Оғози Рамазон, идҳои Фитр ва Қурбон аз рӯйи илми ҳайат ва нуҷум - II
Таҳиякунанда Қиёмиддин Сатторӣ
Ин гурӯҳ мегӯянд, чӣ далеле доранд, ки як нафар онро бубинад ва дигарон тавон ва имкони дидани онро надошта бошанд? Ба ҳамин далел аст ки гуфтаанд, ки бояд ҷиҳати ростӣ ва дурустии ин хабар ҷамъи зиёде дидани моҳи навро гузориш диҳанд, зеро дар миёни як ҷамъи бисёре, ки ҳама хоҳони дидани ҳилоли моҳи Рамазон ҳастанд, ба фарзи набудани монеъа ва саломатии чашмон агар тафовуте дар тезбинӣ ва кундбинӣ бошад, агар фақат як нафар дидани ҳилоли моҳи Рамазонро гузориш диҳад, ғалат ва иштибоҳи чунин касе муҳтамил ба иштибоҳи наздик аст.
Дар мавриди хабари Ибни Умар ва шахси аъробӣ низ ки дар ду ривоят онҳо ҳилоли моҳи Рамазонро ба дидани як нафар ба исбот расид, бояд бигӯям, ки аллома Рашид Ризо дар ҳошияи худ бар китоби "Ал-Муғнӣ" мегӯяд: "Дар ду ривоят баён нашудааст, ки мардум ба дунболи дидани моҳ буданд ва ҷуз як нафар онро надид. Бинобар ин, ду ривоят мавриди низоъи мо қарор намегиранд, бахусус бо мазҳаби Абӯҳанифа".
Бинобар ин, тамоми он чиро ки бар мабнои ду ҳадис истилол кардаанд, ботил мегардад. Теъдоди он ҷамоъати зиёд низ, ки бояд чанд нафар бошанд, ба назари имом ё қозӣ таҳвиз шудааст ва қавли саҳеҳ бар он аст, ки вуҷуди он ҷамъи миқдор ба адади муайяне набошад. Аз ин рӯ, мусалмононро воҷиб аст, ки дар рӯзи бисту нуҳуми моҳи шаъбон, ҳангоми ғуруби офтоб ба дунболи дидани моҳи Рамазон бошанд, зеро бар мабнои "муқаддимаи воҷиб, воҷиб аст", ҷустуҷӯи ҳилоли моҳи Рамазон барои мусалмонон воҷиб аст, албатта, бо воҷиботи кифоӣ, на айнӣ.
Роҳи дувум: - Пурра ва комил кардани сӣ рӯзи моҳи шаъбон, хоҳ осмон соф бошад ё абрнок. Пас ҳангоме, ки мардум шаби сиюми моҳи шаъбон ба дунболи дидани ҳилоли моҳи Рамазон буданд ва касе онро мушоҳида накард, дар он сурат сӣ рӯзи моҳи шаби шаъбонро комил ва пурра намоянд ва ин дар сурате аст, ки оғози моҳи шаъбон маълум ва собит шуда бошад, то шаби сиюми он барои ҷустуҷӯи дидани моҳи Рамазон шинохта гардад ва ҳангоми надидани ҳилоли моҳи Рамазон иқдом ба комил кардани моҳи шаъбон гардад, вале бояд донист, ки дар ин кор, яъне исботи моҳи шаби шаъбон кӯтоҳӣ ва саҳлангорӣ рӯй медиҳад, зеро таваҷҷуҳ ба исботи дохилшавии моҳҳо ҷуз дар се моҳ воқеъ нахоҳад шуд:
1.Рамазон - барои исботи даромадан ба моҳи Руза.
2.Шаввол - барои исботи баромадан аз моҳи рӯза.
3.Зулҳиҷҷа - барои исботи рӯзи Арафа ва моҳи баъди он.
Бинобар ин, уммати исломӣ, бахусус коргузорон ва соҳибони амри он қатъан бояд таҳқиқоти худро дар робита ба исботи фарорасии моҳҳо амалӣ намояд, зеро муайян кардани баъзе моҳҳо ба исбот намудани баъзе моҳҳои дигар иртибот ва бастагӣ дорад.
Роҳи сеюм: - Тақдир ва тахмини ҳилол аст. Ҳангоме, ки осмон абрнок бошад ва ё ҳамчунон ки ҳадис бо ривоятҳои мухталиф баён шудааст, яъне монеъагӣ миёни шумо ва осмон бошад. Дар баъзе ривоятҳои саҳеҳ, аз ҷумла ривояти Молик аз Нофеъ аз Ибни Умар, ки дар асноди ҳадис ба унвони як санади тиллоӣ ба ҳисоб меравад ва назди Имом Бухорӣ аз саҳеҳтарин санадҳост, чунин баён шудааст. Ва ин гурӯҳ дар шабе ки абрнок бошад, ба воҷиб будани гирифтани рӯза қоил ҳастанд.
Назари яке аз пешвоёни мазҳаби шофеъӣ Абулаббос ибни Сурайҷ ба ин аст, ки касе аз ҳисоб ва манзилҳои фалакии қамар (моҳ) огоҳ бошад, агар аз рӯйи ҳисобкунии худ ва огоҳияш ба он ҷо расад, ки фалон рӯз Рамазон аст, рӯзаи ҳамон рӯз бар вай воҷиб мешавад, зеро ӯ моҳро аз рӯйи далел шинохтааст ва монанд бар он аст, ки аз рӯйи далелу бурҳон ба дидани ҳилоли моҳ (моҳи нав) даст ёфта бошад (яъне ҳисобкунии риёзиро далел ҳисобидааст). Қозӣ Абутайиб ҳам ин амалро тарҷеҳ дода, афзал шуморида ва ин ба он шабоҳат дорад, ки шахси мувассақе аз мушоҳидаи ҳилол (моҳи нав) хабар дода бошад, вале дигарон гуфтаанд, ки рӯзаи ӯ саҳеҳ аст, вале бар вай воҷиб нест ва шахсони дигар изҳори назар кардааанд, ки тақлид ба он шахси ҳисобнигар дар сурате ки мавриди бовар ва итминон бошад, ҷоиз аст.
Назари баъзе аз донишмандони исломии бузурги асри мо бар ин аст, ки ба василаи ҳисобкунии ситорашиносӣ, яъне илми астрономия ҳилоли моҳ ба сурати қатъӣ исбот мешавад. Муҳаддиси кабир Аҳмад Муҳаммад Шокир дар рисолаи худ дар бораи ин ки "Оё оғози моҳҳои арабӣ бо ҳисоби ситорашиносӣҷоиз аст?" ин матлабро баён доштааст ва мо назари эшонро ба тафсил баъдан хоҳем овард.
Ҳамчунин фақеъи маъруф Шайх Мустафо ал-Зарқо аз таблиғгарон ва пайравони назарияи Аҳмад Муҳаммади Шокир мебошад. Зоҳиран чунон истинбот мешавад, ки он чӣ аз илми ситорашиносӣ ва ҳайат, ки мавриди радди фақеҳони исломӣ қарор гирифта иборат аст, аз он ки бо номи илми "танҷим" ва ё "илми нуҷум" мебошад, ки олимони он даъво доранд, ки ба василаи ин илм ба баъзе аз умури ғайбӣ ва марбути оянда даст меёбанд. Чунин даъво қатъан ботил аст ва ба далели ҳадисе, ки Абӯдовуду дигарон аз Ибни Аббос ба тариқи марфӯъ ривоят мекунанд, ки Паёмбари Худо (с) фармудааст: "Ҳар кӣ порае аз илми ситорашиносиро биомӯзад, ба шуъбае аз илми сеҳр даст ёфтааст" (Бо ривояти Абӯдовуд Ибни Моҷа, Аҳмад ва дигарон).
Имом ибни Дақиқ мегӯяд: "Назари ман ба ин аст, ки дар мавриди рӯза наметавон ба ҳисоб ва илми ҳайат эътимод намуд, зеро далели наздикии моҳ бо офтоб як рӯз ё ду рӯз дидани моҳ аз рӯйи ҳисоби ситорашиносӣ ба таъхир меафтад ва ин худ эҷоди як ҳукми шаръӣ дар ғайри иҷозаи шариати муқаддас аст, вале ҳар гоҳ ҳисоби ситорашиносӣ баёнгари ин бошад, ки ҳилоли моҳ ба тарзе ки дида шавад, тулӯъ намудааст, вале монеъае монанди абр ва ғайра барои дидани он мавҷуд аст, дар ин ҷо бо далели вуҷуди сабаби шаръӣ ва воҷиб будани рӯзаро тақозо менамояд".
Бо ин ҳол Ҳофиз ибни Ҳаҷрӣ мегӯяд: "Пазируфтани қавли чунин ҳисобдон мутаваққиф бар сидқу дурустии хабари онҳост ва замоне бар хабари эшон қатъ ва ҷазм менамоем, ки моҳ мушоҳида шавад. Дар ҳоле ки мушоҳида нашудааст, бинобар ин, ба гуфтаи онҳо эътибор нахоҳад шуд. Валлоҳу аълам".
Албатта, ин илми ситорашиносии ҷадид ва муосир дар асоси мушоҳида ба воситаи дастгоҳҳои пуриқтидори расадхонавӣ ва ҳисобкунии дақиқи риёзии компютерӣ сурат мегирад. Аз ҷумла хатоҳо ва иштибоҳоти шоеъ назди уламои динӣ дар ин аср ин аст, ки муътақид бошанд ба ин ки ҳисоби ситорашиносии имрӯза ҳамон ҳисоби тақвимнигорон аст, ки ибтидо ва интиҳои моҳҳои қамариро нишон медиҳанд, ки баъзе аз он натиҷаҳо ва тақвимҳоро ба Зайд ва баъзе ба Амр ва баъзеро ба кадом шахсе нисбат медиҳанд ва такягоҳи бештари онҳо китобҳои қадимӣ аст, ки ин навъ мавридҳо ва аз ҷумла вақтҳои намозҳоро дар он муайян менамоянд ва аз назари ҳамагон маълуму маъруф аст, ки ин навъи тақвимҳо миёни соҳибони онҳо низ тафовут доранд.
Ба тавре ки баъзеи аз онҳо моҳи шаъбонро 29 рӯз ва баъзе 30 рӯз қарор медиҳанд ва ҳамон тавр, моҳи Рамазон, зулқаъда ва ғайра. Ин аст, ки уламои исломӣ ба хотири ихтилоф дар тақвимнигорон тамоми назароти онҳоро рад намудаанд, зеро гуфтаҳои онҳо дар асоси илми яқинӣ ва қатъӣ нестанд ва аз сӯйи дигар масоили яқинӣ қатъан зидди ҳамдигар намебошанд ва ин саҳеҳ аст ва шакке дар он нест, вале бояд донист, ки ин ҳамон ҳисобкунии илмии ситорашиносӣ, ки манзури мост, нахоҳад буд, балки манзур ва мақсуди мо иборат аст аз илми ситорашиносии ҷадид, ки бар асоси мушоҳидаву таҷриба устувор аст ва аз имконоти илмӣ ва амалии технологӣ бархӯрдор аст, ки ба воситаи он инсон ба курраи моҳ баромад ва қодир шуд, ки башариятро ба фазоҳои бештаре бирасонад ва нисбати эҳтимоли иштибоҳ дар тақдироти худро ба як дар сад ҳазор дар сония расонад. Аз ин ҷиҳат, ин аз осонтарин корҳоест, ки ин илм моро аз ҳилоли ҷадиди як моҳ бохабар созад ва агар бихоҳем зуҳури онро дар ҳар уфуқе бо фосилаи дақиқа ва сония мушоҳида кунем, ин корро барои мо осон созад.
(Давом дорад)
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
616
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
777
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
511
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1033
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1813
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2133
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2130
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд