Ҳукми саҳархӯрӣ барои рӯзадорон
Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ
Дар ду шумораи гузашта посухҳои донишманди маъруфи олами Ислом Юсуф Қарзовиро дар масоили баҳсбарангези оғозу анҷоми моҳи шарифи Рамазон, идҳои фитр ва Қурбон аз рӯи илми ҳайат ва нуҷум интишор дода будем. Ва ҳоло ба идомаи сӯҳбат бо ин фақеҳи бузург мепардозем, то посухҳое ба муҳимтарин саволҳои рамазонии худ дарёбем. Ёдовар мешавем, ки Юсуф Қарзовӣ аз ҷумлаи камтарин донишмандони муосири аҳли суннат аст, ки фатвоҳояш аз ҷониби ҳама донишмандони мазҳаб қобили қабул уфтодааст.
Савол: Дар бораи ҳукми саҳархӯрӣ чӣ мефармоед? Оё саҳархӯрӣ шарти аслии рӯза аст ё не?
Ҷавоб: Саҳар хӯрдан шарти рӯза гирифтан нест, балки як суннат аст. Паёмбар (с) онро анҷом медоданд ва ба он дастур додаанд ва фармудаанд: "Барои хӯрдани саҳарӣ бархезед, ки дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст". (Бухорӣ ва Муслим ба ривояти Анас)
Бинобар ин, саҳарӣ хӯрдан ва ҳамчунин таъхир андохтани он, то тулӯъи субҳи содиқ суннат аст, зеро боиси тақвияти мусалмонони рӯзадор, кам шудани машаққати рӯзадорӣ мегардад ва муддати замони гуруснагӣ ва ташнагиро коҳиш хоҳад дод ва аз он ҷо, ки осонгирӣ мавриди таваҷҷуҳи дини Ислом мебошад, аз ин рӯ, дини мубини Ислом ибодатро бар мардум осон гирифта ва онҳоро ба сӯйи осонсозии он ташвиқу тарғиб кардааст.
Аз ҷумлаи ҳамин осонгириҳои дини Ислом зудтар ифтор кардан ва дертар саҳарӣ хӯрдан аст. Пас барои мусалмонони рӯзадор мустаҳаб аст, ки ҳангоми саҳар аз хоб хезад ва андаке ғизо ба унвони саҳарӣ ҳарчанд як хурмо бошад, бихӯрад ё як ҷуръа об бинӯшад, ба хотири ин ки ба суннати Расули акрам (с) амал намуда бошад. Дар саҳархӯрӣ фоидаи маънавии дигаре низ дорад, ки ҳамон бедории қабл аз дамидани субҳ аст.
Дар он соати саҳар Худованди мутаол раҳмати худро бар бандагонаш мутаҷаллӣ менамояд, дуоҳоро иҷобат мекунад ва истиғфоркунандагонро мавриди мағфират ва бахшиш қарор медиҳад ва амалҳои солеҳро мепазирад. Албатта, миёни касоне, ки вақти саҳарро ба зикр гуфтан ва тиловати Қуръон сипарӣ мекунанд, бо касоне, ки ин соатро дар хоб ва бехабарӣ ба сар мебаранд, фарқи зиёд аст.
САҲАРХӮРӢ ҲАНГОМИ АЗОНИ СУБҲ
Суол: Ҳар гоҳ инсон беихтиёр монанди ин ки дар хоб монда бошад ва саҳарӣ хӯрданаш ба таъхир афтад ва ба ҳангоми азони субҳ ҳамчунон ба саҳархӯрӣ машғул бошад, оё лозим аст, ки бо шунидани азони субҳ фавран аз хӯрдану ошомидан даст бикашад ё ин ки то поёни азон метавонад ба хӯрдану ошомидан идома бидиҳад?
Ҷавоб: Агар инсон ба таври қатъӣ бидонад, ки азони субҳ мувофиқ ба тақвими маҳаллии шаҳре, ки дар он ҷо рӯза мегирад, дар вақти муқарраршуда садо додаст, воҷиб аст ҳангоми шунидани азон дарҳол аз хӯрдану ошомиданро қатъ гардонад ва агар дар даҳонаш ғизое бошад, бояд ки онро берун андозад, то рӯзааш саҳеҳу дуруст бошад. Аммо агар бидонад, ки азон чанд дақиқа қабл аз дамидани субҳи содиқ гуфта мешавад ё дастакам дар бораи соат ва вақти азон дар шакку шубҳа бошад, метавонад то замоне, ки дамидани субҳи содиқ яқин пайдо накардааст, бихӯрад ва биошомад. Имрӯза ташхиси феълии замони дамидани субҳ бо вуҷуди ҷадвали соати дақиқи ифтор ва саҳар, ки ҳеҷ хонае аз он холӣ нест, бисёр осон мебошад.
Марде ба Ибни Аббос (р) гуфт: "Ман ҳангоми саҳарихӯрӣ ҳар гоҳ ки ба шакку шубҳа меафтам, имсок менамоям". Ибни Аббос (р) гуфт: "Замоне ки шакку шубҳаи ту ба яқин табдил нашудааст, бихӯр ва бинӯш".
Имом Аҳмад (р) гуфтааст: - "Инсон то замоне, ки ба яқин надонад, ки субҳи содиқ надамидааст, метавонад ба хӯрдан ва ошомидан идома бидиҳад".
Шайх Нурӣ мефармояд: "Шогирдони Имом Шофеъӣ иттифоқи назар доранд, ки бар ин ки инсоне, ки нисбат ба дамидани субҳ дар шакку шубҳа бошад, метавонад бихӯрад, ба хотири ин ки Худованди мутаол хӯрдан ва ошомиданро дар шаб то интиҳои он, яъне то замони дамидани субҳи содиқ мубоҳ донистааст ва касе, ки дар шакку шубҳа бошад, дамидани субҳ барои ӯ қатъӣ нашудааст. Худованди мутаол мефармояд:
"Пас ҳам акнун (дар шабҳои моҳи Рамазон метавонед) бо ҳамсаратон ҳамхобӣ кунед ва ончиро Худо барои шумо муқаррар дошта, талаб кунед ва бихӯред ва бинӯшед, то риштаи сафеди бомдод аз риштаи сиёҳи шаб бар шумо намудор шавад" (Сураи "Бақара", ояти 178)
Аз ин ҷо барои мо равшан мешавад, ки бозистодан аз хӯрдану ошомидан муддате пеш аз азони субҳ барои ҳамеша фоқиди далел аз Қуръон ва суннат мебошад ва навъе аз ифрот дар дин ба шумор меояд ва бо мустаҳаб будани таъхири саҳарихӯрӣ, ки суннати Паёмбар (с) аст, мунофот дорад. Валлоҳу аълам.
Суол: Оё шахсони пиру солхӯрда метавонанд рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро нагиранд? Дар ин сурат чӣ чизе онҳоро воҷиб мегардад? Оё зани ҳомила ба хотири тарс аз марги ҷанин метавонад рӯзаи фарзиро нагирад? Дар ин сурат чӣ чизе бар ӯ воҷиб мегардад? Оё истеъмоли атр ва маводи хушбӯй дар моҳи Рамазон ҷоиз аст?
Ҷавоб: Посухи суоли аввал ин аст, ки барои марду зани пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва сахтии бисёре ба бор оварад, рӯза нагирифтанашон ҷоиз аст. Ҳамчунин барои бемороне, ки умед ба беҳбудӣ надоранд ва бемороне, ки бемории онҳо кӯҳна ва давомнок бошад ва духтурон аз табобати онҳо нотавон бошанд ё аз бемориҳои муолиҷанашаванда бошад, рӯза надоштани онҳо ҷоиз мебошад.
Дар ҳамаи ин мавридҳои ёдшуда барои хӯрдани ҳар рӯзи моҳи мубораки Рамазон пардохти каффора ба миқдори хӯроки як нафар мискину камбағал бар онҳо воҷиб гардад ва ин амал навъе рухсат ва осонгирӣ аз ҷониби Худованди мутаол ба шумор меояд, чунонки мефармояд: "Худо барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо душворӣ намехоҳад" (Сураи "Бақара", ояти 185).
Ва боз мефармояд: "Ва дар дин ба шумо сахтӣ қарор надодааст" (Сураи "Ҳаҷ", ояти 78).
Ибни Аббос (р) мегӯяд: "Ба инсони пир ва куҳансол иҷозат дода шудааст дар моҳи Рамазон нагирад, вале ба хотири ҳар рӯзи Рамазон як фақири камбағалро бипардозад ва қазои рӯза воҷиб нест". Имом Бухорӣ бо ибораҳои наздик ба ин ҳадис аз Ибни Аббос ривоят намудааст, ки ин оят дар бораи солхӯрдагон ва амсоли онҳо нозил шудааст:
"Ва бар касе рӯза гирифтан тоқатфарсост, каффорае аст ва он додани хӯрок ба як нафари бенавост ва ҳар кас ба майли худ бештар некӣ кунад, пас он барои ту беҳтар аст" (Сураи "Бақара", ояти 184).
Яъне, ҳар кас бештар аз таъоми як мискин фидя пардохт кунад, беҳтар аст. Бинобар ин, занону мардони пиру куҳансол ва бемороне, ки умеди беҳбудии онҳо набошад, ҳамагӣ метавонанд рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро бихӯранд ва дар ивази ҳар рӯз таъоми як мискину бечораро пардохт намояд.
Роҷеъ ба саволи дуввум, ки оё зани ҳомилае, ки ҳангоми рӯза гирифтан бими мурдани ҷанини худро дошта бошад, метавонад, ки рӯзаи фарзиро надорад? Дар ҷавоб мегӯям, ки оре метавонад рӯзаро надорад, балки ҳар гоҳ дар гирифтани рӯза марги бача дар назари ӯ қатъӣ бошад ва бо як духтури мӯъмин ва ҳозиқ ба ӯ чунин ҳӯшдоре дода бошад, ба хотири наҷоти кӯдак ифтор кардани рӯза бар вай воҷиб мегардад. Дар ин иртибот Худованди мутаол дар Қуръони карим мефармояд: "Фарзандони худро макушед" (Сураи "Анъом", ояти 151, сураи "Исро", ояти 31).
Ҷони чунин кӯдаке ҳам муҳтарам аст ва набояд ҳеҷ зан ва марде дар нигоҳдории ӯ саҳлангорӣ намоянд, то аз миён биравад. Ҳамчунин ҳар гоҳ занони ҳомила ва ширдеҳ аз бобати гирифтани рӯза тарси аз миён рафтани худашонро дошта бошанд, назари бештари уламои исломӣ бар ин аст, ки онҳо метавонанд рӯза нагиранд ва фақат қазои рӯза бар онҳо воҷиб мешавад ва ин ду гурӯҳ дар ин ду ҳолат монанди ашхоси бемор мебошад.
Бо ин тафовут, ки ҳар гоҳ занони ҳомила ва ширдеҳ ҳангоми рӯза гирифтан бими аз даст рафтани ҷанин ё кӯдаки худро дошта бошанд, уламои исломӣ пас аз он ки ба иҷмоъ хӯрдани рӯзаро ҷоиз шуморидаанд, ихтилофи назар доранд, дар ин ки оё дар чунин ҳолате барои онҳо қазои рӯза воҷиб аст ё фидя, яъне дар муқобили ҳар рӯз таъоми як мискин ё ҳар ду бо ҳам бар ӯ воҷиб мегарданд. Ибни Умар ва Ибни Аббос ба ин ақидаанд, ки ба ин ки фақат бояд фидя бидиҳанд, аммо аксар уламо ва фуқаҳо ҷонибдори қазои рӯза ҳастанд ва баъзе дигар ба ҷо овардани қазои рӯза ва таъоми мискин ҳардуро ба онҳо воҷиб донистаанд.
Ба назари ман зане, ки пушти сари ҳам ҳомилагӣ ва ширдиҳӣ вақтҳои ӯро машғул сохтааст, ба тавре ки фурсате барои қазои рӯза надорад. Ин ба он маъност, ки як сол ҳомила аст ва соли баъд ширдеҳ ва ҳамин тавр пушти сари ҳам як сол ҳомила ва як сол ширдеҳ мебошад. Дар ин сурат, фақат фидяи рӯза бар ӯ воҷиб мегардад. Агар чунин занеро мукаллаф ба қазои рӯзаҳое, ки ба хотири ҳомилагӣ ва ширдиҳӣ хӯрдааст, бинамоем, вай бояд чанд соли дароз рӯза бигирад, ки ин кор тавъам бо сахтӣ ва машаққат аст ва Худованди мутаол сахтӣ ва душвориро барои бандагонаш раво намедорад.
Дар мавриди саволи сеюм, ки роҷеъ ба истифодаи атр ва маводи хушбӯй дар моҳи шарифи Рамазон буд, бояд бигӯям, ки истифода ва истеъмоли ҳама гуна хушбӯйӣҷоиз аст ва ҳеҷ кас истифодаи атр ва маводи хушбӯйро ботилкунандаи рӯза ва дар моҳи Рамазон онҳоро ҳаром надонистаанд. Валлоҳу аълам.
ҲУКМИ ЭҲТИЛОМ ВА ҒУСЛ БАРОИ РӮЗАДОРОН
Суол: - Ҳар гоҳ касе дар рӯзи моҳи Рамазон дар хоб эҳтилом гардад, он гоҳ барои покӣ аз ҷанобат ғусл кунад, оё ин ғусл рӯзаро ботил намуда, мешиканад?
Ҷавоб: Ба гумонам, саволкунанда мехоҳад дар бораи эҳтилом бипурсад, ки оё рӯза мешиканад ё не? Чунонки ин мавзӯъ барои баъзе номафҳум мебошад, бинобар ин, ба посух мепардозаму мегӯям, ки эҳтилом рӯзаро ботил намекунад, зеро инсон ҳеҷ гуна дахолате дар он надорад, қасдона нест ва боиси шикастани рӯза намегардад.
Баромадани оби манӣ дар сурати эҳтилом рӯзаро ботил намекунад ва табиист, ки ғусл кардан ба хотири он ҷанобат низ рӯзаро намешиканад, зеро шореъи ҳаким ба таҳорату покизагӣ дастур дода ва онро бар мусалмонон дар чунин шароит воҷиб гардонидааст, то он ҷо ки агар дар ҳини ғусл, об дар гӯшҳо фурӯ равад ё бидуни ихтиёр ба ҳангоми мазмаза кардан дар вақти ғусл ё вузӯ об дар гулӯ фурӯ равад, боз ҳам рӯза ботил нахоҳад шуд, зеро ин гуна хатоҳо қобили бахшиш мебошад. Худованди мутаол дар Қуръони маҷид дар ин бора мефармояд: "Ва дар он чӣ иштибоҳан муртакиби он шудаед, бар шумо гуноҳе нест, вале дар он чӣ дилҳоятон қасд дошта, масъул ҳастед" (Сураи Аҳзоб, ояти 5).
Расули акрам (с) низ мефармояд: "Худованд иштибоҳ ва фаромӯшии уммати маро ба ман бахшидааст".
ҲУКМИ РӮЗАИ ШАХСИ БЕНАМОЗ
Суол: - Оё рӯзаи шахси бенамоз дуруст аст ё ин ки тамоми ибодатҳо ба ҳам марбутанд?
Ҷавоб: - Аз мусалмонон хоста шудааст, ки тамомии ибодатҳоро анҷом диҳад: - намозро бихонад, закотро бипардозад, дар моҳи Рамазон рӯза бигирад ва дар сурати тавоноии молӣ ва баданӣ фаризаи ҳаҷро адо намояд. Бинобар ин, касе, ки яке аз ин воҷиботро бидуни узри муваҷаҳҳи шаръӣ тарк кунад, нисбат ба дастуроти Худованди мутаол беэътино будааст.
Донишмандони исломӣ назарот ва раъйҳои мухталиферо дар ин замина доранд, баъзе қоиланд ба ин, ки ҳар касе яке аз ибодатҳоро тарк кунад, кофир мешавад; назари баъзе дигар бар ин аст, ки инсон ба тарк кардани намоз ва закот кофир мешавад; баъзе дигар мегӯянд: - инсон фақат бо тарки намоз кофир мешавад, зеро намоз дар дини Худо аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдор аст ва дар ин бора ривояте ворид шудааст, ки Расули акрам (с) мефармояд: "Фосилаи миёни банда ва куфр тарки намоз аст".
Ба ақидаи касоне, ки мегӯянд: қасдан тарки намоз намудан муҷиби куфр аст ва аз чунин касе рӯзаи гирифтааш пазируфта намешавад, зеро аз инсони кофир ҳеҷ ибодате пазируфта нест. Баъзе дигар аз уламои исломӣ бар онанд, ки агар шахсе муътақид ба Худову Паёмбар ва рисолаташ бошад, дар он иноду шубҳа надошта бошад, муъмину мусалмон ба шумор меояд ва тарккунандаи яке аз ибодатҳоро фосиқ медонанд, на кофир. Ин назарияи ахир муътадилтарин раъй ба ҳақиқат аст. Валлоҳу аълам.
Бинобар ин, ҳар гоҳ касе ба хотири танбалӣ ё аз рӯйи танпарварӣ бидуни он, ки инкору тамасхӯр намояд, баъзе аз воҷиботро тарк ва баъзеро адо кунад, ноқисулислом ва заъифулимон шуморида мешавад. Агар он шахс ба тарки баъзе воҷибот мудовимат ва истимрор дошта бошад, бар имони чунин кас бояд шубҳа дошт, вале аз он ҷо, ки Худованди мутаол подоши ҳеҷ кори некро зоеъ нахоҳад кард, дар муқобили адои воҷибот, аз ҷумла гирифтани рӯза дар моҳи шарифи Рамазон савоб мегирад ва дар баробари тарки воҷиботи дигар ҷазо хоҳад дид. Дар ин бора дар Қуръони маҷид омадааст: "Пас ҳар кӣ ҳамвазни заррае некӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид ва ҳар кӣ ба миқдори заррае бадӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид" (Сураи "Зилзол", ояти 8).
-
22.06.2025 14:51
115
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
239
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
242
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
469
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
575
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
459
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
116
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
182
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
191
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
957
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1665
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3358
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
111
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
95
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
111
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
494
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
739
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
861
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
439
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
476
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
447
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
725
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
998
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1860
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
602
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
584
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1776
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2097
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2088
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2303
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
497
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
446
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
925
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3051
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3491
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3475
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
633
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
660
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
605
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?