Оғози Рамазон, идҳои Фитр ва Қурбон аз рӯйи илми ҳайат ва нуҷум
Таҳиякунанда Қиёмиддин Сатторӣ
Қариб ҳар сол дар мавриди оғозу анҷоми моҳи шарифи Рамазон миёни уламо баҳсҳое шурӯъ мешаванд. Ҳамин баҳсҳо сабаб мегарданд, ки дар кишваре рӯзе пеш ва дар мамлакате рӯзе баъд рӯза гиранд. Вале дар ниҳоят касоне пеш гирифтаанд ва касоне баъд, бо ҳам дар як рӯз ид мекунанд. Ҳатто ҳолате ҳам шуда, ки иди Рамазон ҳам дар кишварҳо рӯзҳои мухталиф барпо шудааст. Вале дар миён ихтилоф ҳамин як рӯз пешу як рӯз пас аст, на бешу на кам.
Имсол ҳам мо шоҳиди ҳамин саҳна шудем. Дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл ва дар Арабистон ва кишварҳои дигар рӯзи 10-уми июл рӯза гирифтанд. Мушкил дар ихтилофот чӣ аст ва чаро иттифоқи назар дар шурӯъ ва анҷоми ин моҳи муборак вуҷуд надорад? Ба ин ва саволҳои дигар аз сӯҳбате посух мегиред, ки бо Юсуф Қарзовӣ, яке аз бузургтарин фақеҳони муосири аҳли суннат анҷом шудааст. Юсуф Қарзовӣ як шахсияти истисноист ва фатвои ӯ барои ҳамаи пайравони аҳли суннат писандида ва қобили қабул аст.
Савол: - Шакке нест, ки Шумо ҳам дар ҳар сол як бор ё ду бор ҳангоми фарорасии моҳи Рамазон, ки Худованди мутаол рӯзаи онро бар мо воҷиб гардонида ва ҳангоми даромадани моҳи шаввол, ки мувофиқ ба иди Фитр аст, ибрози таассуф менамоед. Дар ин ду санаи бузург интизор меравад, ки тамоми мусулмонони ҷаҳон бо ҳам тавофуқ ва иҷтимоъ дошта бошанд ва дар рӯза гирифтан ва ифтор кардан бо ҳам ваҳдат дошта бошанд, яъне ҳама бо ҳам рӯза бигиранд ва ҳама бо ҳам идҳои сайидро таҷлил намоянд.
Вале мебинем, ки мусалмонон дар мавриди муайян кардани моҳи Рамазон ва анҷоми он на танҳо миёни як кишвар бо кишвари дигар, балки аз шаҳре ба шаҳри дигар ихтилофи фаровоне вуҷуд дорад, то ҷое, ки тафовути ду кишвари исломӣ дар рӯза гирифтан ва таҷлили ид ба се рӯз мерасад. Оё ихтилофи мусалмонон то ин ҳад пазируфтанист? Чаро мусалмонони имрӯзӣ аз илми нуҷум ва ҳайат (ситорашиносӣ, астрономия), ки дар ин асри мо аз ҷойгоҳи бисёр баланде бархӯрдор аст, баҳрабардорӣ намекунанд. Ҳангоме ки мебинем ба василаи ин илм инсон ба тасхири фазо ва рафтан ба курраи моҳ ноил гаштааст. Оё равост, ки бигӯем инсон бо вуҷуди ҳама далелу бурҳоне, ки дар ихтиёр дорад, донистани оё ҳилоли моҳ дида шудааст ё не, оҷиз ва нотавон бошад?
Баъзе аз секуляристҳо ин гуна ихтилофро далел ва нотавонии Ислом дар посух гуфтан бо хостаҳои замона медонанд ва касоне аз онҳо ва вобастагони ин равия, ки аз инсофи бештаре бархӯрдоранд, ин ихтилоф ва ақибмондагии уммати исломиро дастоварди намояндагони Ислом, ки ҳамон уламои динӣ, ҳавза ва донишгоҳҳои вобаста ба дин ва маъорифи исломианд, медонанд.
Оё дар ҳақиқат дари иҷтиҳод дар ин мавзӯъ ба куллӣ бастааст ва ҳадиси шариф, ки мефармояд: «Бо дидани ҳилол рӯза гиред ва бо дидани ҳилол ифтор намоед», оё метавон гуфт, ки дар ин ҳадис рӯза ва Фитрро ба дидани ҳилоли моҳ марбут намуда, на ба ҳисоби фалакӣ ва ё ин ки ин мавзӯъ қобили иҷтиҳоди муҷтаҳидони исломист? Хоҳишмандем, ки дар ин мавзӯъ бо илми шоёне, ки Худованди мутаол дар синаи шумо қарор дода, аз назароти гуногуни фиқҳӣ огоҳ созед.
Ҷавоб: - Шариати поки Ислом ҳангоме, ки рӯзаро дар як моҳи қамарӣ воҷиб гардонида, барои исботи ҳилоли он моҳ як воситаи табиъӣ, осон ва дар тавони ҳама уммат қарор додаст, воситае, ки ҳеҷ гуна пӯшидагӣ ва печидагӣ дар он набошад. Барои мардуми асру замоне, ки на савод доштанд ва на аз илми ҳисоб ва ҳисобкунии илми ситорашиносӣ баҳраманд буданд, дидани ҳилоли моҳи Рамазон ва дидани он ба василаи чашми сар сурат мегирифт.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайёмбари Худо (с) фармуд: «Бо дидани ҳилоли Рамазон рӯза гиред ва бо дидани ҳилоли моҳи шаввол рӯзаи худро кушоед, пас агар бар шумо пӯшида шуд (ва тавони дидани онро надоштед, яъне агар осмон абрнок буд), сӣ рӯзи моҳи шаъбонро комил созед ва пас аз он рӯза бигиред».
Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Расули акрам (с) ба баҳс дар бораи Рамазон пардохт ва фармуд: «То ҳилоли моҳи Рамазонро набинед, рӯза нагиред ва то ҳилоли моҳи баъдиро набинед, рӯзаатонро нахӯред ва агар ба воситаи абр ё ҳар чизи дигар моҳ аз назари шумо пӯшида шавад, ба воситаи ҳисоб ва тахмин амал кунед ва рӯза бигиред (Ба ривояти Имом Бухорӣ).
Он ҷо ки Худованди мутаол мусулмононро ба амалҳои ҳисоб ва ҳисобкунии риёзӣ, ки шинохте дар ин бора надоштанд, вазифадор нанамудааст, ки ин худ раҳмате барои мусалмонон ба шумор меравад. Барои исботи ҳилоли моҳи Рамазон се роҳ вуҷуд дорад. Ҳадисҳои саҳеҳ ба исбот расондаанд, ки ҳилоли моҳи Рамазон ба яке аз ин се роҳ собит мешавад:
1.Дидани ҳилоли моҳи Рамазон бо чашми сар.
2.Пурра гардонидани сӣ рӯзи моҳи шаъбон.
З.Тахмин ва арзёбии ҳилоли моҳи Рамазон.
Дидани моҳи нав: Фақеҳон мавриди он ихтилоф доранд, ба ин сурат ки оё манзур аз он дидани як марди одил аст ё ду нафар марди одил ё гурӯҳе аз мардумон. Касоне, ки гуфтаанд, ки гувоҳии як нафар марди одил пазируфтанӣ аст, ба ҳадиси Ибни Умар (р) истидлол намудаанд, ки мегӯяд: «Мардум барои дидани ҳилоли моҳи Рамазон нигоҳ мекарданд ва ман ба Паёмбари Ислом (с) хабар додам, ки ман ҳилоли моҳро дидаам. Ҳазрати Муҳаммад (с) бо шунидани ин хабар рӯза гирифт ва ба мардум ҳам дастур дод, ки рӯза бигиранд» (Ривоят аз Абудовуд).
Ин гурӯҳ ҳамчунин ба ҳадиси он аъробӣ истилол намудаанд, ки дар ҳузури Паёмбари Худо (с) гувоҳӣ дод, ки ҳилоли моҳро дидааст. Расули акрам (с) бо шунидани ин гувоҳӣ ба Билол (р) дастур дод, ки ба мардум эълон намояд, ки барои саҳархӯрӣ хезанд ва рӯза бигиранд (Ба ривояти Абудовуд).
Дар санади ин ҳадис ихтилоф аст, баъзе гуфтаанд, ки исботи ҳилоли моҳи Рамазон бо гувоҳии як нафар марди одил барои дохил шудан дар ибодат ба эҳтиёт наздиктар аст ва гуноҳи рӯза гирифтани як рӯзи моҳи шаъбон аз хӯрдани як рӯзи моҳи Рамазон сабуктар аст. Касоне, ки барои дидани ҳилоли моҳи Рамазон гувоҳӣ ва шоҳиди одилро шарт донистаанд, ба ривояти Ҳусайн ибни Ҳариси Ҷадалӣ истидлол кардаанд, ки мегӯяд:
«Амири Макка – Ҳорис ибни Ҳотиб барои мо хутбае эрод намуд ва гуфт:- «Паёмбари Худо (с) ба мо дастур дод, ки дар сурати мушоҳидаи ҳилоли моҳи Рамазон рӯза бигирем ва агар худ тавони дидани онро надоштем ва ду нафар шоҳиди одил ба дидани ҳилол ё моҳи нав гувоҳӣ диҳанд, бояд ба василаи шаҳодати он ду шоҳид рӯза бигирем».
Ва ин ҳукми қиёс бар гувоҳии дигар қазияҳо мебошад, ки ба гувоҳии ду нафар шахси одил қазияи мавриди гувоҳӣ собит мешавад. Касони дигар, аз ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафӣ барои исботи ҳилоли моҳи Рамазон шарт гузоштаанд, ки гурӯҳи зиёд ва ё ҷамъомади бисёре онро бубинанд, албатта, ин кор дар сурати набудани абр ва монеъаҳои дигар аст, вале дар вақти абрнок будани осмон ба гувоҳии як нафар иктифо намудаанд ва гуфтанд, ки чӣ басо барои як лаҳза абри осмон канор биравад ва фақат як нафар онро бубинад ва дигарон маҷоли дидани онро надошта бошанд, вале ҳар гоҳ осмон софу беабр ва беғубор шуд, дигар монеъҳое ҳам барои дидани он вуҷуд надошта бошад.
(давом дорад)
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3046
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?