16:30:09 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Афсӯс, ки айёми шарифи Рамазон рафт...

"Ва ҳар гоҳ одамӣ бо ранҷу зиёне дарафтад, ҳамон лаҳза ба ҳар ҳолат бошад, аз нишаставу хеста ва истода фавран Моро ба дуо мехонад, он гоҳ, ки ранҷу зиёнаш бартараф шуд, боз ба ҳоли ғафлат ва ғурур чунон бозмегардад, ки гӯӣ ҳеҷ Моро барои дафъи зарар ва ранҷи худ нахонда, ҳамин куфрон ва ғафлат аст, ки аъмоли зишти табаҳкоронро дар назарашон зебо намудааст". Сураи Юнус, ояи 12

ramazon-bakhayr-2013Инак, дар остонаи хайрбод бо як Рамазони дигар қарор дорем. Моҳи нусрату баракат олами пур аз мушкилоти моро тарк мекунад ва боз мо мемонему ҳамон мушкилоти фарогири рӯзгор, ҳамон дардҳои куҳан ва ҳамон рӯзгори нобасомон. Моҳи раҳмат на танҳо аз кишвари мо, балки аз рӯи олам рахти сафар барбаст ва моро бо ҷумла мушкилотамон тани танҳо гузошт. Гумони ғолиб он аст, ки маҳз ҳамин як моҳ мо бо ӯ бинову тавоно будем. Мегуфтем чун ин моҳ моҳи Худост, пас мушкили мо низ муштарак аст ва дидем, ки он мушкил аслан бароямон мушкил набуд, рӯзӣ осон ба даст меомад, ризқи атфолро фаровонтар аз қабл меёфтем.

Бо ин ҳама ногузирем бо ин моҳи шариф то як соли дигар падруд бигӯем. Намедонем, ки Рамазони имсол аз мо чӣ хотироти хуш бурд. Шояд чизе надоштем, ки шоистаи ситоиш пешгоҳи Худованди Маннон бошад? Аз як соли пеш ёд меояд. Мо ончунон дар мушкилот ғӯтида будем, ки танҳо як чизро медонистем: бояд рӯза дорем ва таровиҳ хонем. Ва чун моҳи Шариф аз мо бирафт, бо ҳамон оҳанги хайрбоди таровиҳи рамазонӣ дари масҷидро ҳам фаромӯш кардем, таҳорату ибодатро низ як сӯ гузоштем. Ҳарчанд на ҳамаи мо, балки аксарияти мо. Худованд биёмурзад моро.

Рӯза покии қалбу рӯҳ аст

Рӯза дар Ислом ҳамеша ба хотири покии қалбу рӯҳ тавсия шудааст ва ин покӣ бандаро ба Худо наздик мекунад. Қалби торик ва пургуноҳ аз Худо дар гурез аст. Ва агар инсон бихоҳад ҳамеша бо Худо бошад, дар ёди Худо гом занад ва зиндагонии худро дар асоси фармудаҳои Илоҳӣ ба роҳ монад, муртакиби гуноҳ нашавад, бояд қалби худро аз олудагиҳо нигоҳ дорад.

Ва як роҳи пурсамари наздикӣ бо Худованд ва покиза нигоҳ доштани қалб ин рӯза доштан, истиғфор кардан, зикри пайвастаи он зоти якто ва ибодату тиловати Қуръон аст. Ва пайғамбари гиромӣ (с) умматро ба ин амалҳо пайваста ҳидоят кардаанд. Он Ҳазрат (с) ғайр аз моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои хосе рӯзадор буданд ва пайравонашонро талқин мекарданд, ки дар чунин рӯзҳо рӯза доштан муҷиби дарёфти аҷру савоби зиёд мешавад. Ин рӯзҳо кадом рӯзҳоянд ва фазилатҳошон аз чӣ иборат аст?

Аввалин рӯзае, ки баъди анҷоми моҳи мубораки Рамазон тавсия мешавад, рӯзаи шаш рӯзи шаввол аст. Дар ин бора ривоятҳои зиёде ворид шуда, ки якеро аз забони Абу Аюби Ансорӣ чун намуна меорем. "Расулаллоҳ (с) фармуд: Касе, ки Рамазонро рӯза бигирад ва баъди он шаш рӯзи шавволро ҳам рӯза бигирад, ӯ монанди ин аст, ки ҳамеша ва тамоми сол рӯзадор бошад".

Дар шарҳи ин ҳадис муфасирин овардаанд, ки ҳар бандаи мусалмоне, ки шаш рӯзи шавволро рӯза бигирад, монанди ин аст, ки ду моҳ рӯза доштааст. Зеро дар муқобили як рӯз рӯза даҳ рӯза савоб дода мешавад. Ва тамоми сол сесаду шасту чанд рӯз аст. Бинобар ин рӯзаи моҳи Рамазон баробар ба сесад рӯз буда, шаш рӯзи шаввол шаст рӯз ҳисоб мешавад. Пас он шаст рӯз ба далели ин ки такмилкунандаи як сол аст, ба ин монад, ки шахс ҳамеша рӯзадор бошад.

Дар арафаи Ошуро низ рӯза медоранд 

Бино ба ривояти аз Абуҳурайра (р) нақлшуда саҳобагон аз Расулаллоҳ (с) ҳукми рӯзаи рӯзи арафаро пурсиданд ва он Ҳазрат (с) посух доданд, ки рӯзаи он гуноҳи соли гузашта ва соли ояндаро маҳв мекунад. (Ривояти Муслим).

Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: "Расуллалоҳ (с) дар рӯзи ошуро худаш рӯза гирифт ва дигаронро ба рӯза гирифтан амр кард". Ба ривояти дигар Расулаллоҳ (с) фармуд, ки рӯзаи рӯзи ошуро гуноҳони соли гузаштаро маҳв мекунад.

Ин ҳадисро муфассирин чунин шарҳ додаанд, ки мурод аз маҳви гуноҳони соли гузашта гуноҳони сағира аст ва гуноҳони кабира танҳо бо тавба маҳв мешаванд.

Дар ҷои дигаре Расули Худо (с) гуфтаанд, ки агар то соли дигар зинда бошам, рӯзи нӯҳуми муҳаррамро рӯза мегирам. Нуҳуми муҳаррам ҳамон рӯзи ошурост.

Рӯзаҳои суннатӣ: душанбе ва панҷшанбе ва се рӯзи охири ҳар моҳ

То ин замон ривоятҳои зиёде расидаанд, ки Расули Худо (с) рӯзҳои душанбе ва панҷшабе рӯза мегирифтанд ва инро ба пайравонашон низ тавсия медоданд. Абуқитода мегӯяд аз Расулаллоҳ (с) аз ҳукми рӯзаи рӯзи душанбе пурсида шуд. Он ҳазрат (с) фармуданд: "Он рӯзе аст, ки дар он таваллуд шудаам ва дар он ба пайғамбарӣ мабъус шудам ва ё гуфт, ки дар он рӯз бароям ваҳй нозил шуд" (ба ривояти Муслим).

Аммо дар ҷои дигар аз Абуҳурайра (р) ин ривоятро мехонем, ки дар шарҳи рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе Расусллалоҳ (с) фармуданд: "Аъмоли инсон дар рӯзи душанбе ва панҷшабе арза карда мешавад, пас ман дӯст дорам, ки аъмоли ман вақте арза шавад, ки ман рӯзадор бошам". (ривояти Тирмизӣ). Яъне, аъмоли банда тавассути малоикаҳо ба Худовандаш дар ин ду рӯз пешниҳод карда мешавад. Аз ин рӯ Расули Худо (с) сареҳан ба ин ишора кардаанд, ки чун рӯзҳои душанбе ва панҷшабе аъмоли инсон ба Худо пешниҳод карда мешавад, дӯст дорам, ки дар ин ду рӯз рӯзадор бошам.

Оре, ин ҳам амали собитшудаи он Ҳазрат (с) аст. Яъне, се рӯзи ҳар моҳро рӯза мегирифтанд ва дар насиҳат ба саҳобагон онҳоро ба иҷрои ин амал, ки дорои савоби зиёд аст, даъват менамуданд. Дар аҳодиси набавӣ мо ҷо-ҷо мебинем, ки ин ё он саҳобаи киром насиҳати Расули Худо (с) ба худашро нақл кардааст. Чунончӣ, Абуҳурайра (р) мефармояд:

ӯстам Расулаллоҳ (с) маро ба рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ ва адои ду ракаат намози ишроқ ва ин ки намози витрро пеш аз хобидан бихонам васият кард". Абудардоъ (р) низ гуфта: "Дӯстам Расулаллоҳ (с) маро ба се чиз васият кард ва то вақте зинда ҳастам онҳоро тарк накунам: Се рӯз рӯза аз ҳар моҳ ва намози ишроқ ва бо ин ки то витрро нагузорам, хоб накунам".

Дар мавриди се рӯз рӯзаи ҳар моҳ ин нукта таъкид шудааст, ки афзалтар аз ҳама агар ин рӯзҳо рӯзҳои равшани моҳ бошанд, яъне рӯзҳои сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳ. Ва ин дар ҳадисе мушаххасан аз ҷониби Расули Худо (с) таъкид шудааст, ки он Ҳазрат (с) рӯза доштани се рӯзи ҳар моҳ дар рӯзҳои сафед, яъне сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳро тавсия додаанд".

ҒАЗАЛИ МИРЗО МУҲАММАДАЛИИ СОИБ

Афсӯс, ки айёми шарифи Рамазон рафт,

Сӣ ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт.

Афсӯс, ки сӣ пораи ин моҳи муборак,

Аз даст ба як бор чу авроқи хазон рафт.

Моҳи Рамазон ҳофизи ин галла буд аз гург,

Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.

Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат,

Шерозаи ҷамъияти бедордилон рафт.

Беқадрии мо чун нашавад фош ба олам,

Моҳе, ки Шаби Қадр дар ӯ буд ниҳон рафт.

Бархост тамиз аз башару соири ҳайвон,

Он рӯз, ки ин моҳи муборак зи миён рафт.

Бо қомати чун тир дар ин маърака омад,

Аз бори гунаҳ бо қади монанди камон рафт.

Бардошт зи дӯши ҳама кас бори гунаҳро,

Чун бод сабук омаду чун кӯҳ гарон рафт.

Чун ашки ғаюрон ба саропардаи мижгон,

Дер омаду зуд аз назари ҷони ҷаҳон рафт.

То оташи ҷӯъи Рамазон чеҳра барафрӯхт,

Аз номаи аъмол сиёҳӣ чу духон рафт.

Аз рафтани Юсуф наравад бар дили Яъқуб,

Онҳо, ки ба Соиб зи видои Рамазон рафт.

Эшони Сайид Имомиддини Ғозӣ

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 Эй ҳумои қудсӣ, эй моҳи сиём,

Файзи анворат гирифта хосу ом.

Сояафкан бар сарам рӯзи қиём,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Эй ту маншури наҷотӣ баҳри мо,

Манзалатбахшӣ зи қурби кибриё.

Мекашӣ ту бандаро сӯи Худо,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Ваъдаи раҳмат биёмад аввалат,

Авсатат гашта баёни мағфират.

З-оташи дӯзах халосӣ охират,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Чеҳраҳо хандон аз иқдоми ту,

Ҳосили фосид ба зери гоми ту.

Нур меборад зи субҳу шоми ту,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Ҳури ъйн пурғам шавад аз рафтанат,

Тоби хуршед кам шавад аз рафтанат.

Равнақи бад зам шавад аз рафтанат,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Аз фироқат дидагирёнем мо,

Аз ҷудоит дилбирёнем мо.

Зери чаккуш ба сандонем мо,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Бо забони ҳол мегӯяд ба мо,

Мекунад ҳар соате бар мо видоъ,

Ғофиландешӣ набояд бар шумо,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Ман саодатбахши авлоди башар,

Нафъро тарҷиҳ намоям бар зарар.

Ман шуморо дур созам аз хатар,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Арзатонро сӯи субҳон мебарам,

Нома аз ҳар чашми гирён мебарам.

Нолаҳои мустамандон мебарам,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Гар равӣ бар пойтахти подшоҳ,

Арз кун з-ин Ғозизоди пургуноҳ.

Лутф бинмо, то нагардад рӯсиёҳ,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!

 

Раббано фағфирлано аз лутфи худ,

Кун мушарраф бо ҷамолат, ай Вадуд.

Ҷумла моёнро ту магзорӣҷумуд,

Алвидоъ, эй моҳи раҳмат, алвидоъ!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi