Истиқбол аз моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр дар Афғонистон
Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ
Мегӯянд, ки як шаб Сироҷ-ул-миллат баъд аз намози шом яке аз меҳмонони "Ифтори шоҳӣ" Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангарро ба ҳузур пазируфта пурсидааст:
-Нони ифтор чӣ тавр аст? Оё шумо аз он нон розӣ ҳастед?
Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангар гуфтааст:
-Бале, қурбон, розӣ ҳастам.
-Оё чизе камбуд нест?-боз пурсидааст подшоҳ.
-Қурбон, яке чиз камбуд аст,-гуфта аст ҳоҷӣ Абдулазизи Лангар.
Подшоҳ каме мутағайир шуда гуфтааст:
-Чӣ камбуд аст?
-Қурбон, - гуфтааст ҳоҷӣ Адулазизи Лангар,- ҳама чиз мавҷуд аст, сирф чизе, ки камбуд аст, шукр аст. Мо ин нонро дар умри худ надидаем, аммо шумо дуо кунед, ки мо тавфик биёбем ва шукри ин ҳимматро адо карда бошем.
Ҷабини подшоҳ кушода шудааст ва Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангарро ба оғӯш гирифта бӯсида аст. Ба ин тартиб, "Ифтори шоҳӣ", ки бо масорифи дарбор баргузор мегардид, аз аввал то охири моҳи Рамазон давом мекард.
Баъд аз хатми намози таровеҳ Сироҷ-ул-миллат ба арки шоҳӣ мерафт ва меҳмонон низ пароканда шуда, рохи хонаҳои худро пеш мегирифтанд. Иддае аз одамон баъд аз ифтор ва адои намози таровеҳ дар яке аз хонаҳои дӯстон гирди ҳам ҷамъ омада, ба қиссагӯию китобхонӣ машғул мешудаанд, ки он то мавқеи саҳарихӯрӣ идома меёфт.
Дар ин гуна шабҳо ҷавонон ба чойхонаҳо рафта ба ғайр аз китобхонӣ созу овозро низ ба роҳ меандохтанд. Китобҳое, ки дар ин гуна маҷлису ҷамъомадҳо хонда мешуданд, иборат буданд аз "Нодир-ул-меъроҷ", "Қассас-ул-анбиё", "Амирҳамза", "Калила ва димна" ва ғайра. Қисмате аз одамон дар шабҳои Рамазон ба хонақоҳҳо мерафтанд ва ба зикри "Аллоҳу" мепардохтанд.
Ҷавонони наврас ва атфоли қаду нимқад масруфиятҳои дигаре доштанд, ки баъзе аз онҳо имрӯз ҳам ба мушоҳида мерасанд. Яке аз ин гуна масруфиятҳо "Рамазонӣ рафтан" аст, ки дар хусуси он дар ҷои дигар таваққуф хоҳем кард.
ИДИ ФИТР. Сар аз 26-27 моҳи Рамазон мардум ба истиқболи иди фитр омадагӣ мегирифтанд: хона метакконданд, гирду атрофии ҳавлиашонро поккорӣ мекарданд, коло мешӯянд, барои аъзои хонаводаашон сару либоси нав медӯхтанд ё мехаридаанд, ҷиҳати пухтани таомҳои идона маводу масолеҳ таҳия менамуданд, ба дӯстони дуру наздики худ табрикномаҳо ирсол медоштанд, барои наздикону ақрибонашон тӯҳфаҳо тайёр мекарданд ва…
Тибқи анъаноти мардум рӯзи бисту нуҳӯми моҳи Рамазон, яъне як рӯз қабл аз ид ба номи "Рӯзи арафа" ёд мешуд. Шоми он рӯз одатан дар ҳар хонавода ба ному хотири ҳар як аз фавтидагонашон фатилаҳо (нӯгча) сохта онҳоро дар ҷойҳои муайян равшан менамуданд. Назар ба пиндошти мардум аз иҷрои ин амал арвоҳи мурдагон гӯё хушнуд мегардида аст.
Ҳамзамон бо сӯхтани фатила оётеро аз Қуръони Маҷид тиловат намуда, зимни атҳофи дуоҳо онро нисори рӯҳи мурдагон месохтанд. Баъди он, ки фатила комилан сӯхта хомӯш мегардид, таомеро, ки ба муносибати ёдбуди мурдагон таҳия шуда буд, ҳар хонавода ба ҳамсоягон ва хешовандонашон мефиристоданд. Ҳамсоягон ва хешовандон низ дар фиристодани таоми назри мурдаҳо ин амалро маръӣ медонистанд.
Дар шаби "Рӯзи арафа" дар ҳама оилаҳо то ҳудуди нимаи шаб ба хотири тартибот ва таҳияи таоми ид ва танзими либосҳои идона занони ҳар хонавода масруфияти зиёде доштанд. Бахусус барои тадоруки таоми муравваҷи рӯзҳои ид, ки бо номи "ҳалвои сурх" машҳур буд, кӯшиши зиёде ба харч медоданд. Баъди сӣ рӯзи рӯза иди Рамазон фаро мерасид. Мардуми мусулмон ин идро ба унвони ҷашни мазҳабии худ арҷ мегузоштанд ва гиромӣ медоштанд, аз омадани он сад шукр мекарданд ва аз рафтани моҳи Рамазон афсӯс мехӯрданд, он гуна ки шоире гуфтааст:
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Дар рӯзи ид ҳамагон-зану мард ва пиру ҷавон либосҳои шуставу нав мепӯшиданд. Субҳи он рӯз мардҳо барои хондани намози ид ба масчид мерафтанд. Баъд аз адои Хутба ва намози ид бо ҳам бағалкашию рӯбӯсӣ намуда, рӯзи идро ба ҳамдигар табрик мегуфтанд ва ин ибораҳоро ба забон меоварданд:
"Идатон муборак!", "Бародар, айёми шариф муборак!", "Рӯзаю намозҳо қабул!" "Ҳоҷиёну ғозиён" ва монанди инҳо. Дар ин муониқот шарт набуд, ки кас касеро бишносад: мешинохт ё намешинохт, аз аҳли гузару кӯчааш буд ё набуд, ба номи бародари мусулмон бо ҳам идӣ мекарданд. Ақидаи динӣ ва маданияти миллии мардуми Афғонистон амр мекард, ки мусалмонон дар ҳар ҷое бошанд, ба ҳам дӯсту бародаранд.
Сипас ҳар кас садақаи фитрашро, ки қаблан омода карда буд, ба ашхоси мустаҳақ таъориф менамуд. Касоне, ки ашё ва амволашонро гум карда буданд, дар ин иҷтимоъ аз он ёдовар мешуданд ва он идда ашхосе, ки дар мавриди ашё ва амволи гумшуда маълумоте доштанд, онҳоро ҳозир оварда, ба соҳибонашон бармегардониданд. Ҳамчунин касоне, ки ба ҳам кудурат ва кина дошта буданд, дар ин мавқеъ аз тарафи аҳли маҷлис оштӣ дода мешуданд.
Ин бағалкашиҳою рӯбӯсиҳо чанд муддат идома меёфт. Баъд аз он, ки мардум аз масҷид берун мешуданд ба диду боздиди дӯстон ва вобастагонашон мерафтанд ва аввалтар аз ҳама ришсафедону барҷомондагонро аҳвол мегирифтанд, бо як пиёла чою чанд дона нуқл даҳон ширин карда ба хонаҳои азодорон барои фотиҳа мерафтанд. Ин гуна дарбадаргардиҳо, ки дар ҳар хона дастархони идона кушода буд, то аср давом мекард.
Аммо дар деҳот расм буд, ки ҳар кас баъд аз аср, яъне дар соатҳои чаҳор, панҷ ва шаш ҳам, ки ба меҳмонӣ ва диду боздид меомад, соҳибони хона бо офтоба дасти ӯро мешӯёнданд ва барояш таом меоварданд. Онҳо ақида доштанд, ки меҳмоннавозии хушку холӣ маънӣ надорад, меҳмоннавозӣ ин аст, ки меҳмон луқмаи ноне бояд дар хонаи мизбон хӯрда бошад. Дар рӯзи ид мардум аз шаҳр ба деҳаҳо мерафтанд ва аз деҳу қарияҳо барои ид кардан ба шаҳр меомаданд. Атфол ва ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳои хешону дӯстон ташриф меоварданд.
Дар се рӯзи ид дар ҳамаи хонаводаҳо дастархон густурда дар рӯи он анвои мухталифи мева гузошта мешуд. Дар баъзе маҳалҳо дар рӯзи аввали ид баъд аз адои намози ид аз ҳар хона ба масҷид таоми пухташуда меоварданд. Таомҳои овардашударо як нафар шахси рӯҳонӣ ва чанд тан аз ришсафедони маҷлис ба унвони табарруки рӯзи ид тавзеъ менамуданд.
Як қисми он барои бенавоён, роҳгузарон ва мусофироне, ки фурсати таваққуф надоштанд, дода мешуд. Бахши дигари он саҳми чӯпону даҳмардаҳои гӯсфандону бузу бузғолаҳои аҳли қария буд. Қисми сеюмро рӯҳониён ва мӯйсафедони мазкур бо ҳозирин дар ҳамин маҷлис сарф месохтанд. Баъди сарфи таом як нафар аз уламо ҷиҳати хайру барака, саломатию хушии мардум ва саодати ватан дуо мекард ва аҳли маҷлисро барои хориҷ шудан аз масҷид иҷозат медод.
Пас аз адои маросим ва хатми сарфи таом навҷавонон ва атфоли қаду нимқад даста- даста дар гирду атрофи шаҳр ва қария ва ҷойҳои ҳамвору васеъ ҷамъ омада, аз хушиҳое, ки ид барояшон армуғон овардааст, истиқболи шоён ба амал меоварданд ва дар бозиҳои муҳитӣ, аз қабили тухмҷангӣ ва саоттериҳои дигар машғул мешуданд.
Духтарони ҷавон ва наврас дар як маҳали муайян иҷтимоъ намуда, аз ресмон гоз месохтанд ва ҳар кадом бо навбат ба гоз савор шуда, онро ба пеш ва ақиб ҳаракат медоданд. Ҳамҷунон онҳо таври дугонагӣ дар паҳлӯи гоз қарор гирифта, бо навохтани доира, бо овоз ва лаҳҷаи ҳарчи гиротар таронаю дубайтиҳои маҳаллиро замзама менамуданд, аз қабили дубайтиҳои зайл, ки мазмуни ошиқона доштанд:
Эй зоғи сиёҳ, ки дар ҳаво мегардӣ,
Гирди сари ёри бевафо мегардӣ.
Гирди сари ёре, ки надорад шафқат,
Беҳуда дар ин шаҳр чаро мегардӣ?
***
Сари роҳут нишинум, мор дорӣ,
Бидеҳ дастмоли дастут, ёр ворӣ.
Бидеҳ дастмоли дастут, ёри ширин,
Ба гардан ҷел кунум тумор ворӣ.
***
Ма хоб дидам, ки рӯят шабнам омад.
Ба хоб дидам, ки ёри ҳамдам омад.
Зи хоб ҷастам. ки ёри худ надидам,
Чӣ тур ғам буд, ки болои ғам омад?
***
Дар фасли баҳор гул ба дастам додӣ,
Дар ҳини ҷавониҳо шикастам додӣ.
Ман даст ба домани ту додам ба умед,
Ту домани навмедӣ ба дастам додӣ.
Ба ҳамин шакл рӯзи аввали ид ба поён мерасид. Дар рӯзҳои баъдӣ он идда хонаводаҳое, ки баҳам қаробати хешӣ доштанд ба шакли ҷудогона, таври оилавӣ ба манзили ҳамдигар даъват мешуданд ва табрикоти идро ба ҷо меоварданд.
Дар байни он хешовандоне, ки хонаҳояшон аз ҳам дур буд, ин гуна рафту омадҳо ва диду боздидҳо аз се рӯз то як ҳафта давом мекард.
Хулоса, моҳи мубораки Рамазон моҳи таҳорату покӣ, тақвову росткорӣ ва некандешӣ аст. Моҳест, ки мусулмонон талош доранд ва мехоҳанд кирдор, гуфтор ва пиндорашон бо сидқу ростӣ ҳамроҳ бошанд, то тавонанд ба ин васила саодати дуҷаҳонӣ - индунёию он дунёиро насиб гарданд.
-
08.05.2025 15:28
182
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
127
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
160
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
213
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
337
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
193
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
18.05.2025 13:37
94
Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Aлабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон
-
14.05.2025 23:45
134
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
-
14.05.2025 23:38
89
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
14.10.2024 18:41
732
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1431
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3121
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
290
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
412
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
709
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
289
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
526
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
645
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
231
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
246
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
256
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
467
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
755
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1554
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
368
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
356
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1548
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1873
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2067
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2760
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
276
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
246
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
701
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2767
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3208
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3194
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
410
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
471
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
411
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?