09:30:47 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Эй Каси мо, бекасии мо бубин...

Илоҳо! Агар ман натавонам, ки аз гуноҳ бозистам, Ту метавонӣ, ки гуноҳам биёмурзӣ

Як ҳафта аз моҳи муборак сипарӣ мешавад ва дар поёни ин ҳафта мо бо даҳаи аввали он падруд мегӯем ва вориди даҳаи дуюм мешавем. Ҳамин минвол боз фурсате баъд ба даҳаи сеюм ва баъд тасбеҳи Алвидоъ аз поёни ин моҳи нусрат пайғом медиҳад. Муштоқон ба гиря меоянд, ошиқон лобаву зорӣ мекунанд, ки кош ин моҳ тӯлонӣ буд.

ramezan2013

Вале сӣ рӯзи ин моҳ ба ҳаде кӯтоҳ ба назар мерасад, ки гӯё дирӯз шурӯъ шуда. Зеро дар ин моҳ баракату нусрат буд, ки дар моҳҳои дигар набуд. Пас моро зарур аст аз савоби он шому саҳар бархӯрдор шавем, рӯ ба аъмоли нек орем, ки ин моҳ моҳи накуст ва савоби он накуиҳо танҳо пеши Худованд маълум аст. Савоби аъмоли ин моҳ дар моҳи дигар нест. Пас талош кунем, ки бештар аз он баҳра бардорем.

Аъмол хос барои Худо бошад

Дар бемористон аз олам даргузашт. Беш аз як моҳ мариз буд, вале касе аз дӯстон хабар аз ҳолаш надошт. Моро танҳо субҳи он рӯзе, ки ба хок месупориданд, огоҳ карданд, ки рафт Шариф, биёед алвидоъаш бигӯед. Ва омадем. Вале аз ин омадан чӣ суде? Қадри инсонро бояд дар зиндагонии ӯ бишносанд, баъди рафтан аз ӯ ёдеву хотирае мемонад, ки он ҳам дигар барояш арзише надорад.

Ин як гилаи сарироҳии марде ба марди дигар буд. Аммо онро наметавон гилаи фарде ба фарди дигар номид. Инсон худ меҳмони чандрӯзаи ин олами вайрон аст, вале аз ёд мебарад, ки эҳтироми меҳмонии худро нигоҳ дорад. Аёдат аз рукнҳои басо муҳими ахлоқи исломист ва ин нукта дар ояҳои каломи Маҷид ва аҳодиси Расули Акрам алайҳиссалом сареҳан таъкид шудааст. Дар аҳодис на танҳо таъкид, балки мизони савоби он ва маҳбубияти аёдаткунанда пеши Худо ва Расули ӯ (с) оварда мешавад. Дар нигоштаҳо аёдат чун қадршиносӣ омадааст. Инсон қадри бародари мӯъмини худро мешиносад ва танҳо баҳри ризои Худо аз ҳоли ӯ хабар мегирад, вале подоши ӯро Худои бузург медиҳад.

Расули Акрам (с) мефармоянд: "Марде ба зиёрати бародараш мерафт, ки дар қарияи дигаре буд. Худованд дар аснои роҳ фариштаеро ба ҳифозати вай гумошт. Вақте, ки фаришта назди вай омад, пурсид, ки куҷо меравӣ? Он мард гуфт: Мехоҳам ба зиёрати бародарам биравам, ки дар он қария аст. Гуфт (фаришта): Оё мар туро бар вай неъмате аст, ки мехоҳӣ ба василаи он зиёраташ кунӣ? Гуфт: На, лекин ман ӯро хос барои Худо дӯст медорам. Он фаришта гуфт: Ман фаришта ва фиристодаи Худоям. Бо ин ки ин суханро ба ту мерасонам, тавре, ки ту он бародаратро дӯст дорӣ, Худованд туро дӯст медорад" (ба ривояти Муслим).

"Касе, ки хос барои Худо маризеро аёдат кунад ва ё бародарашро зиёрат намояд, мунодӣӯро садо мекунад, ки аз гуноҳон пок шудӣ, ё ки хушо ба ҳоли ту ва пок аст рафтани ту ва қадамҳои ту. Ва барои худ дар ҷаннат ҷоеро омода кардӣ" (ба ривояти Тирмизӣ).

Дар ин бора ҳадисҳо зиёд ворид шудаанд. Аз ҷумла, аз Абуҳурайра (р) ривоят аст,ки Расулаллоҳ (с) фармуд: Худованд дар рӯзи қиёмат мегӯяд: Эй бани одам, ман мариз шудам ва маро аёдат накардӣ. Банда мегӯяд, эй Парвардигори ман, чӣ тур туро аёдат кунам, дар ҳоле, ки ту Парвардигори оламиён ҳастӣ? Мегӯяд: оё надонистӣ, фалон бандаи ман мариз шуд ва ту ӯро аёдат накардӣ?

Оё ту инроо надонистӣ, ки агар ӯро аёдат мекардӣ, маро дар назди вай меёфтӣ. Эй бани одам, ман аз ту ғизо хостам, ту маро ғизо нахӯрондӣ. Ӯ мегӯяд, эй Парвардигори ман, чӣ гуна Туро ғизо медиҳам, дар ҳоле, ки ту Рабби оламиён ҳастӣ? Мегӯяд: Оё ту инро надонистӣ, ки фалон бандаи ман аз ту ғизо хост ва ӯро ғизо надодӣ. Оё нафаҳмидӣ, ки агар ӯро ғизо медодӣ, савоби онро дар назди ман меёфтӣ.

Эй бани одам, ман аз ту об хостам, ту маро об нанушондӣ. Мегӯяд: Эй Парвардигорам, чӣ гуна ман Туро об менӯшонам, дар ҳоле, ки Ту Рабби оламиён ҳастӣ? Мегӯяд фалон бандаи ман аз ту об мехост ва ӯро об надодӣ, оё надонистӣ, ки агар ӯро об менӯшондӣ, савоби онро дарҳол назди ман меёфтӣ? (ба ривояти Муслим).

Тирмизӣ, аз Алии Абутолиб (р) ривоят кунад, ки гуфтааст: Шунидам, ки Расулаллоҳ (с) мефармуд: Ҳеҷ мусалмоне нест, ки мусалмони дигарро аз тарафи субҳ аёдат кунад ва ба теъдоди ҳафтод ҳазор малоика то бегоҳ барои вай дуруд мефиристанд ва агар аз тарафи бегоҳ аёдат кунад, магар ин ки ба теъдоди ҳафтод ҳазор малоика то дами субҳ барои ӯ дуруд мефиристанд...

Имом Бухорӣ (р) аз Анас (р) ривоят аст, ки мегуфт: писари яҳудие буд, ки Расулаллоҳ (с)-ро хидмат мекард. Ва ӯ мариз шуд ва Расулаллоҳ (с) назди ӯ омад, то ӯро аёдат кунад ва дар назди сари ӯ нишаст ва барояш гуфт: мусалмон шав. Он писар ба падараш назар кард, ки наздаш буд. Падараш гуфт, ки Абулқосим (Расулаллоҳ (с)- ро итоат кун. Пас он писар мусалмон шуд. Ва Расулаллоҳ (с) аз пеши вай берун омад дар ҳоле, ки мегуфт ҳамду сано мар Худовандрост, ки ӯро аз оташи дӯзах наҷот дод.

Чуноне дида мешавад, савоби аёдати мариз бузург аст ва хоса дар моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар аъмоли нек ва амали шоиста аҷру савобе дорад, ки онро танҳо Худои пок медонад чӣ миқдор аст. Пас дар ин моҳ бикӯшем то барои бародарону хоҳарони мусалмони худ шафқат кунем, аз ҳоли маризон бештар хабар гирем, дилҳои аз шиддати дард ранҷурашонро шод гардонем, бо суханони таскиномез давое беҳтар аз давои дорухонаҳо фароҳам орем, ки ин сӯҳбати дилпазир ва башорати сиҳатмандии комили ӯ мебошад.

Эй Каси мо, бекасии мо бубин...

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, ин достонсарои маъруф ва ин сарояндаи ишқи поки Илоҳӣ аз ҷумлаи шайхони бузурги замони худ буд, вале мо ба ҷуз он ки достонҳои шӯрида сурудааст ва дар хамсасароӣ устоди даврони худ ва намунаи ибрат барои ояндагон буд, аз зиндагиномаи ӯ чизи бештаре намедонистем.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари машҳури худ "Нафаҳот ал-унс", ки дар шарҳи ҳоли орифон, машоих ва донишмандони маъруфи замонҳои гуногун таълиф шудааст ва арзиши беҳамтои таърихиву адабӣ дорад, дар бораи Ҳаким Низомӣ менависад: "Вайро аз улуми зоҳирӣ ва мусталаҳоти расмӣ баҳраи тамом будааст. Аммо аз ҳама даст бардошта будааст ва рӯй дар ҳазрати Ҳак субҳонаҳу Таъоло оварда, чунон ки мегӯяд:

Ҳар чи ҳаст аз дақиқҳои нуҷум,

Бо якояк нуҳуфтаҳои улум.

Хондам, сирри ҳар варақ ҷустам,

Чун Туро ёфтам, варақ шустам.

Ҳамаро рӯй дар Худо дидам,

В-он Худо бар ҳама Туро дидам.

Умри гаронмоя аз аввал то ба охир ба қаноат ва тақво ва узлат ва инзивоъ гузаронидааст. Ҳаргиз чун соири шуаро аз ғалабаи ҳирсу ҳаво мулозимати арбоби дунё накарда, балки салотини рӯзгор ба вай табаррук меҷустанд. Чунон ки мегӯяд:

Чун ба аҳди ҷавонӣ аз бари Ту,

Ба дари кас нарафтам аз дари Ту.

Ҳамаро бар дарам фиристодӣ,

Ман намехостам, Ту медодӣ.

Чунки бар даргоҳи Ту гаштам пир,

З-он чи тарсиданист, дастам гир!

Ҳакими бузург дар аввали ҳар достонаш баъди ситоиши Худову Расул (с) боберо ба омурзишу авфи гуноҳон мебахшад, ки басо хонданиву шуниданист. Лаҳни сухан равону сода ва ба завқи ҳар хонанда муносибу мувофиқ. Дар он калимоте нестанд, ки душворфаҳму душворшунав бошанд. Мутолиаи он рӯҳи инсонро сабук мекунад, қалбашро нарм мегардонад, умедашро ба бахшиши гуноҳон аз ҷониби Худои пок меафзояд. Инак, он порчаи интихобӣ:

ДАР БАХШИШ ВА АВФИ ЯЗДОН

 

Эй ба азал будаву нобуда мо,

В-эй ба абад мондаву фарсуда мо.

Давр ҷанибаткаши фармони Туст,

Суфти фалак ғошиягардони Туст.

Ҳалқазани хонабадӯши Туем,

Чун дари ту ҳалқа ба гӯши Туем.

Доғи ту дорему саги доғдор,

Менапазиранд шаҳон дар шикор.

Ҳам Ту пазирӣ, ки зи боғи Туем,

Қумрии тавқу саги доғи Туем.

Бетамаем аз ҳама созандае,

Ҷуз ту надорем навозандае.

Аз паи туст ин ҳама уммеду бим,

Ҳам ту бибахшою бибахш, эй Карим.

Чораи мо соз, ки бедоварем,

Гур ту биронӣ, ба кӣ рӯ оварем?

Ин чӣ забону чӣ забонронӣ аст,

Гуфтаву ногуфта пушаймонӣ аст.

Дил зи куҷо в-ин пару бол аз куҷо?

Ман киву таъзими ҷалол аз куҷо?

Ҷон ба чӣ дил роҳ дар ин баҳр кард,

Дил ба чӣ густохӣ аз ин чашма х(в)ард.

Дар сифати гунг фурӯ мондаем,

Ман арафаллоҳ фурӯ хондаем.

Чун хиҷилем аз сухани хоми хеш,

Ҳам Ту биёмурз ба инъоми хеш.

Пеши Ту гар бе сару по омадем,

Ҳам бо уммеди ту Худо омадем.

Ёр шав, эй муниси ғамхорагон

Чора кун, эй чораи бечорагон.

Қофила шуд вопасии мо бубин,

Эй Каси мо, бекасии мо бубин.

Бар кӣ паноҳем, Туӣ беназир,

Дар кӣ гурезем Туӣ дастгир.

Ҷуз дари ту қибла нахоҳем сохт,

 Гар нанавозӣ Ту кӣ хоҳад навохт?

Даст чунин пеш кӣ дорад, ки мо,

Зорӣ аз ин беш кӣ дорад, ки мо.

Даргузар аз ҷурм, ки хоҳандаем,

Чораи мо кун, ки паноҳандаем.

Эй шарафи номи Низомӣ ба Ту,

Хоҷагии ӯст ғуломӣ ба Ту.

Нузли таҳийят ба забонаш расон,

Маърифати хеш ба ҷонаш расон.

Илоҳо! Ширинтарин атоҳо дар дили ман раҷои Туст

 Ва ҳоло чанд ҳарфе аз муноҷоти Яҳёи Маъоз (р), пири тариқат ва ошиқи зоти худовандӣ, ё ба таъбири Аттори Нишобурӣ (р) "чашмаи разваи ризо ва нотиқи ҳақоиқ" бихонем. Зикри ӯ дар кутуби мӯътабар зиёд омада ва Шайх Аттор, ки худ тазкиранависи авлиёст, ҳикоёти ҷолибе аз рӯзгори ӯ дорад.

 Аммо дар ин маврид чанд муноҷоти ин азизро зарур ба зикр донистем, чун моҳи Рамазон моҳи ниёиш ба даргохи Парвардигор аст. Бо овардани ниёишҳои ӯ аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Шайх Аттор хостем ба равандагони роҳи Ҳақ, ба касоне, ки шабҳои рамазониро мехоҳанд ба ниёишу зикри Офаридгори бузург бахшанд, аз гузаштагон дастуроте ироа кунем, то донанад, ки шайхону суфиён чӣ гуна ба Парвардигори худ рӯи ниёз меоварданд.

Ва мегӯяд Яҳёи Муъоз (р):

Худовандо! Ҳарчӣ аз дунё маро хоҳӣ дод ба кофирон деҳ ва ҳар чӣ аз уқбо маро хоҳӣ дод ба мӯъминон деҳ, ки маро басанда аст дар дунё ёдкарди Ту ва дар уқбо дидори Ту.

Илоҳо! Чӣ гуна имтиноъ намоям ба сабаби гуноҳ аз дуъо, ки намебинам Туро, ки имтиноъ намоӣ ба сабаби гуноҳи ман аз ато, агарчӣ гуноҳ мекунам, Ту ҳамчунон ато медиҳӣ. Пас ман низ агарчӣ гуноҳ мекунам, аз дуъо боз натвонам истод.

Илоҳо! Агар ман натавонам, ки аз гуноҳ бозистам Ту метавонӣ, ки гуноҳам биёмурзӣ.

Илоҳо! Ҳар гуноҳ, ки аз ман дар вуҷуд меояд, ду рӯй дорад: яке рӯй ба лутфи Ту дорад ва яке ба заъфи ман. Ё бад-он рӯй гуноҳам авф кун, ки ба лутфи Ту дорад, ё бад-он рӯй биёмурз, ки ба заъфи ман дорад.

Илоҳо! Ба бадкирдорӣ, ки марост, аз Ту метарсам ва ба фазле, ки Турост ба Ту умед дорам. Пас аз ман бозмадор фазле, ки Турост ба сабаби бадкирдорӣ, ки марост.

Илоҳо! Бар ман бахшой, зеро, ки ман аз они Туам.

Илоҳо! Чӣ гуна тарсам аз Ту ва Ту каримӣ ва чӣ гуна натарсам аз Ту ва Ту азизӣ!

Илоҳо! Чӣ гуна хонам Туро ва ман бандаи осӣ ва чӣ гуна нахонам Туро ва Ту Худованди каримӣ.

Илоҳо! Тарсам аз Ту, зеро бандаам ва умед медорам ба Ту, зеро ки Ту Худовандӣ.

Илоҳо! Ту дӯст медорӣ, ки ман Туро дӯст дорам бо он ки бениёзӣ аз ман. Пас ман чӣ гуна дӯст надорам, ки Ту маро дӯст дорӣ бо ин ҳама эҳтиёҷ, ки ба Ту дорам.

Илоҳо! Ман ғарибам ва зикри Ту ғарибу ман бо зикри Ту улфат гирифтаам, зеро ки ғариб бо ғариб улфат гирад.

Илоҳо! Ширинтарин атоҳо дар дили ман раҷои Туст ва хуштарин суханон бар забони ман санои Туст ва дӯсттарин вақтҳо вақти лиқои Туст.

Илоҳо! Маро амали биҳишт нест ва тоқати дӯзах надорам. Акнун кор бо фазли Ту уфтод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi