13:45:40 24-уми Апрели 2026 сол

Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд

16 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия иштирок ва суханронӣ намуд.

3 fayzali idizoda 895451245Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки дар шароити имрӯза, мутаассифона, мо бо мушкилоту монеаҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, балки ба таъмини ҳамзистии осоишта ва татбиқи принсипҳои сулҳ ва адолат, ки ҳам барои мо ва ҳам барои наслҳои оянда муҳиманд, вобаста мебошанд.

«Мо аз афзоиши хушунат, муноқишаҳои мусаллаҳи минтақавӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва тартиботи устувори ҷаҳонӣ нигарон буда, ҳамаи амалҳоеро, ки боиси ранҷу азоби инсонӣ ва мушкилоти густурдаи башардӯстона гардида, ҳаёти аҳолии осоиштаро таҳдид менамоянд ва суботи минтақаро халалдор месозад, маҳкум мекунем», -афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пайваста нақши муҳимми қонунгузоронро дар қабули қонунҳое, ки ризоияти шаҳрвандӣ, амният, рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварро таъмин мекунанд, махсусан дар заминаи дастгирии сулҳ ва субот таъкид менамоянд.

«Мо, вакилони мардумӣ ба он назарем, ки иҷрои самараноки вазифаҳоямон ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва ташаккули низоми устувори сиёсӣ мусоидат менамояд. Барои мо – вакилони мардумӣ имконият фароҳам гардидааст, ки дар ташаккули умеду орзуҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба сулҳу созиш дар саросари ҷаҳон тавассути шаффофият ва иштироки шаҳрвандон дар раванди қонунэҷодкунӣ саҳм гузорем.

Аз ин минбари баланд мехоҳам ба вакилони тамоми ҷаҳон дар роҳи таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафт комёбиҳо таманно намоям», — изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ