“Замин ба назорат ниёз дорад!”
Бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таъмини иҷрои талаботи фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5-24 аз 27-уми феврали соли 2019 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузории истифодаи замин», қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи вилоят, супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилоят, нақшаҳои корӣ дар ин самт дар давраи сипаригаштаи соли 2026 корҳои муайянеро ба сомон расонида, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшида, назорати иҷрои қонунгузории заминро боз ҳам пурзӯр ва чораҳои самараноки прокурорӣ андешидаанд.
Дар ин давра, дар ҳудуди вилоят дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин нишондиҳандаҳои фаъолият беҳтар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд.
Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт 70 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 3051 қонунвайронкуниҳо ошкор гардидааст.
Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1261 санадҳои эътиноии прокурорӣ аз ҷумла 475 амр, 548 эътироз ва 238 пешниҳод бароварда шуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 386 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 197 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1021 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 174 (парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, ки аз ин 38 парвандаи ҷиноятии дорои коррупсионӣ ва 22 парвандаи ҷинояти хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ дошта мебошанд.
Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки нисбати соли гузашта 224,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 22,41 (17,69) гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта майдони 4,72 гектар зиёд мебошад.
Аз 174 адад парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида 37 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст, ки аз ин 7 парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 9 адад нисбати раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 11 адад нисбати кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо, 8 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2 адад нисбати дигар шахсони мансабдор мебошанд.
Дар ин давом ҳолатҳои бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замини муассисаҳои давлатӣ, беасос қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи онҳо ва инчунин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо мақсадҳои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун додани ғайриқонунии қитъаҳои замини муассисаҳои давлатӣ низ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Масалан, бо қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 3 декабри соли 2024 таҳти №537 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Ҳакимов Муродхуҷа Абдулазизович” масоҳати 352 м2 қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба истифодабарии якумраи меросӣ дода шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки қарори мазкур баръало ғайриқонунӣ қабул шуда, ба Ҳакимов М.А. қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз тарҳи №162-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Ховалинг, ки он ба ҳудуди заминҳои корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ховалинг мансуб мебошад, хилофи талаботи моддаҳои 5, 9 1, 17 2, 26 1 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Ин ҳолатро прокуратураи вилоят ошкор ва нисбати қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 03 декабри соли 2024 таҳти №537 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Ҳакимов Муродхуҷа Абдулазизович”, бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш эътироз оварда шуда, қарори ғайриқонунии раиси ноҳия бекор карда шуд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки дар асоси дархостҳои сармутахассис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг Раҳимов К.Ҳ. аз тарафи мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия Судуров Н.Ш. парвандаҳои заминсозӣ тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ масоҳати 2,75 гектар заминҳои ҳудуди корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ховалинг дар давоми солҳои 2019-2025 ба шаҳрвандон Сангиҳмадов З., Усмонов М., Ҳакимов М., Комилов С., Сатторов М. ва дигарон ғайриқонунӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.
Аз ин рӯ, нисбати Раҳимов К., Судуров Н. ва дигарон бо моддаи 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Чунин мисолҳо ягона набуда, ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани қитъаи замини муассисаҳои давлатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои Норак, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Муъминобод низ ошкору чораандешӣ карда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгиии қонунвайронкуниҳо дар самти замин чораҳои дахлдор андешида дар давраи сипаригаштаи соли равон бештар аз тарафи кормандони прокуратура бештар аз 120 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо ва байни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳоро анҷом додааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон ба риояи иҷрои қонунгузориҳои замин диққати ҷиддӣ дода, назоратро вобаста риояи иҷрои қонунгузорҳо пурзӯр хоҳад кард.
Кенҷазода А.Х., Сардори бахши назорати иҷроиқонунгузории замин,мушовири адлияи дараҷаи 1
















