Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд
Оё баъзе воизону домуллоҳо воқеъан ҳам барои мавъизаҳои худ пул талаб мекунанд? Як рӯйдоди ҷузъӣ Абдулҳамид, сокини ноҳияи Ҳамадониро, ҳайратзаву саргум кард. Ӯ мегӯяд, ки ду ҳафта пеш ҳамроҳи бародараш ба як ноҳияи атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа рафтанд, то домуллоеро барои мавъиза дар сӯри арӯсии духтараш даъват кунанд.
Ӯ мегӯяд, домулло дар манзилаш набуд ва аммо муридаш гӯшрас кард, ки мавъиза ...500 доллар қимат дорад. Абдулҳамид мегӯяд, онҳо аз ин ҳарфҳо чанд лаҳза дар ҷо шах шуда монданд ва “хайр, баъд меоем”, гуфта он манзилро тарк намуданд. “Бародарам гуфт, ки биё, паноҳашон ба Худо, беҳтараш дар сесад-чорсад доллар ягон ҳофизро ба тӯй барем”. Мусоҳиби мо меафзояд, ки як-ду соли ахир бархе аз хонаводаҳо бо машварати рӯҳониҳои маҳаллӣ аз даъвати овозхонҳо ба тӯй парҳез мекунанд ва ба ҷойи таронаву рақсу бозӣ муллое нишаста “амри маъруф” мекунад. Ба гуфтаи Абдулҳамид, ӯ гумон мекард, ки ин ваъзгӯиҳо ройгон ва ба хотири ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон сурат мегиранд.
МАВЪИЗА ҲАМ ПОДОШ ДОРАД!
Одина, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар бораи пул талаб кардани рӯҳониёни маъруф барои мавъиза чизе нашунидааст ва аслан ба ин гуна тамаъкорӣ ниёзе ҳам нест, зеро борҳо шоҳид буд, ки агар домуллоеро барои мавъиза дар тӯй ё чорабинии дигар даъват кунанд, аз ҳадя ва пул бенасиб намемонад. “Соҳибхона баъд аз мавъиза ба ҷайби домулло ҳатман пул метиқонад... Як шиносам чанд моҳ пеш домуллоеро барои мавъиза даъват кард ва пеш аз рафтанаш бародари соҳибхона ба домулло дусад доллар дод”. Ӯ ҳазломез меафзояд, “чӣ гуна ҳофизро ба тӯй даъват мекуниву ба ӯ пул намедиҳӣ... Домуллоҳо ҳам ба гунае ҳофизанд”.
Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар шарқи кишвар, солҳои ахир мавъизаҳо ҷойи рақсу бозиву таронахонӣ дар тӯйҳоро гирифтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, дар мавзеъҳои “дунявитар” ба маҳфили тӯйи арӯс фақат бонуҳои овозхонро даъват мекунанд ва онҳо ҳам бояд пушти парда нишаста таронахонӣ кунанд.
Муҳаммадшариф Набизода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мутмаин аст, ки барои мавъиза маблағ талаб кардани рӯҳониён воқеъият надорад. “Шояд ба домуллое, ки, бигирем, аз як шаҳри дигар барои мавъиза омадааст, барои хароҷоти нақлиёт маблағе диҳанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин подоши мавъизаи ӯст”, мегӯяд ӯ. Аз нигоҳи ҷаноби Набизода, баръакс, бояд домуллоҳо ба афроде, ки ба онҳо барои иҷрои ин фаризаи илоҳӣ мусоидат мекунанд, яъне мардумро барои шунидани мавъиза ҷамъ меоранд, маблағе пардохт кунанд.
Аммо мусоҳиби мо мегӯяд, ки ӯро дигар мавзӯъ нигарон кардааст – сиёсӣ шудани мавъизаҳои баъзе домуллоҳо. Ба гуфтаи ӯ, ахиран онҳо дар мавъизаҳо дар масоҷид бо пуштибонӣ аз ҳизби ҳоким паёми ахири раисиҷумҳурро тарғиб ва телевизиони К+ ва хабарнигор Додоҷони Атовуллоро маҳкум мекунанд, “ҳол он ки бар пояи қонунҳои Тоҷикистон аз минбарҳои масоҷид истифода кардани ҳизбҳои сиёсӣ манъ шудааст”. Муҳаммадшариф Набизода меафзояд, “аз ҳама домуллоҳои аъзои ҲНИТ талаб шудааст, ки ё ҳизбро тарк кунанд ё минбари масҷидро, вале мо мебинем, ки аз ин минбар ҳизби ҳоким зиёд истифода мекунад”.
“АМРИ МАЪРУФ АМРИ ХАЙР АСТ”
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, ки “амри бамаъруф” ва “наҳӣ аз мункар” бо ояти қуръонӣ собит шудааст. Дар Қуръони Карим Худованд гуфтааст, ки “Бояд аз Шумо як қавме, уммате бошад, ки мардумро даъват ба хайр кунанд, яъне ба ислом даъват намоянд ва амри билмаъруф ва наҳӣ аз мункар кунанд". Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад меафзояд, ки “маъруф - корҳои урфӣ, корҳои шинохташуда чӣ дар шариат ва чӣ дар қонуни зиндагии башарият аст. Ҳамаи инро “амри билмаъруф” мегӯянд ва бо оят, ба суннат ва ба иҷмоъ собитшудаанд. Яъне, як касро нафаре бигӯяд, ки “намоз хон!”, ин амри бамаъруф аст, агар касеро бигӯяд, ки “арақ нахӯр!” ин наҳӣ аз мункар аст. “Мункарот” – чизҳои мамнӯъшудаанд ва “наҳӣ кардан аз онҳо” – боздоштан мебошад”.
Ба гуфтаи рӯҳонии маъруф, ҳар як рӯҳонӣ ва мусалмон метавонад амри маъруф кунад. Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва оллиҳи вассаллам ба Ҳазрати Алӣ гуфт, ки “Эй Алӣ, агар тавонӣ, ки як касро дар роҳи рост ҳидоят кунӣ, бигирем, намозро медонӣ ва каси дигарро намозхон кунӣ, савобаш бароят аз садақа кардани шутурҳои сурхмӯй бештар аст”.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, ҳар кас ҷуръати мавъизаи расмӣ доданро надорад, зеро он дониши амиқу омодагии ҷиддиро тақозо мекунад. Фарде, ки рӯи минбар мебарояд ва мавъиза медиҳад, бояд оятҳои Қуръонро комил хонад, ҳадисҳоро хуб донад.
МАВЪИЗА НАБОЯД “СӮЗАНДА” БОШАД
Пажуҳишгарони масоили дин таъкид мекунанд, ки мавъизаҳо бояд ҳатман “созанда” бошанд, зеро мардум ба рӯҳониён эътиқод доранд ва дар аксар маврид ҳарфи дуруст ё нодурусти онҳоро ташхис карда наметавонанд. Масъулони бахши дин мегӯянд, онҳо дар ҳар ҷаласа бо рӯҳониён батакрор мегӯянд, ки суханҳои худро санҷида ва бо далелҳои дурусту қавӣ бо мардум бигӯянд.
Чанде қабл дар як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод пас аз мавъизаи рӯҳоние 50 дарсади сокинон ҳамсарони худро дубора никоҳи мусалмонӣ кардаанд. Як рӯҳонии маҳаллӣ гуфтааст, никоҳи онҳое, ки дар маҳзари ом, яъне “тӯи комсомолӣ” кардаанд, шаръӣ нест. Яке аз ин сокинон дар сӯҳбат бо хабарнигори мо дар минтақаи Кӯлоб рӯй додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва аммо гуфт, дар асл онҳо кори нодурусте анюом надодаанд, зеро пас аз шунидани ин мавъиза дар дилашон шубҳа пайдо шудааст ва дар ислом омадааст, ки ҳангоми шубҳа мусалмон ҳаққи дубора никоҳ карданро дорад.
...Солҳои ахир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон домуллоҳо ва воизоне бо “амри маъруф” ё мавъизаҳои худ маъруф шуданд. Дар минтақаи Кӯлоб мардум ба мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо дилбастагии зиёд доранд, аммо чанд сол аст, ки ваъз гуфтани ӯро маҳдуд шудааст. Ҳоло ҷавонони зиёде дар минтақаи Кӯлобу шаҳри Душанбе мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзоро дар телефонҳои ҳамроҳ сабт кардаанд. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳар намози ҷамоат, рӯзҳои ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе қабл аз намоз «амри маъруф» мекунад ва мардумро ба дӯстиву ваҳдату ҳамбастагӣ мехонад. Дар қиёс бо баъзе аз рӯҳониёни дигар, ӯ оромона ва бидуни садо баланд кардану шиор партофтан мавъиза баён медорад.
Дар чанд соли ахир рӯҳониёни хонаводаҳои Тураҷонзодаҳо ҳам аз маҳбубияти хоси мардум бархӯрдоранд ва сокинони дигар мавзеъҳо талош мекунанд, ки бо тай кардани роҳи тӯлоние намози ҷамоатро дар масҷиди Эшони Нуриддинҷон дар деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат бигзоранд ва мавъизаҳои ӯву бародараш Маҳмудҷонро бишаванд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳамчунин аз Алломаи Регарӣ ёдовар шуд ва гуфт, “ҳамчунин суханварҳо ҳастанд, ки нутқи фасеҳу балиғ доранд, аз ҷумла, шогирдони ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ ё Домулло Абдурашид, ки ҳанӯз замони бединии шӯравӣ якбора беш аз сӣ шогирди тавоно тарбият карда буд.
Дар назди ӯ домуллоҳои зиёде сабақ омӯхтанд, мисли Домулло Саидраҳмон, Махдуми Садриддин, ки ба раҳмати Худо рафтанд, мисли Махдуми Имомиддин, ки аз афроди маъруф миёни уламои дин маҳсуб мешавад”. Ӯ бо таассуф меафзояд, ҳамон касоне, ки ҳар рӯз даъвои озодиву мардумсолориву демократия мекунанд, дар роҳи фаъолиятҳои мазҳабии домуллоҳои маъруф монеъаҳо гузоштаанд.
ДИСКИ МАВЪИЗА? МУСОДИРА КУНЕД!
Аксари олимони илми фиқҳ имрӯз аз имкони сабту пахши мавъизаҳояшон низ маҳруманд. Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, аслан вазъгӯӣ ва пахшу нашр ва фурӯши дискнаворҳои мазҳабӣ манъ нашудааст, фақат Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мехоҳанд мавъизаҳоро таҳти назорат дошта бошанд ва аз рӯҳониён талаб мекунанд, ки қабл аз нашру фурӯши дискнаворҳоро барои ташхиси диншиносӣ пешниҳод кунанд.
Ӯ меафзояд, “бояд як мизони муайян дар мавриди мавъизаҳои имом-хатибҳои масҷидҳои сабтиномшуда бошад ва ин дар ҳама давлатҳои исломӣ як амри маъмулист. Дискнаворҳо низ бояд аз сӯи комиссиюни махсус аз санҷиш гузаранд, зеро аз ин пеш дискнаворҳои зиёде мусодира шуданд, ки аз сӯи гурӯҳҳои мамнӯъ, аз ҷумла, “Салафия” ва “Ҳизбуттаҳрир” таҳия шуда буданд ё мавъизаҳо боиси низоъ миёни рӯҳониёни маъруфи кишвар мешуданд”.
Вале рӯҳониён аз рейдҳо барои барчидани наворҳо бо мавъиза аз дӯконҳо нороҳатанд ва мегӯянд, беҳтар мебуд агар масъулин ба фурӯши филмҳои тарғибкунандаи шавҳат ва фисқу фуҷур монеъ мешуданд...
«Озодӣ»
-
01.06.2025 19:19
177
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
227
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
183
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
404
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
509
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
379
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
203
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
166
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
210
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
868
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1580
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3272
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
118
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
153
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
151
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
422
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
654
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
804
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
369
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
399
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
383
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
655
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
933
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1777
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
503
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
487
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1699
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2022
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2226
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2911
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
421
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
380
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
838
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2974
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3420
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3401
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
575
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
602
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
542
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?