САБАБИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ МУРИС БУКОЙ
Вақте ки Франсуа Метеран зимоми умури Фаронсаро дар соли 1981 ба ӯҳда гирифт, аз ҳукумати Миср дархост кард, ки ҷасади мумиёшудаи Фиръавн барои гузаронидани баъзе озмоиш ва таҳқиқот ба Фаронса мунтақил шавад. Ҳангоме, ки ҳавопаймои ҳомили ҷасади Фиръавн ба замин нишаст, бисёре аз масъулини кишвари Фаронса, аз ҷумла Франсуа Метеран раиси Фаронса, дар фурудгоҳ ҷасади Фиръавнро истиқбол карданд.
Баъди маросими истиқбол, ҷасади Фиръавн ба маркази осори Фаронса интиқол дода шуд ва бузургтарин донишмандони бостоншиносӣ ва ҷарроҳони Фаронса, озмоиши худро бар руи ин ҷасад, ва кашфи асрори ин ҷусса, шуруъ карданд. Раёсати ин гуруҳи таҳқикотиро яке аз бузургтарин донишмандони Фаронса, профессор Мурис Букой ба уҳда дошт. Ӯ бар хилофи ҳамкоронаш, ки қасди тармими ҷасади Фиръавро доштанд, саргарми кашфи роз ва чигунагии марги Фиръавн буд.
Таҳқиқот идома ёфт, то поёни шаб натиҷаҳои ниҳоӣ дар бораи ҷасад кашф шуд ва бақоёи намак дар ҷасад далели ошкор бар ин буд, ки ӯ дар дарё ғарқ шуда ва мурдааст ва сипас аз он хориҷ карда шудааст ва ҷасади ӯро мумиёӣ карданд. Аммо масъалаи ғариб ва аҷибе, ки боиси тааҷҷуби бештари профессор Букой буд, ин масъалае буд, ки чи гуна ин ҷасад аз дигар ҷасадҳо солимтар боқӣ мондааст, дар ҳоле ки ин ҷасад аз дарё берун кашида шудааст?
Дар ҳоле, ки профессор Букой масруфи омода кардани гузориши ниҳоӣ дар мавриди таҳқиқот ва кашфи ҷадид, яъне марги Фиръавн ба василаи ғарк шудан дар дарё, ва мумиёӣ шудани ҷасад баъди берун кардани ӯ аз дарё. Дар ин ҳангом яке аз масъулин дар гуши ӯ гӯфт, ки дар интишори натиҷаи таҳқиқ шитоб накунад, зеро натиҷаи таҳқиқ ва ончи мусалмонон дар бораи марги Фиръавн мегӯянд, мутобиқат дорад.
Мурис Букой бо шиддат ин хабарро рад кард ва онро баъид донист, зеро ӯ муътақид буд, ки расидан ба чунин натиҷаи бузург, мумкин нест, магар бо пешрафти илмӣ ва бо истифода аз имконот ва асбобҳои дақиқ ва пешрафтаи компютерӣ. Дар ҷавоб, яке аз ҳозирин баён кард, ки Қуръоне, ки мусалмонон ба он имон доранд, аз ғарк шудани Фиръавн ва солим мондани ҷасади вай баъд аз маргаш хабар додааст.
Баъди шунидани ин хабар, ҳайрати профессор Букой дучанд шуд ва аз худ савол мекард, ки ин чи гуна мумкин аст? Мумиё дар соли 1898 ва тақрибан дусад сол пеш кашф шудааст, дар холе ки Қуръони мусалмонон пеш аз 1400 сол пайдо шудааст? Ин бо ақл рост намеояд? Дар ҳоле ки на Араб ва на ҳеч инсони дигаре аз мумиёӣ шудани фиръавнҳо тавассути Мисриёни қадим, огаҳӣ надоштанд ва замони зиёде аз кашфи ин масъала нагузаштааст.
Мурис Букой тамоми шаб ба ҷасад нигоҳ мекард ва ба сухани дӯсташ фикр мекард, ки чӣ гуна Қуръони мусалмонон дар мавриди наҷоти ҷасади Фиръавн баъд аз ғарк шудан, сухан мегӯяд, дар холе ки китоби мукаддаси онҳо аз ғарк шудани Фиръавн вақти дунбол кардани Мусо(а) сухан мегуяд, аммо аз наҷоти ҷасад ҳеҷ сухане нест... ва бо худ мегуфт: оё ин ҷасаде ки пеши ман ҳаст, ҳамон Фиръавне бошад, ки Мусо(а)ро дунбол мекард? Ва оё мумкин аст, ки Муҳаммад(с.а.в) ҳазор сол қабл аз ин достон хабар доштааст?
Ҳамон шаб хоб ба сараш наомад, ва дар ҳамон шаб Таврот ва Инҷилро мутолаъа кард, аммо ҳеҷ зикре аз наҷоти ҷасади Фиръавн паёдо накард. Баъди анҷоми таҳқиқот ва тармими ҷасад, онро ба Миср боз гардонданд, вале Мурис Букой хотираш ором нагирифт, ва тасмим гирифт, ки ба кишварҳои Исломӣ сафар кунад, то аз дуруст будани хабар дар бораи зикри наҷоти ҷасади Фиръавн тавассути Қуръон итминон ҳосил кунад. Ӯ бо бисёре аз донишмандони соҳаи ҷусса (анатомия), мулоқот анҷом дод ва яке аз онҳо Қуръони Каримро боз кард ва ин оятро барояш тиловат кард:
""فَالْیَوْمَ نُنَجِّیکَ بِبَدَنِکَ لِتَکُونَ لِمَنْ خَلْفَکَ آیَةً وَإِنَّ کَثِیراً مِنَ النَّاسِ عَنْ آیَاتِنَا لَغَافِلُونَ"
(пас имрӯз наҷот хоҳем дод бадани туро(ба ҳамон ҷасади ту, яъне бидуни тағйир), то боши нишона барои касоне, ки баъди ту меоянд, ва ҳар ойна бисёре аз мардум аз нишонаҳои мо бехабаранд). Шунидани ин оят ӯро бисёр зери таъсир қарор дода, вуҷудашро ба ларза даровард ва бо садои баланд фарёд зад: "Ман дар Ислом дохил шудам ва ба ин Қуоъон имон овардам".
Мурис Букой бо диду назариёт ва эътиқоди дигар ба Фаронса баргашт ва солҳои зиёд машғули таҳқиқи ҳақоиқи илмии муосир ва муқоисаи онҳо бо Қуръони Карим шуд. Дар ин муддат як маврид ҳақиқати илмиеро пайдо накард ки бо Қуръон дар тазод бошад. Ин баҳсу таҳқиқ имони уро ба Ислом ва Қуръон қувват бахшид, ва ҳақ будани каломи Худоро, ки мефармояд:
لَايَأْتِيهِالْبَاطِلُمِنْبَيْنِيَدَيْهِوَلَامِنْخَلْفِهِتَنْزِيلٌمِنْحَكِيمٍحَمِيدٍ"
(Ҳеҷ гуна ботиле аз ҳеҷ ҷиҳате ва назаре мутавачеҳи Қуръон намегардад, чаро ки Қуръон, фуру фиристодаи зотест, ки бо ҳикмат ва сутуда аст) собит намуд. Мурис Букой таҳқиқоти худро дар китобе ба номи «Инҷил, Қуръон ва илм» ба чоп расонд.
Манбаъ: сомонаи «Наҳзат»
Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3468-2010-10-31-17-08-58.html
-
15.08.2025 17:52
122
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе
-
07.08.2025 13:54
185
Суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
-
07.08.2025 13:52
176
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
07.05.2025 23:59
687
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
833
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
693
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
15.08.2025 17:48
114
Мулоқоти роҳбарони мақомоти энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
-
08.08.2025 20:33
165
Баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
-
08.08.2025 20:31
155
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
14.10.2024 18:41
1161
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1877
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3564
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.08.2025 17:43
117
Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани талаботҳои он
-
15.08.2025 17:41
135
Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон
-
08.08.2025 20:29
148
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст
-
17.07.2025 18:32
221
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
705
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
697
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
646
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
702
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
645
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
1011
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1206
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2081
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
808
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
798
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1985
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
28.06.2025 14:52
349
Ваҳдати миллӣ – рукни асосии субот ва пешрафт
-
19.09.2021 19:28
2300
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2301
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
27.04.2025 14:10
619
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
751
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
638
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3109
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3268
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3734
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
Шарҳҳо
ogoh bowed ki dar hamai ta`rix har hukumate ki ba andewahoi e`tiqodii mardum muxolifat kardast shikast xurdaast. pas naboyad ba e`tiqodoti mardum muxolifat kard agar voqean obodi va ozodi sulhu oromi mexohed ba Xudo qasam man baroi in millat ashk merezam va duo mekunam iltimos nazari manro barored to bifahmand siyosatmadoroni mo ki kori xube namekunand oxir magar hadafi onho ta`mini oromiwu amniyat nest???
Тамоми Олимони чахон ба Ислом руй оварда истодаанд, аммо мусалмонони Точикистон бошанд нафрат ба ислом доранд ва харакат доранд, ки арзишхои Исломро нобуд кунанд. Ин дини Худост. Хеч кас ин динро маглуб карда наметавонад.
RSS Обуна