11:07:16 13-уми Майи 2026 сол

“Танзими ҷашну маросим зери назорат аст!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои дин, танзими ҷашну маросими мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

7 qonuni tanzim 8965451245Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1586 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо амал менамоянд. Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти ин комиссияҳо нишон дод, ки дар ҳудуни вилоят ташкилоту муассисаҳо фаъолият мекунанд, ки то ба ҳол дар онҳо комиссияи доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода нашуда ва дар баъзе ҳолатҳо комиссия таъсисдодашуда бошад ҳам, аммо он умуман фаъолият намекунад.

Чунончи, санҷиш дар Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии бемориҳои сил”-и вилояти Хатлон нишон дод, ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №95 аз 1 марти соли 2018 бо фармоиши сардори Маркази мазкур Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷамъияти оид ба танзими ҷашну маросим тасдиқ карда шуда, вале то ҳол дар марказ гӯшаи танзими ҷашну маросим ташкил карда нашудааст. Гарчанде аъзоёни комиссия иваз шуда бошанд ҳам, аммо ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиш аз нав таъсис дода нашуда, дар давоми соли 2025 ва сипаришудаи соли 2026 ягон маротиба ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ гузаронида нашудааст.Инчунин, омӯзиши бастаи назорати нишон дод, ки ҳангоми таҳия ва ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла дар фармоиши сартабиби Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии бемориҳои сил”-и вилояти Хатлон таҳти №10, аз 04 январи соли 2025 калимаҳои “Конуни”, “Чумхурии”, “Точикистон”, “тасдик”, “Хар”, “мох” ва ғайра чоп карда шуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021,№268 тасдиқ шудааст” дағалона вайрон гардидааст.

Чунин қонунвайронкуниҳо дар Маркази равонпизишкии вилояти Хатлон ва Маркази вилоятии бемориҳои чашми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда амр ва пешниҳод ирсол карда шуд.

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки аз ҷониби кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути воситаи ахбори омма ва дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ 140 вохӯрию суҳбатҳо анҷом дода шудааст.

Новобаста аз корҳои анҷомдода то ба ҳол холатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида риоя ва иҷро накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ба мушоҳида расида, дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 103 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардида, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Масалан, Давлатова Нозанин Хидирназаровна, сокини ноҳияи Кӯшониён санаи 07 январи соли 2026 аз соати 22:00 дақиқа cap карда, маракаи зодрӯзашро дар қаҳвахонаи “Бомазза” воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар бо иштироки 8 нафар, иборат аз дугонаҳо ва ҳамкоронаш яъне шахсоне, ки ба доираи оила дохил намешаванд гузаронидааст.

Ё ин, ки Ҷунайдуллои Ҷурабек ҳамроҳи ҳамсараш Исоева Қумрихон санаи 30 декабри соли 2025 бо мақсади анҷом додани маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудй рафта, 12 январи соли 2026 тавассути Ҷумҳурии Узбекистон аз зиёрати маросими ҳаҷ баргашта, санаи 14 январи соли 2026 дар манзили истиқоматиаш ба хешутаборон ва ҳамсояҳояш дар ҳуҷрахои манзили истиқоматиаш дастархон ороста, таом пешниҳод карда гузаронидааст.

Инчунин, Бустонов Худойдод Маҳмадиевич, сокини ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти А.Авазов, деҳаи Истикдол, миллаташ тоҷик, туйи писари амакаш Бустонов Баҳром, ки санаи 6 декабри соли 2025 аз соати 18:00 то соати 21:00 баргузор шуда буд, пул часпонидааст.

Ҳамчунин, Азизов Саидаброр Олимович, соли таваллудаш 06.10.1970, сокини ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти К.Сайфуддинов, деҳаи Селга, санаи 05 феврали соли 2026 соатҳои 18:30 дақиқа маъракаи гавҳорабандони набераашро бо додани 2 намуд таом оши палов ва шӯрбо дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи боло бо даъвати зиёда аз 20 нафар сокинони маҳалла ва хешони наздик гузаронидааст.

Аз рӯи ин ҳолатҳо нисбати Давлатова Н.Х. санаи 10 январи соли 2026, Ҷунайдуллои Ҷ. 23 январи соли 2026 ва нисбати Бустонов Х. 17 январи соли 2026 бо моддаи 481 қимҳои 1, 2, 3 ва 5 КҲМ Ҷумҳурии

Ҳамин тариқ, бо натиҷаи 38 санҷиш баҳри бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 91 пешниҳод, 18 амр унвони шахсони мансабдор ирсол карда шуда, бо санадҳои ғайриқонунӣ 10 эътироз оварда, нисбати 80 нафар истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, нисбати 103 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 1 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Прокуратураи вилоят минбаъд низ ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораҳои судманд меандешад.

Насриддинзода З.С., Прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ