“Мубориза бо коррупсия вусъат меёбад!”
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №15 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро дар фаъолияти мақомоти муборизабаранда бо коррупсия дар давраи сипаригаштаи соли равон мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 45 ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва бо онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳолатҳои бо асосҳои сафедкунанда дар ин давра рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ҷой надоранд.
Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 148 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, бо 118 -тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаҳои 319 -320 3 (4), 245 -40 (34), 314-316 -15 (12), 247 -16 (16) ва дигар ҷиноятҳо – 44 (33) оғоз карда шудааст.
Аз ин шумора, 28 парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардида, дар 4 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ бо дигар парвандаҳо ҳамроҳ карда шуда, 3 парвандаи ҷиноятӣ ба тобеъият ирсол карда шуда, 3 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд боздошта шуда ва 80 парвандаҳои ҷиноятӣ дар пешбурд қарор доранд.
Ҳамчунин, 3 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба гирифтан ва додани пора, аз ҷумла аз ҷониби прокуратураи ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ 1-тогӣ вобаста ба гирифтани пора ва 1 парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи прокуратураи ноҳияи А.Ҷомӣ вобаста ба додани пора оғоз карда шуда, дигар прокуророн дар ин самт фаъолият накардаанд.
Бояд қайд кард, ки ҳар як ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят зери назорати қатъии прокуратураи вилоят қарор дошта, пеш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, маводҳои ҷамъоварда аз тарафи шуъбаҳои дахлдори прокуратураи вилоят омӯхта шуда, баъди бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини санҷиши пурраи мавод парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда мешаванд.
Аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои он дар самти истифодаи ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ, маблағҳои зарари ошкоршуда ва барқароршуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа ва бо ин васила ба самъи аҳолӣ расонидани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, алалхусус тағйироту иловаҳои воридгашта вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани он пешбинӣ гашта, прокуратураи вилояти Хатлон чораҳои амалиро дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин асос роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 110 486 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар се моҳи аввали соли 2026 бо парвандаҳои ҷиноятии тафтишнамудаи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарари ошкоргардида ба манфиати давлат 1 195 363 сомониро ташкил мекунад.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ 635 904 сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.
Ғайр аз ин дар ин давом аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 35 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, бо онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб ирсол гардида, 22 ададаш мавриди баррасӣ қарор гирифта шахсони мансабдор ба маблағи 31 200 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Боқӣ 13 парвандаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
Оид ба пешгирии коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 84 ташкилоту муасссиса ва идораву корхонаҳои ҳудуди вилоят дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Прокуратураи вилоят минбаъд низ назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ кардани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои муаассирро меандешад.
Шайдуллозода О.Ш., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлия дараҷаи 1
















