02:49:42 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РУСИЯ-ТОҶИКИСТОН: МУНОҚИШАҲО САДИ РОҲИ ҲАМКОРИҲО НАХОҲАНД ШУД

Ахиран Вазорати маорифи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳр тасмим гирифтанд курсҳои тайёрии се донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон ба номи Ломоносови Маскави Федератсияи Руссия, Донишгоҳи тиббӣ ва Аграрии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб таъсис диҳанд.

/images/stories/2011/11/26_images_26112011.jpgДавлат Амиров мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Аллакай дар ҳудуди коллеҷи тиббии шаҳр гурӯҳи авал барои Донишгоҳи тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Таҳсили курси тайёрӣ барои Донишгоҳи ба номи Ломоносов бошад аз моҳи декабр шурӯъ мешавад. Устодони ин гурӯҳҳо аз ҳисоби муаллимони коллеҷ ва ДДК мебошанд».

 Гуфта мешавад таҳсил дар курсҳои тайёрӣ шартномавӣ мебошад. Бо муҷарради анҷоми мӯҳлати таҳсили курсҳои тайёрӣ мутахассисони донишгоҳҳои мазкур барои гирифтани имтиҳони дохилшавӣ ба курсҳои асосӣ ба Кӯлоб меоянд. Перомуни шарҳи бештари матлаб ҷаноби Амиров гуфт: «Бояд гуфт таҳсил дар гурӯҳҳои тайёрӣ дар асоси шартнома сурат мегирад. Довталабон барои таҳсил дар гурӯҳи тайёрии Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон 500 доллар ва барои курси тайёрии донишгоҳи Ломоносов 300 доллар пардохт хоҳанд кард.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ чор муассисаи таълимӣ мавҷуд аст Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи Технологӣ, Коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи омузгорӣ. Мӯҳлати таҳсили шатномаҳо барои таҳсил дар ин макотиб аз 300 то  700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раванди кушодашавии курсҳои тайёрии мазкур дар ҳоле раҳандозӣ шудааст, ки  инъикоси қазияи  маҳкум шудани ду халабони рус дар Тоҷикистон, ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия дар васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ  то ҳанӯз идома дорад.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi