14:22:21 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид...

Як рукни муҳими имон ба Худо ин парҳезгорӣ ва тақвост. Дар ояи 26 сураи Аъроф Худованди бузург ба бандагонаш тавсия медиҳад: "Либос ва пӯшиши тақво некутар аст".

"Тақво" дар асл аз моддаи "виқоя" ба маънии нигаҳдорӣ ё хештандорӣ аст. Ва тақво қарор додани рӯҳ аст дар як пӯшиши ҳифозатӣ дар баробари хатарҳо ва гоҳо тақворо ба хавф тафсир кардаанд. Хавф сабаби тақво мешавад ва дар урфи шаръ тақво ба маънои хештандорӣ дар баробари гуноҳон аст. Ва "камоли тақво" он аст, ки аз чизҳои шубҳаовар низ худдорӣ карда шавад.

duo-namoz-2013Домулло Саъдиддини Рустам дар мақолае тақворо як нерӯи назорати дарунии инсон мехонад, ки ӯро дар баробари туғёни шаҳватҳо ҳифз мекунад. Ва боз менависад: "Агар вуҷуди инсонро ба мошине монанд кунем, пас дар ин мошин тақво нақши тормузи нерумандеро бозӣ мекунад, ки инсонро дар бероҳа шудан ҳифз ва аз тезравиҳои хатарнок бозмедорад. Ҳазрати Алӣ (к) тақворо ташбеҳ ба маркабе кардааст, ки соҳибаш бар он савор аст ва лаҷомаш дар дасти ӯст ва ин маркаб то дохили биҳишт соҳибашро пеш мебарад".

Тақво ин худ бар асари тарс аз Худо ба вуҷуд меояд. Инсон ҳар амалеро, ки ба хайр далолат мекунад, бояд танҳо ба хотири Худо анҷом диҳад ва худдорӣ аз амали шарр танҳо дар сурати тарс аз Худо амри воқеъ мешавад.

Вақте аз ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ (р) пурсиданд, ки "тақво чист?" эшон онро ба ҳолати касе ташбеҳ кардаанд, ки аз як сарзамини пур аз хор гузар мекунад ва кӯшиш менамояд пойро ҷойе бигзорад, ки мабодо нӯги хоре дар пояш бинишинад ва ё доманашро бигирад. Ҳазрати Абубакр (р) ба суолкунанда рӯй оварданд ва гуфтанд: Агар аз гуноҳон чунин эҳтиёт кунем, ин тақвост. Яъне, ҳақиқати тақво эҳтиёт аз содир кардани гуноҳи кӯчаку бузург аст.

Тақвои Паёмбарон

Дар аҳодиси набавӣ далолат ба тарс аз Худо (ҷ) ва тақво пеша намудан зиёд вомехӯрад ва аз мазмуни он фармудаҳо чунин бардошт мешавад, ки парҳезу тақво ин аҳди бандаи солеҳ бо Худои худ аст. Ҳадиси Пайғамбарон (ъ) чашмаи тозаест, ки бо оби мусаффои худ ба дарёи нури ҳикмати Илоҳӣ мерезад ва он дарёро нуронитару серобтар мекунад.

Расулони Худо бо вуҷуди он ки соҳибони ваҳй буданд ва ҳамеша дар умури зиндагонии шахсӣ ва равиши давлатдорӣ ва даъвату иршод аз Худованд дастур мегирифтанд, боз ҳам худро оҷизтарини оҷизон медонистанд ва пайваста аз Офаридгор ҳидояту тақво талаб мекарданд. Чунончӣ, Ибни Масъуд (р) мегӯяд "Расули Худо (с) ин дуоро ҳамеша вирди забон доштаанд: "Эй Худо ман аз ту ҳидоят, тақво ва покдоманӣ ва исти?нои нафсӣ талаб дорам." (Ба ривояти Муслим)

Рӯзгори анбиё (ъ) худ омурзанда барои на танҳо муттақиён, балки барои ҳамаи бандагони солеҳ аст. Аксари аҳодис дарбаргирандаи бахше аз ҳаёти анбиёст, ки ё кардаанд ва ё дар посух ба пурсише фармудаанд. Дар ҳадисе аз Анас (р) ривоят аст, ки ҳазрати Расул (с) дар роҳ хурмоеро ёфт пас гуфт: "Агар наметарсидам, ки ин хурмо аз закот аст, онро мехӯрдам."

 Дар шарҳи ин ҳадис муфассирин мегӯянд "…агар инсон дар чизе шаку тардид кунад бояд аз иҷрои он худдорӣ намояд ва ин тарк кардан барояш беҳтар аст." Ба ҳамин маъно дар ҳадиси дигаре бино ба ривояти Тирмизӣ, ки боз ҳам "Риёзуссолиҳин" меоварад, аз Имом Ҳасан ибни Алӣ (к) ривоят шудааст, ки аз ҳазрати Расул (с) ҳифз кардам, ки гуфт: "Бигзор он чизеро, ки туро ба шак меандозад ва иқдом кун ба чизе, ки туро ба шак намеандозад." Яъне, инсони мӯъмин бояд ҳамеша бикӯшад аз миёни шакку гумону тардид онеро, ки ба тақво наздик бошад интихоб намояд ва ё аз чизе ки шак дорад, дурӣҷӯяд ва парҳез кунанд.

Ҳадиси зерро, ки Абу Зариф ибни Ҳотами Тойӣ (р) ривоят кардааст, низ метавон ба ҳамин маънӣ донист. Бино ба ривояти ӯ Расул (с) мефармуд: "Агар касе ба чизе савганд бихӯрад ва сипас бубинад, ки тақво дар ғайри он аст ва ё ғайри он ба тақво наздиктар аст, пас ба чизе, ки дар он тақво аст, амал кунад." Ин ҳадис гувоҳи он аст, ки тақво муқаддамтар аз қасамест, ки иҷрои он инсонро ба шакку тардид мебарад ва ё зери бори гуноҳи тозае меафканад.

Дар хабар аст, ки Худованди ҷаҳониён ба Пайғамбараш ҳазрати Довуд (ъ) бо як ширинии хоси Худо ва лаҳни басо дилҷӯи каломи Илоҳӣ ва бо меҳре, ки танҳо Офаридгор метавонад нисбат ба офаридаҳои худ дошта бошад, муроҷиат мекунад ва мегӯяд: «Эй Довуд (ъ) агар онҳо, ки ба ман пушт кардаанд медонистанд, ки ман чӣ гуна интизории ононро мекашам ва чӣ қадар муштоқи тарки нофармонии онҳо ҳастам, аз шиддати шавқ мемурданд ва аъзои баданашон аз ишқ ба ман аз якдигар мегусалид».

Тақвои солеҳон ва тақвои орифон

Шайх Саъдӣ алайҳирраҳма тақворо ду навъ медонад: яке тақвои солеҳон ва дигар тақвои орифон. Ва дар шарҳи ин ду мефармояд: "Вақте ки солеҳонро шайтон амали нописандида дар назар биёрояд ва нафс ва табиат моили он кунад, андеша кунанд аз рӯзи қиёмат ва ҳисоб, ки арсаи арзи аввалину охирин бошад…

Аммо баёни тақвои орифон он ки агар «… гӯшаи хотири эшон ба амале нокарданӣ илтифот кунад на аз азоби рӯзи қиёмат тарсанд, балки дар он ҳолашон аз Худои азза ва ҷалла шарм ояд, ки воқиф аст ва раво набошад дар назари бузургон афъоли қабеҳ.»

Ё ба қавли орифи Рай Юсуфи Ҳусайн "Суфиён қавмеанд донанд, ки Худо эшонро мебинад, пас эшон шарм доранд аз назари Ҳақ." Ва тақво аз назари аҳли тариқат шарти асосии расидан ба маъшуқи лоязол аст. Чунончӣ, аз ҳазрати имом Абуҳанифа (р) ривоят кунанд, ки дар бозор мегузашт миқдори нохуне гил бар ҷомаи ӯ чакид. Ба лаби даҷла рафт ва мешуст. Гуфтанд: Эй имом, ту миқдори муайян наҷосат бар ҷома рухсат медиҳӣ ва ин қадар гилро мешӯӣ? Гуфт: Оре, он фатво аст ва ин тақво аст.

Шайх Саъдӣ, ки худ низ аз пӯяндагони ин роҳу равиш ва пешвоёни сайри сулук дониста мешавад, дар идомаи таҳқиқот сари масоили рафтор ва гуфтори соликони роҳи тариқат тақвои солеҳонро чунин сифат мекунад:

Гадоён бинӣ андар рӯзи маҳшар,

Ба тахту мулк ҳамчун подшоҳон.

Чунон нуронӣ аз фарри ибодат,

Ки гӯӣ офтобанду моҳон.

Ту худ чун аз хиҷолат сар барорӣ,

Ки бар дӯшат бувад бори гуноҳон.

Агар донӣ, ки бад кардиву бад рафт,

Биё пеш аз уқубат узрхоҳон.

Шайх Аттор аз султони тариқат Ҷунайди Бағдодӣ (р) ривоят кунад, ки гуфт: ӣ сол бар дари дил нишастам ба посбонӣ ва дилро нигоҳ доштам то 10 сол дили ман маро нигаҳ дошт. Акнун бист сол аст, ки ман на аз дил хабар дорам ва на аз ман дил хабар дорад."

Фузайли Аёз (р) гӯяд: ҳар кӣ аз Худой битарсад ҷумла чизҳо аз ӯ битарсад ва ҳар кӣ аз Худой натарсад аз ҷумла чизҳо битарсад. Мавлонои Мавлавии Балхӣ дар шарҳи ҳайбате, ки мулоқоти расули Рум бо ҳазрати Умар (р) дар дилаш меафтад, мегӯяд:

Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид,

Тарсид аз вай ҷину инсу ҳар кӣ дид. 

Бале, тақво ва парҳез чизест аз ин чизҳо, ки гуфта шуд бештар ва боз ҳам муқаддамтар. Тақво растагорқ аст, аз хеш буридану ба он зоти ягона пайвастан, тарки лаззатҳои шаҳвонию нафсонӣ кардан. Аз муноҷотҳои ҳазрати Мусои Калим (ъ) ёд мешавад, ки мегуфт: Худоё роҳ ба сӯи ту чун аст? Нидо меомад аз Рабби олам, ки ё Мусо аз хеш бурун о, ки бар мо расидӣ. Чуноне шоир гуфта:

Азизи ман, ба ҳар ҳолат, ки ҳастӣ,

Хилофи нафси кофар кун, ки растӣ

Тақво дар моҳи Рамазон

Дар мақолаи ёдшуда Саъдиддини Рустам менависад: "Ҷолиб аст ки нахустин ояе, ки марбут ба аҳкоми рӯза хондем, ҳадафи ниҳоияш тақвост ва боз ҳамин таъбир айнан дар охири ҳамин оя таъкид шудааст: "Лаъаллаҳум таттақун", яъне оғози сураи марбут ба рӯза ояи 183 аст ва поени ояи марбут ба рӯза ояи 187 ҳамин сура ҳадаф аз рӯза доштанро тақво муаррифӣ кардааст ва ин нишон медиҳад, ки тамоми ин барномаҳо василае ҳастанд барои парвариши рӯҳи тақво ва хештандорӣ ва малакаи парҳез аз гуноҳ ва эҳсоси масъулият дар баробари вазоифи инсонҳо. "Зинҳор дар он роҳ мухолифат напӯед, Худо он гуна оёти худро барои мардум баён фармояд то бошад, ки парҳезгор шаванд".

Дар воқеъ ҳамон, ки Паёмбаи ислом (с) фармуданд: ӯза сипаре аст дар баробари оташи дӯзах", он сипар ҳамон тақво ва парҳезгорист. Ва Расули гиромӣҷойи дигар фармудаанд: Рӯза инсонро аз олами ҳайвоният тадриҷан, ба ҷаҳони фариштагон мерасонад".

Дар ояи 29 сураи Анфол Худованди бузург боз ҳам ба аҳли имон муроҷиат мефармояд ва парҳезгориро муҷиби пӯшонидани гуноҳон ва омӯрзиш лутфи Офаридгор медонад. Ҳар куҷо, ки дар Қуръони Карим даъват ба ибодат аст, ҳадаф тақво аст. Масалан, ояи 21 сураи Бақара: "Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед, он кас, ки шумо ва пешиниёнро офарид то парҳезгор шавед".

Яъне, натиҷаи ин парастиш тақво ва парҳезгорӣ аст. Бинобар ин ибодатҳо ва ниёишҳои мо чизе бар ҷоҳу ҷалоли Худо намеафзояд, ҳамон гуна, ки тарки онҳо чизе аз азамати мақоми ӯ кам намекунад. Ин ибодатҳо синфҳои тарбиятӣ барои омӯзиши тақво аст. Тақво ҳамон эҳсоси масъулият ва назоратчии дарунии инсон, меъёри арзиши инсон ва мизони санҷиши шахсияти ӯст.

Имон ва тақво сарчашмаи баракоти маънавӣ ва баракоти моддист. Оғози даъвати анбиё даъват ба тақво буд ва ба ин ояҳои сершумори каломи Ҳақ ва суфоришоти Паёмбар (с) гувоҳанд. Дар ояи 106 сураи "Ҳуҷарот" мехонем: "Ҳангоме, ки бародарашон Нӯҳ (ъ) онҳоро гуфт оё ҳанӯз Худотарс ва муттақӣ нашудаед"? Ва баъдан дар идома вақте Худованд аз бурхӯрди умматҳои мухталиф бо фиристодагонаш нақл мекунад, боз аз тақво ва парҳезгорӣ ҳарф мезанад. "Расули онҳо Ҳуд (ъ) бо меҳри бародарӣ ба онҳо гуфт: Оё ҳанӯз муттақӣ ва Худотарс намешавед"? ва такрори инро дар ояҳои 142, 161 ва 177 ҳамин сура мехонем, ки рсулони Ҳақ Солиҳ (ъ), Лут (ъ) ва Шуъайб (ъ) ҳар кадом такрор ба такрор қавми хешро ба парҳезгорӣ даъват намудаанд.

Он чӣ гуфта шуд фақат муқаддимаи кутоҳест ба мавзӯи тақво ва шарҳи комили он сухани дароз ва тафсири зиёд мехоҳад, ки ин ҷонибро маҷол нест. Навиштаҳои шогирдонаро бо ин дуои Шайх Саъдӣ мехоҳем хатм кунем, ки гуфта: "Ё раб, чунонки хилъати имон бахшидӣ пирояи тақво каромат кун." Омин!

Худованд ва Мусо (ъ)

Дар кутуби муқаддас ҷо-ҷо аз муноҷоти Паёмбарони бузургвор бо Худои Карим матлаб омада ва ҷо-ҷои дигар муроҷиати Парвардигор он эшонро мехонем. Ва чун калом аз номи Худованд меояд, басо ширину муассир аст. Бисёр шуда, ки дар китобҳои қадим аз сӯҳбати Офаридгор бо ҳазрати Мусои Калим (а) иқтибос мешавад. Худованд бо расулонаш дар мавриди ахлоқи башарӣ сӯҳбат мекунад. Ба дигар маънӣ, андарзи худовандӣ масалан ба ҳазрати Мусо (а) марбути ӯ нест, балки ба кулли инсоният, ҳам ба пайравону равандагони роҳи Мусои пайғамбар ва ҳам ба умматони баъдӣ тааллуқ мегиранд. Дар зер намунае аз муроҷиати Худои ҷаҳониён ба Мусо алайҳиссаломро меорем, ки гумон мекунем барои ҳар кадоми мо муфид аст.

Эй, Мусо! Орзуятро дар дунё дароз макун, ки бад-ин ҷиҳат дили ту сахт ва торик мешавад ва он ки дилаш сахт ва торик аст, аз ман дур аст.

Эй, Мусо! Тавре бош, ки ман аз ту шодмон бошам, зеро, ки шодии ман дар он аст, ки амрам иҷро гардад ва нофармонии ман нашавад. Дилатро ба тарсу бим бимирон, чароғи шаб бош, монанди собирон дастҳоро ба сӯям баланд кун, аз бисёрии гуноҳон дод бикаш ба сӯйи ман монанди фарёди гунаҳгороне, ки аз душмани худ фирор мекунанд. Дар ин ҷиҳат аз ман ёрӣ биҷӯ, зеро ки ман неку ёрикунандаам.

Эй, Мусо! Ҳамоно ман Худое ҳастам, ки қудрат ва нерӯям бар фарози қудрати бандагон аст, бандагон дар поини нерӯям қарор доранд ва тамоми онон дар баробарам оҷизанд. Худатро дар баробари худат маҳкам кун, фарзандонро амини динат қарор мадеҳ, магар ин ки фарзандат монанди худат бошад, ки шоистагонро дӯст бидорад.

Эй, Мусо! Покиза шав ва покиза кун ва ба бандагони шоистаи ман наздик шав.

Эй, Мусо! Ту имоми мардум бош дар намозашон ва фармон бидеҳ дар миёнашон ончунон ба ту фармон медиҳам, ки ҳамоно бар ту фиристодам ҳукми рушан ва бурҳоне нуронӣ ва нуре, ки сухан гӯяд ба он чӣ ки дар пешиниён ва охирину ҳозирин бошад.

Эй, Мусо! Ту бандаи манӣ ва ман Худои ту. Фақирро кӯчаку хор машмор, ба сарватманд рашк мабар барои чизе андак. Ҳангоми ёдоварии ман хошеъ бош, ҳангоми хондан ба раҳмати ман тамаъ дошта бош ва бишнав он лаззати Тавротро ба ман бо садои ҳазин, ҳангоми ёдоварии ман хотирҷамъ бош ва ёдоварӣ кун ҳар касро, ки ба ман итминон дорад.

Эй, Мусо! Маро парастиш кун, ба ман шарик наёвар, ризои маро ба даст овар, ман ҳамоно бузургам, пас муборак аст чеҳраи ман монанди ман чизе нест, ман зиндаи ҳамешагӣ ва ғайри қобили нобудиам.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi