13:21:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суруди «Рамазония»

Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ

Суруди «Рамазония» бо моҳи шарифи Рамазон иртиботи узвӣ дорад ва яқинан яке аз ҷузъҳои умдаи таркибии он ба шумор меравад. Суруди мазкур бо амри Амир Абдураҳмонхони Ғозӣ ба эҳтимоми Абдулрабби Сангизода ва дастхати муншӣ Ҳофиз Ҳайдаралибек дар таърихи шонздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли 1361 қамарии ҳиҷрӣ (баробари соли 1938 милодӣ) дар шакли китобчаи кӯчак (чопи питографӣ) дар Кобул ба табъ расидааст.

surudi-ramazoniya 2013Суруд аз 25 банд ё 150 мисраъ иборат буда, дар шакли мусаддас аз тарафи кадом шоири номаълуме эҷод гардидааст. Умдатарин масъалаҳое, ки мазмуну мундариҷаи сурудро ташкил додаанд, инҳоянд: мадҳу ситоиши Худо, пайғамбарон ва таърифу тавсифи моҳи Рамазон ҳамчун моҳи тоату ибодат ва моҳи покию озодагӣ ва ростию росткорӣ. Ҳамчунин дар суруд моҳи шодию нишот ва моҳи шавқу тараб будани моҳи Рамазон таъкид ва талқин гардидааст. Инак, мутаваҷҷеҳ мешавем ба матни суруди мавриди баҳс, ки бо андаке ихтисор ба хидмати хонандагони арҷманд зайлан зикр мегардад:

Раби ман, холиқи ҳар қавму макон,

Раби ман, қодири маъдуму аён,

Раби ман, воқифи асрори ниҳон,

Раби ман, Рабби ҳама аҳли ҷаҳон,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман он, ки раҳим асту ғафур,

Раби ман он, ки ҳалим асту шакур,

Раби ман соҳиби фурқону забур,

Раби ман, рӯзидеҳи ваҳшу таюр,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман, Рабби сипеҳри гардон,

Раби ман, Рабби саҳобу борон,

Раби ман, Рабби биҳишту ризвон,

Раби ман, Рабби ҷаҳими сӯзон,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман, воҳиди беширку назир,

Раби ман, молики озоду асир,

Раби ман, розиқу мунъиму фақир,

Раби ман, Рабби ҳама шоҳу вазир,

Раби ман, ё Раби ман ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Гар кунам мадҳати он ҳарду имом,

Ҳар яке ахтари авҷи ислом,

Ҳасан аст номи яке дар айём,

В-он дигарро, ки Ҳусайнанд ном,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Соҳиби иззу шараф ду сарвар,

Ҳарду дар баҳри наҷобат гавҳар,

Ду ҷигаргӯшаи Шоҳи ҳайдар,

Ду ниҳоли чамани пайғамбар,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман, иззати он фахри Набӣ,

Боз бо ҳурмати он чаҳор валӣ,

Ҳам бо эъҷозу ду фарзанди Алӣ,

Ҳоҷатам деҳ, ки ту шоҳи азалӣ,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Он Муҳаммад, ки расули Акрам,

Зи туфайли шарафи он аъзам,

Гашт пайдо малаку ҳам одам,

Аршу курсиву фалак, лавҳу қалам,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Баъд аз он чор валии даврон,

Ҷумла дар мулки шариат султон,

Номи Бубакру Умар, ҳам Усмон,

Алӣ он ҳазрати шоҳи мардон,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман, зиннати бӯстон аз ту,

Рангу бӯи гулу райҳон аз ту,

Гиряи абри борон аз ту,

Равнақи ғунчаи хандон аз ту,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Рамазон моҳи муборак асар аст,

З-он сабаб завқу суруши дигар аст,

Ҳам дар ин моҳ, ки саҳар бастадар аст,

Шоми ӯ беҳ зи ҳазорон саҳар аст,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Васфи моҳи мутабаррук ин аст,

Фараҳу завқу сафооин ин аст,

Шаби қадр аз карами бечун аст,

Дили иблис аз ин ғамгин аст,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

«Раби ман» гуфтани ман аз он аст,

Расму оини мусулмонон аст,

Лоиқ аз мустамеъон эҳсон аст,

Лозими маҷлиси ҳар аъён аст,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Шуд дар ин моҳи шарофатдарбор,

Ҷумлаи рӯи замин файзосор,

Дар масоҷиду хавониқу диёр,

 Ҳама тасбеҳу таробеҳгузор,

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Шукри Оллоҳ, Рамазон боз расид,

Дар ҷаҳон шавқу тараб гашт падид.

Субҳи рӯз гар диҳад аз заъф навид,

Фараҳафзоии шомаш чун ид.

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Омад аз файзи карими муттаол,

Рамазон, яъне маҳи некҳисол,

Мардум аз файзи футуҳаш хушҳол,

Ҳамчунон ғарраи моҳи шаввол.

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Дар ҷаҳон боз зи лутфи Яздон,

Шуд аён моҳи шарифи Рамазон,

Ҳама дар тоати Ҳақ баста миён,

Ҳама дар кӯшиши хатми Қуръон.

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Рӯзадорон ба умеди ғуфрон,

Ғунчасон ташналабу хушкдаҳон,

Бар сари неъмати алвон нигарон,

Мӯъминон мунтазири бонги азон.

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Раби ман, чун ту Худое, ки марост,

Чашми умеди ман аз банда хатост,

Ҷуз ту ин ҷо ҳама мавқуфи фаност,

Аз фано банда чӣ созад дархост?

 Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Бандаи хастадил аз баҳри Худо,

«Раби ман» карда ба сӯят иншо,

Омадам бар дарат, эй кони сахо

Бо умеди караму лутфу ато.

Раби ман, ё Раби ман, ё Рамазон,

Ҳаст як номи хушат Арраҳмон.

Мутобиқи маълумоти Абдулрабби Сангизода суруди «Рамазония» баъди аз чоп баромаданаш ба истиқболи гарми ҳаводорони худ мавоҷеҳ гардидааст ва ба сифати яке аз асарҳои беҳтарин дар бораи моҳи шарифи Рамазон шинохта шудааст. Сангизода менигорад: «Рамазония дар моҳи Рамазони мубораки соли 1361 қамарии ҳиҷрӣ дар чопхонаи сангии Кобул табъ ва дар маҳофил сароида мешуд ва ҳамагӣ мавриди алоқаи дӯстон ва мансубини гиромӣ буда, матолиба медоштанд, ки ба таҷдиди табъи он мусаммин будам…»

Оре, «Рамазония» суруди калонсолон аст ва хондани он низ асосан дар маҳфилу ҷамъомадҳои калонсолон сурат мегирифтааст. Бинобар ин масъалаҳое, ки дар ин суруд бозтоб гардидаанд, аз нуқтаи назари фаҳмиш ва дониши калонсолон муҳокима ва баррасӣ шудаанд.

 

Вале ҳадаф аз таҳия ва хондани ин суруд ҳамоно ибрози хурсандӣ аз фаро расидани моҳи Рамазон ва ба ҷо овардани эҳтироми он ҳамчун моҳи Худо ва моҳи намозу рӯза аз тарафи мусулмонон мебошад. Шакке нест, ки ин сурудро бо мақсади таъмини истироҳати «дӯстон ва мансубини гиромӣ» имрӯз ҳам дар маҳфилҳо ба ифтихори моҳи Рамазон мехонанд ва мешунаванд. 

Қобили тазаккур аст, ки бо амри Амир Абдураҳмонхони Ғозӣ ба табъ расидани суруди «Рамазония» собит менамояд, ки асари мазкур бо вижагиҳои хеш тавонистааст таваҷҷӯҳи мақомоти давлатиро низ ба тарафи худ кашад ва дар дилу зеҳни онҳо маскан гузинад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi