ихтироъ»-и чорводорони ғолибан бесаводи худи русто аст. Дар ҳақиқат, тӯли солҳои ахир табиатшиносон аз нобудшавии бузи зебои пармашох сӯҳбат мекарданд.

Ҳасан Амиров сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бузи пармашох нодиртарин вуҳуш дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки дар Осиёи Миёна танҳо дар мавзеи Дашти Ҷами ноҳияи Шӯрообод дучор меояд.

/images/stories/2011/11/29_buzi-kuh1i_291111.jpgЯк шикорчии мавзеъи Даштиҷам бо исми Муҳаммадуллоҳ мегӯяд: «Солҳои 70-80 мо дар кӯҳистон аз ин намуди буз шикор мекардем, аммо тайи 20 соли ахир мо ба ин намуди ҳайвони ваҳшӣ дучор наомадаем. Дар мавзеъҳои дуртари деҳоти мо чанд адад боқӣ мондааст, ки афғонҳо шикорашон мекунанд. Бузҳои пармашох дар мавзее ба сар мебаранд, ки ҳудуди Тоҷикистон бошанд, ҳам усулан таҳти контроли марзбонони тоҷик нест».

Тибқи иттилои раиси ҳукумат ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов 35 000 гектар замини ноҳия дар тасарруфи афғонҳои саркаш қарор дорад. Ҷиҳати бероҳа ва касногузар будани ҷангалзорҳои кӯҳистони он мавзеъ ҳимояи он мушкилоти зиёд дорад.

Ҳамакнун дурагакунии ин намуди ваҳуш ба хотири наҷоти он аз нобудшавӣ идома дорад. Аммо суоле бе посух мемонад, ки табдил додани хусусиятҳои табиии ин буз маънии наҷот додани насли онро дошта метавонад? Агар не пас масъулини ҳифзи табиат бояд шитоб кунанд, то ҷиҳати дурагакунӣ насли он батамом аз байн наравад.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 30.11.2011 11:05
Акаи Подавон неки гапи рост гуфти. Аммо Кулоб зуртарай чем Бадахшон. Учада бузошонда домод кофтестану ичада хамаш арусу домодои худшона доранд. вахахахах
 
 
0 #1 Guest 30.11.2011 10:54
Салом акаи Ахмад... Рахмат барои ин маводи хонданиву аммо як чизаш нигаронкунанда ба назар менамояд, ки оё шумо боварии комил доред, ки ун бузхоро бо бузхои хонаги якчо карданашон ба манфиат бошад. Худо нишон надихаду агар ун бузхои хонаги ягон касалии СПИД бошанд чи? Худо аз хамин бузхои кухи нагирамон...Илт имос сари ин мавзуъ рушани андозед...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi